февраля 2017

Аз ман умри дубора хоҳад монд...

Оре, ин мисраи устоди шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ӯ, ки мунтахаберо аз он мову шумо, хонандаи азиз, дар даст дорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густурдатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо эътимоди қавӣ «Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» мегӯяд? Кадом сабабҳою омилҳое ҳастанд, ки имрӯз баъди 11 соли фавташ, низ ӯ аз хонотарин ва маҳбубтарини

барчасп: 

Обид Шакурзода: Журналист, пажуҳишгар ва таҳлилгари варзида

Шахсе, ки дар рӯзноманигорӣ ва пажуҳиши осори ниёкон баробар муваффақ аст. Бахусус, нашри интиқодии “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ бо ин фасоҳату балоғат дар Тоҷикистон маҳз бо талошу заҳамоти ӯ рӯйи чоп омад.
Обид Шакурзода 3-юми феврали соли 1956 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчо, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи 10-и ноҳия таҳсил кардааст ва соли 1978 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон хатм кардааст.

барчасп: 

Фоли Ҳофиз

Инсоният аз замонҳои қадим орзуи донистани ҳаводиси ояндаро дошт ва бо ҳар роҳ кўшиш мекард, ки пешомади худро пешгўӣ намояд. Дар фарҳанги ҳамаи халқҳои ҷаҳон анвои гуногуни фолгирӣ мавҷуданд, ки мувофиқи ниёзу завқи ояндадонии мардум пайдо шудаанд. Аз он ҷумла дар фарҳанги мардуми тоҷик якчанд навъи фолгирӣ мушоҳида мешавад, ки функсияи асосии онҳо ин таъмини эҳтиёҷу завқи донистани ҳодисаҳои ҳанўз барпонашуда, мебошад. Анъанаи фолгириро, ки имрўзҳо  дар фарҳанги мардуми тоҷик маъмул аст, ба навъҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: 

барчасп: