Медали Аврупо ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ

Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ шудааст.
Дар ин бора Ато Мирхоҷа, Муовини Райиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз тариқи саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.
Ато Мирхоҷа навишт: “Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд  ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мегардад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад.
Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.
Гуфтанист, ки соли равон дар қатори Гулназар Келдӣ ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Серетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардонида шудаанд.