Фарҳанги касб, харҷ ва нигоҳдории мол дар осори Фахруддини Розӣ

Хидмати намояндагони илму адаб дар рушду нумў ва такомули фарҳанги
пурғановати халқи тоҷик ва мардуми ҷаҳон басо олию назаррас буда, ҳар нафаре кўшидааст то баҳри бою ғанӣ гаштани маънавиёт ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазои худро бигзорад, зеро тамаддуни башарӣ аз маҷмўи тамаддунҳои халқи ҷаҳон иборат аст. Аз ҷумлаи олимони мазкур донишманд ва мутафаккири машҳури асри XІІ Фахруддини Розӣ (1148-1209) мебошад, ки аз худ осори гаронбаҳою арзишмандеро ба мерос гузоштааст. Осори ӯ саросар илмию фарҳангӣ ва панду ахлоқӣ буда, ҳамчун чашмаи маънавӣ то ба имрўз мардуми илмҷўю фарҳандўстро сероб гардонидааст. Мо ин ҷо дар боби фарҳанги молдорӣ, чигунагии дахлу харҷ, нафъ ва зиёни он сухан хоҳем кард, ки ин мавзўъ дар эҷодиёти Фахруддини Розӣ мавқеи хосса дорад, бахусус дар яке аз асарҳои арзишманди ў, ки бо номи «Китоб-ул-ахлоқ» шинохта шудааст. Дар қисмати дувуми ин китоб Фахруддини Розӣ аз боби молдорӣ, чигунагии дахлу харҷ, нафъ ва зиёни он сухан кардааст. Ба ақидаи муаллиф ҷамъи мол ва харҷи он фарҳанги хоси худро дорад. Зеро мол метавонад сабаби некбахтӣ, пешравӣ ва обрўю иззати инсон бошад ва баръакс метавонад сабаби бадбахтӣ, ранҷу хорӣ ва бешарафии инсон гардад. Агар мол барои фарогирии илм ва таҳзиби ахлоқ сарфу харҷ гардад, ин амал бисёр хубу писандида мебошад ва агар сарфи он танҳо барои расидан ба хоҳишоту лаззоти ҳиссию нафсонӣ равона гардад, пас анҷоми ин амал басо зишту ногувор мегардад, чунки дар аввалӣ саодати абадист ва дар дувумӣ бадбахтии доимист.

Мол лафзи ом буда, тамоми асос ва ашёи рузгорро дар бар мегирад, аммо одатан дар урфият аз он пул ирода мегардад. Ба ақидаи Фахруддини Розӣ пул ин муаррифи миқдори ашё мебошад. Ў дар ин бора дар китоби дигари худ «Ҷоме-ул улум» чунин овардааст: «…ва чун ҷумла муҳиммоти як шахс бо вай танҳо ҳосил нашавад, балки ҷамъе мебояд, чунон ки миёни эшон муомила бувад бо ҳар касс чизе аз ин, ки дорад ба чизе, ки касе дорад бадал тавонад кардан ва он аз ду ҳол берун набувад ё чизе бувад дар миёни мардум, ки ў муаррифи миқдори чизҳо бувад ё чунин чиз набувад, агар бошад он чун зар (яъне пул) бувад… »

Назари Фахруддини Розӣ нисбат ба касби молу ашё яктарафа нест. Ў касби молу ашёро на куллан мазмум дониставу инкор кардааст ва на аз касби он қатъиян манъ намудааст. Баръакс, дар баъзе ҳолат касб, ҷамъ ва харҷи онро ҳатмию зарурӣ арзёбӣ кардааст, зеро инсон ба гунае офарида шудааст, ки дар ҳаёту фаъолияти худ эҳтиёҷ ба ашёи зиёд дорад. Фахруддини Розӣ ин назарро дар «Ҷомеъ-ул улум», дар баёни «Илми тадбири манзил» матраҳ кардааст: «Асли аввал дар усули чизҳое, ки тадбири манзил бадон муҳтоҷ бошад ва он чор чиз аст: мол, хидматгор, зан, фарзанд. Аммо ҳоҷат ба мол аз он сабаб аст, ки Ҳақ таъоло одамиро муҳтоҷи ғизо офаридааст ва ғазои ў табиӣ нест, чунончи аз они ҳайвоноти дигар, ки баъзе донҳо барчинанд ва баъзе гўшти хом бихўранд, балки ғизои одамӣ анвои махсус бояд аз наботот ё аз ҳайвон ва онгоҳ онро пухта кардан ва бо якдигар биёмехтан то онро салоҳияти он бошад, ки ғизои одамӣ гардад…»

Аз назари Фахруддини Розӣ эҳтиёҷоти инсон ба молу ашё ду гуна аст:  

1. Ҳоҷати ҷисмонӣ, монанди таому шароб, пӯшиши бадан, манзил, ки инсон ночор ба миқдори муайяни ин ашё ниёз дорад ва дар сурати маҳрум мондан аз ин ашё, эҳтимоли беморӣ ва ё марг ўро таҳдид месозад.

2. Ҳоҷати рўҳонӣ. Барои тарбияи рўҳ ва ахлоқи ҳамидаву камолоти инсонӣ талаби илм ҳатмист ва толими илм дар роҳи илм ва расидан ба марому мақсади хеш эҳтиёҷ ба хўрдану пўшидан, харҷи роҳ, маҳалли зист, китобу дафтар, қаламу қоғаз ва ғайраҳо дорад то ин, ки бо хотири ҷамъу рўҳи болида ба фарогирии илм машғул гашта, ба мартабаҳои баланди он ноил гардад. Ва дастрасии аксари ин ашё вобаста ба дороӣ ва молу ашё аст. Пас метавон гуфт, ки инсон барои рафъи эҳтиёҷоти ҷисмӣ ва рўҳии худ пайваста дар пайи дастёбӣ ва нигаҳдории молу ашё аст.

Албатта, дар касби мол инсон бояд меҳнати поку ҳалол дошта, онро бо касб ва заҳмати софдилона ба даст биёрад ва аз ҷавру ор ва даноат (пастӣ) дур бошад. «Бидон, ки дар касб эҳтироз бояд кард аз се чиз: ҷавр, ор, даноат (пастӣ). Аммо ҷавр чунон бошад, ки бо касе муомила кунанд ва ҳаққи ў бад-ў нарасонанд ва ин сабаби нуқсони касб шавад, зеро ки чун он зоҳир шавад мардум аз вай эҳтироз кунанд. Аммо ор чунон бувад, ки ҳирфатҳое (касбҳое) кунад, ки дар он нангу ори азим бошад, чун сила хўрдан ва дашном шунидан. Аммо даноат он бувад, ки касе санъати аслофи (гузаштагони) худ бигзорад ва сифате камтар аз он ихтиёр кунад…лекин мустаҳиқи зам (сазовори сарзаниш) касе шавад, ки санъати шарифи падар бигзорад ва санъати хасис ихтиёр кунад».

Ва чун инсон молро ба даст орад, бояд онро дурусту мақсаднок истифода намояд. Яъне молро ба эътибори ҳолат ва адади аҳлу аёли худ ба гунае тақсим намояд, ки то музди меҳнати ояндааш басанда бошад ва ба касеву чизе муҳтоҷ нагардад ва аз касе  қарздор нашавад, магар дар ҳолати зарурӣ. Зеро бузургон фармудаанд:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Розӣ дар «Ҷомеъ-ул улум» харҷи молро ба муқтазои дахли он ба синну соли одамӣ ташбеҳ карда чунин овардааст: «Ҳар кас, ки дахли ў аз харҷ бештар бошад, моли ў дар нуму (афзоиш) бувад, чунон бошад, ки касе дар синни нуму (афзоиш) бувад, зеро ки зиёдати аҷзои ў бештар аз халали аҷзои ў бувад. Ва ҳар кас, ки дахли ў мусовии (баробари) харҷи ў бошад ҳоли моли ў чун моли синни вуқуф (истодан) бувад. Ҳар кас, ки дахли ў камтар аз харҷи ў бувад ҳоли ў чун ҳоли синни нуқсон бошад, чунон ки пире, ки дар синни нуқсон аст, ломаҳола (ночор) ба марг анҷомад ва харҷи зоид бар дахл ба фақр ва бебаракатӣ анҷомад»Аммо хазинаву нигаҳдории мол бояд барои эҳтиёт ва амри зарурату нобаҳангоме бошад, ки метавонад дар ҳаёти рузмарраи ҳар инсон ба таври ногаҳонӣ пеш ояд. Монанди беморӣ, садама, мусибат ва дигар мушкилоти зиндагӣ. Чунки хазинаву пасандози мол аз руи бухл ва ҳубби он оқибати нохубдошта, афсусу пушаймонӣ меорад. Соҳибмолро сазовор аст, ки ба хотири ободии манзил ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии ояндаи худ чизе аз музди меҳнати ҳармоҳа ва даромади молиаш, кам кам пасандоз намояд.

Ба андешаи Розӣ инсон бояд ба ғайр аз манфиат бурдани моли худ, ба дигарон низ нафърасон бошад, аммо дар додану бахшидани мол бояд аз чор хислат дурӣ ҷўяд. «Асли паҷум дар нафақа кардан. Дар ин боб аз чаҳор хислат эҳтироз бояд кард, аз хасисӣ, аз тақтир ва аз исроф ва аз суут тадбир. Аммо хиссат он бошад, ки бар хештан ва дўстон ва хидматгорон харҷ накунад. Ва аммо аз тақтир он бувад, ки бар худ ва бар аҳли байти худ харҷи лоиқ накунад. Ва аммо исроф он бувад, ки харҷ бар муқтазои (талаби) шаҳват, на бар вифқи маслиҳат. Ва аммо суут тадбир он бувад, ки қасди ў он бошад, ки харҷ бар вифқи маслиҳат бувад, лекин он мақсуд ҳосил нашавад, балки баъзе аз ончи фузул бувад карда шавад ва баъзе аз ончи дар маҳалли ҳоҷат бувад карда нашавад».

Фахруддини Розӣ дар тафсири «Мафотиҳул ғайб» зимни шарҳи як оят амали хайрро тавзеҳ дода, фармудааст:  Кори нек ё ба расонидани манфиат аст ё ба дур сохтани мазаррат (зарар). Аммо расонидани манфиат ду навъ аст: ҷисмонӣ аст ва руҳонӣ. Аммо расонидани манфиати ҷисмонӣ ба молу ашё сурат мегирад. Ва расонидани манфиати руҳонӣ ба воситаи илм ба амал меояд, ки он ҷиҳати такмили қувваи назариявӣ ва ё такмили қувваи амали барои афъоли писандида мебошад.

Аз назари Фахруддини Розӣ нафси нотиқаи инсонӣ дорои ду қувва аст, яке назарӣ, ки камоли он дар итоат ва таъзими офаридагор аст ва дувумӣ қувваи амалист, ки камоли он дар шафқату ғамхорӣ ба одамон аст. Ва ин шафқату ғамхорӣ метавонад ба шахсони муайян, монанди ятимону фақирон, пирону маъюбон ва табақаи камбизоати аҳолӣ бошад ва ё метавонад ба тариқи умум бошад, ки аз он тамоми мардум нафъ меёбанд ба мисли бинои мактаб, масҷид, беморхона, китобхона, обёрӣ ба заминҳою маҳалҳо, сохтумони роҳу купрук ва ғайра. Ин гуна харҷи мол сабаби таҳсин ва обрую эътибори соҳибмол дар ҷомеа мегардад. Мардум чун аз касе саъю талош ва кўшишу ғайраташро дар рафъи мушкилот ва мададу кумаки одамон эҳсос намоянд, албатта ўро дар корҳои хайраш дастгирӣ намуда, қоил ба самимият ва ҳурмату эҳтироми ў мегарданд. Ҳамчунин харҷи мол ба хотири корҳои нек, ободию созандагӣ, манфиати мардум, шиддати майл ва ҳубби молро коҳиш дода, аз он дарак медиҳад, ки хушбахтии инсон натанҳо дар талаби мол ва ба даст овардани он аст, балки дар сарфу харҷи дурусти мол низ хушбахтию некбахтӣ вуҷуд дорад. Дар сурати сарф намудани мол ба нафси худ, аҳлу аёл ва корҳои хайру шоиста, соҳибмол ба мисли шахси муборизе мегардад, ки бар моли худ ғолиб шудаву тасарруфи комил ёфтааст. Аммо дар акси ҳол ў ба монанди шахси мағлубе мебошад, ки дар қабзаи моли худ асир ва ҳақиру нотавон гардидааст. Агар шахси молдор аз моли худ харҷ накунад ва онро танҳо ҷамъ ва хазина намояд, ҳубби мол дар қалбаш ба мисли маразе ҷой мегирад, ки муолиҷаи он бисёр душвор мешавад.

Ҳикоятест, ки яке аз машоих пеш аз дохил шудани ҳаммом ангуштарини худро аз ангушташ бароварда онро ба шогирдаш медиҳад ва амр менамояд, ки он ангуштаринро фавран ба шахсе туҳфа намояд. Он шахс мегуяд: эй шайх ин шитоб аз баҳри чи буд, шумо имкон доштед, ки ин ангуштаринро баъд аз баромадан аз ҳаммом ба ман ҳадя намоед. Шайх мегўяд: хавф бурдам, ки мабодо бухл ва ҳубби он маро аз ин фикрам боз гардонад, аз ин хотир онро дарҳол ва бе таъхир ба шумо ҳадя намудам. Дар воқеъ табиати инсон ба гунаест, ки тамоюлаш ба мол хело зиёд аст. Ном гирифтани мол ба ин лафз низ ба ҳамин хотир аст, яъне ҳар шахс ба мол майли зиёд дорад. Фахруддини Розӣ барои тамоюл ва рағбати инсон ба сўи мол далели ақлиеро чунин баён медорад: пирамарди бисёр бою солхўрдае, ки дар ҳолати беморӣ ва марг қарор мегирад, чун аз ғорат ё дуздии молу ашёаш хабар меёбад, хело ғамгин гашта ҳолаташ дигаргун мешавад. Ин дар ҳолест, ки ў ба яқин медонад, ки дигар аз молу ашё ўро ҳеҷ суде нест ва ўро бар ин молу ашё ҳоҷате нест. Ба ақидаи Ф. Розӣ молу ашёи инсон ин худ ризқу рўзии ўст. Ва дар ин, ки ризқи инсон ба тақдираш вобастагии сахт дорад, чунин мисол меорад: бисёр касонеанд, ки аз волидайни худ ҳеҷ моле ба мерос набурдаанд, аммо чунон бою сарватманд гаштаанд, ки дар муқоиса аз падару модари худ ба маротиб ғанитаранд ва акси ин бисёр нафароне ҳастанд, ки аз волидайни худ моли зиёдеро ба мерос бурдаанд, локин бо мурури замон фақир ва ҳатто муҳтоҷтарини мардум гаштаанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки одоб, фарҳанг ва истифодаи дурусти мол ё риоя мегардад ва ё риоя намегардад. Дар мавриди харҷи мол ба корҳои хайр бошад, бузургон фармудаанд: Ҳарчи ба додан кам шавад, аммо илм ва мол ба додан афзун шавад.

Чуноне ки қаблан зикр гашт, харҷи дурусти мол дар зиндагӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро харҷи нодуруст ва бемавриди мол метавонад боиси исроф, фақр, ранҷу ғам, нороҳатӣ ва ҳатто сарсонию саргардонии инсон шавад. Одатан шахси молдор худро соҳиби қуввату қудрат мепиндорад ва чун молаш бисёртар мегардад, ў худро қувватноктару қудратмандтар меҳисобад ва ин боис мешавад, ки хоҳишу лаззати ў нисбат ба мол бештар гардад. Аз ҳаёт ва таҷрибаи рўзгор маълум шудааст, ки касрати мол сабаби ғуруру ҳавобаландӣ ва саркашию нофармонии бештари одамон гаштааст. Дар ҳаёти имрўза низ бисёр нафароне ёфт мешаванд, ки аз фарҳангу одоби молдорӣ ва дахлу харҷи он ноогоҳу бепарво буда, аз сабаби харҷи нодурусти мол ба гумроҳӣ ва баъзе мушкилоти зиндагӣ гирифтор мешаванд. Хусусан, дар харҷи мол ҷиҳати истифодаи зиёди сигор, навъҳои машруботи спиртӣ ва дигар маводҳои масткунанда монанди афюну героин ва ғайри инҳо, ки оқибат инсонро ба беморӣ, фақр, қарз, сарсонӣ ва ҳатто ба маргу нестӣ мерасонад.

Аз ин ру, месазад ҳар фарди оқилро, ки аз молу ашё, сарвату дороии хеш нанозад, кибру ғурур накунад, балки дар онҳо назари боандешона дошта бошад. Ва фарҳанги молдорӣ, чигунагии дахлу харҷи онро дуруст ба роҳ монад, то дар зиндагӣ шефтаю фирефтаи сарвату дороӣ ва молу ашё нагардад, балки онҳоро василаи некбахтӣ, сарбаландӣ ва обрую эътибори худ дар байни ҷомеа бисозад.

Адабиёти мавриди истифода:

1. Муҳаммад ибни Умар Фахруддини Розӣ. Китоб-ул-ахлоқ (Аннафс ва руҳ ва шарҳу қувоҳумо). Покистон, Исломобод, 1968-1388, саҳ 111-135.
2. Муҳаммад ибни Умар Фахруддини Розӣ.Ҷоме-ул-улум, Тошканд, 1315ҳ-1913м, саҳ 435-441.
3. Муҳаммад ибни Умар Фахруддини Розӣ. Мафотиҳ-ул-ғайб (Тафсири кабири Розӣ). – Бейрут, 1994, ҷ 4, саҳ 218,ҷ 6, саҳ 77-79.

Муаллиф Сироҷиддин Пиров

Баргирифта аз маҷаллаи
“Паёмномаи фарҳанг”,
№ 1 (29), соли 2015

Бо матолиби дигари пажуҳишии муаллиф дар бораи Фахруддини Розӣ аз ин ҷо метавонед ошно шавед.
Фахруддини Розӣ ва андешаҳои ахлоқиву тарбиявии ӯ