Донишманди пуркори тоҷик Атахон Сайфуллоев дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

Атахон Сайфуллоев

Атахон Сайфуллоев, як тан аз адабиётшиносони шинохтаи кишвар, шоир, нависанда, драматург, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон субҳи имрӯз, 17-уми март дар синни 84-солагӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дида аз олам барбаст. Соати 12 имрӯз маросими видоъ бо марҳум дар назди ҳавлиаш баргуор шуд. Атахон Сайфуллоев замоне сарварии Кумитаи радио ва телевизиони мамлакатро ҳам ба уҳда дошт, вале фаъолияти ӯ дар пажуҳишҳои илмиаш барҷастатаранд, то ки дар маҳорату малакаи роҳбариаш бошанд.
Атахон Сайфуллоев 1 – уми майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1954 Донишкадаи педагогии ба номи Кирови Хуҷанд ва соли 1958 аспирантураи Донишкадаи педагогии Душанберо хатм кардааст.Солҳои 1959-1965 корманди Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти
Академияи фанҳои Тоҷикистон будааст. Аз соли 1965 то 1968 мудири кафедраи адабиёти тоҷик дар Донишкадаи педагогии Ленинобод, солҳои 1968-1973 котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва солҳои 1973-1985 сармуҳаррири Саридораи Энсиклопедияи советии тоҷик буд. Аз соли 1985 то ё989 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик кор кард ва соли 1989 мудири Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон таъйин шуд.
Атахон Сайфуллоев кори сиёсӣ ҳам кардааст. Муддате  мудири шӯъбаи иделогии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд ва соли 1991 Раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин гардид. Соли 1992 аз ин мақом барканор шуд ва аз Душанбе ба зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргашт. То охирин лаҳзаҳои умраш дар Хуҷанд монд, дар Донишгоҳ дарс медод ва дар шуъбаи Иттифоқи нависандагони вилоят кор мекард.
Доктори илм ва профессор буда, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буд.
Аз Атахон Сайфуллоев мероси гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ мондааст. Аз ҷумлаи китобҳои ӯ:

«Тафаккур ва образ» (1968),
«Мактаби Айнӣ» (1978),
«Мирзо Турсунзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир» (1983, 2004),
«Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар шаш ҷилд; ҷ. 1–1984; ҳамроҳи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов),
«Аркони сухан» (1985),
«Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоҷа Камол» (ҳамроҳи С.Абдуллоев),
«Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (1998),
«Зуфархон Ҷавҳарӣ. Таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёт» (2002),
«Фурӯғи маънавият» (2003),
«Ҳусни нигорандагӣ» (зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ, 2003),
«Ҳалқаҳои пайванди адабӣ» (2003),
«Ҳаким Карим» (2005),
«Уфуқҳои тозаи наср» (2006; нашри дувуми такмилёфта – дар се муҷаллад, Хуҷанд, 2013)
«Ҷону ҷаҳони наср» (2009), дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад» (2007),
«Паямбари ишқ» (2012), (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ),
"Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX» (ҳамроҳи Осим Каримов, 2011)
«Оинаи барқади сухан» (2013)