Activities calendar

29 августа 2017

Арзи сипоси иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Сомонаи мо гузориши муфассалтаре аз нахустин рӯзҳои ин чорабинӣ интишор дода буд.

Дар поёни Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Суғд ширкаткунандагони он сипосномае ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,