Мавқеи рўймол дар фарҳанги сару либоси мардуми тоҷик

Аз даврони қадим тарзу намудҳои хоси либосҳои анъанавии тоҷикон, куртаву рўймол ва дигар намудҳои сару либос вуҷуд дошт. Ва ин аънанаҳо дар ҳар давру замон бо тарзу усулҳои ҳамон замон ҳамқадам буда, то ба даврони мо омада расидаанд. Як навъи афзори ороиши хоси занҳои тоҷик рўймол буда, аз қадим модарони мо бо бастани он ҳам худро оро медоданд ва ҳам мўйи сари худро аз нури офтоб ва сардии ҳаво эмин нигоҳ медоштанд.
Рўймолҳо бо сохтору тарзи ороиш ва нақши гулҳою корбурди матоъҳо миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳамдигар тафовут доранд. Тарзу усули бастани рўймол ва ороиши марбут ба онро вобаста ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон метавонем ба ду гурўҳ ҷудо намоем. Дар гузашта ин масъала миёни мардуми кўҳистони ҷануб: Қаротегину Дарвоз ва Кўлоб аз мардуми минтақаи шимол, болооби Зарафшон, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Ашт аз ҳамдигар фарқ доштанд. Тарзу усули бастани рўймол ва ороиш ва бастан ба сар дар миёни мардуми водии Ҳисор гуногун буда, бештар ба тарзу усули қисмати шимол монандӣ дошт.

Вобаста ба фарҳанги сару либоси тоҷикон аз ҷониби мардумшиносони русу тоҷик аз қабили Бобоҷон Ғафуров, Е.М. Пещерова, М. С. Андреев, Н.Н. Ершов, З.А. Широкова, Р.Я.Рассудова, М.А. Ҳамидҷонова, А. Валиев таҳқиқотҳо анҷом шуда, тавассути мақолаву маҷмуаҳо пешкаши хонадагон гардидаанд. Мо низ дар навбати худ аз ин сарчашмаҳо истифода намуда, баъзе фарқиятҳои бастан, корбурди матоъ ва рангҳои рўймолро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем.
Ороиши вобаста ба сар дар миёни тоҷикон мураккаб буда, аз як чанд намуд ҷузъиёт иборат аст. Ороишоти занона вобаста ба сар – рўймолҳо вобаста ба корбурд навъҳои гуногун доранд, ки мо ба ин масъала таваҷҷуҳ намудем.
Рўймоли калон – як шакли рўймоле, ки чоркунҷа буда, андозаи 1х1 ва ё 1,5х1,5 дорад. Ин рўймолҳо аз ҷиҳати ранг ва истифодаи корбурд гуногун мебошанд. Онро бештар занҳои калонсол ба шакли секунҷа дутаҳ карда, аввал рўймолчаи майда сипас онро бо шаклҳои гуногун ба сар мекунанд. Рўймолҳои калон рангоранг буда, аслан рўймолҳои бо рангаҳои баланди гулдор дар зиндагии рўзмара ва маросимҳои хурсандӣ, яъне тўю маъракаҳо истифода мегардад. Дар маросимҳои мотам ва шахсони азодор аз рўймолҳои сафед ва сиёҳу кабуди бегул истифода менамоянд. Дар зиндагии мардуми тоҷик рангҳои сиёҳ ва кабуд рангҳои азодорӣ ба шумор рафта дар бештари маврид бо тарзи рамзӣ ва анъанавӣ мавриди истифода қарор дорад.

Мутобиқи бовару эътиқод мардуми мастчоҳии ноҳияи Зафаробод, рўймолҳои сафеди калоне, ки як гўшаи он бо таври рамзӣ, яъне бо гулҳои майда гулдўзишударо занҳои азодор ба сар мекунанд.

Рўймолҳои калон инчунин аз ҳисоби тарзу намуд чанд навъӣ дигар мешаванд: шолдор, бешол, гулдўзӣ, аз ҳисоби навъи матоъ ва истилоҳ: бирешимӣ, ғиҷим, фаранг, суф, дока, лачак, қарс, лата, соба, нумол.

Аз замонҳои қадим дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бастани рўймол бо тарзу усул ва номҳои гуногун вуҷуд дошт, ки мисоли зерин далели ин гуфтаҳост. “Дар Масчо якчанд усули бастани руймолҳо вуҷуд дошт. Агар ҳарду гўшаи руймолро дар гирди сар тоб дода мебастанд ин усулро “гирди сар” меномиданд. Агар охири руймолро дар гирди гардан баста гиреҳашро ба пушт мепартофтанд ин усулро латтабандӣ пуштак меномиданд. Ин тарзи рӯмолбандии фасли сармост. Бо усули гўргардон бошад, як тарафи руймолро дар гирди сар тоб дода мебастанд, тарафи дигарашро дар пушт овезон мемонданд. Усули масчобандӣ танҳо дар миёнизанҳои Масчо паҳн шуда буд. Барои бандинаи пешони бандак «қашқарча» руймолро аввал дар шакли секунҷа дуқат мекарданд» (Ҳамидҷанова М. с.139-140).

Имрўз яке аз намуди рўймол шарф, (рўймоли чоркунҷаи дарозшакл) маъмул буда, дар миёни бонувони тоҷик бо тарзу усулҳо корбурди ранг, матоъ ва ҳаҷму нақш ба қавле мўд шудааст. Шарф дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ворид ва дар миёни занони тоҷик мавриди истифода қарор гирифт. Пештар ин навъи рўймол хеле ангуштшумор буд, ки аксаран аз матоъи бирешимӣ дар фасли зимистон барои гарм нигоҳ доштани қисмати гардан ва даҳону бинӣ истифода мегардид. Дар баъзе маврид миёни бонувон ба таври рамзӣ ва зеб додани ороишашон истифода карда мешуд. Шарф имрўзҳо дар ороиши сару либоси бонувон мавқеъи худро пайдо кардааст, ки ҳар бону метавонад бо завқу салиқаи хеш навъҳои гуногуни онро истифода барад.

Тарзи бастани рўймол дар ҳар мавриди зиндагии мардум аз ҷиҳати ранг намудҳои гуногун дорад. Аслан тарзу намуди рўймолбандӣ дар ҳама манотиқи кишвар қариб ки як хел ва як ном доранд ва ин намуди ороиш бо усулу тарзҳои замонавӣ мавриди истифодаи ҳамешагӣ қарор гирифтааст.

Инчунин, тибқи мушоҳидаҳои ҳамарўза бо пешрафти ҷомеа тарзу усулҳои бастани рўймол миёни духтарон ва занҳо гуногуну зебоянд. Албатта, ин пешравиҳо аз он дарак медиҳад, ки занҳои фаъоли мо низ аз пешрафти замон бебаҳра намонда, чи дар ороиши рўю мўй ва чи дар либоспўшӣ  хушсалиқаанд ва маҳорати баланд доранд.

Вазифаҳои асосии рўймол дар фарҳанги мардуми тоҷик ин пеш аз ҳама омилҳои динӣ буда, бино бар фармудаҳои дини мубини Ислом, мардум бар он ақиданд, ки зани мусулмон бояд дар сар рўймол дошта бошад ва сару гардани ў аз мардони бегона пинҳон бимонад.  Яке аз омилҳо таъсири дин бошад, омили дигари бастани он аз минталитети шарқиёна доштаи занон маҳсуб меёбад. Аз тарафи дигар ҳамаи корҳои тозагии рўзгор пўхтани нону хўрок ва рўбу чин бар уҳдаи зан аст. Аз ин рў, бояд ҳама вақт мўйҳои сари занони оила ҷамъ карда ва бо рўймол пўшонида шуда бошад. Аз тарафи дигар рўймол дар фасли гармо мўй ва сари одамро аз нури офтоб ва дар фасли зимистон бошад, аз сармо муҳофизат менамояд. Аз ҳисобе, ки қисмати зиёди Тоҷикистон кўҳ асту мардуми он бештар дар кўҳистон зиндагӣ доранд ва ба ҳама маълум аст, ки кўҳистон дар фасли зимистон сард аст, занҳо маҷбуран барои аз сармо эмин нигоҳ доштани сару гардани худ ба сар рўймол банданд.

Рўймол вобаста ба мавқеъ низ корбурди гуногун дорад. Масалан, дар ҷашни арўсии мардуми Бадахшон рўймол мавқеи хос дорад. Арўсони ин минтақа дар рўзи тўй ҳатман аз чанд рўймолҳои калони махсус, ки дар баъзе маврид аз 7-адад ва дар баъзе вақт 5-адад иборат аст, ба сар ба таври махсус мепартоянд. Аслан дар бовару эътиқоди ин мардум рақами  7 мавқеи хос дорад. Ба ҳамин хотир агар ҳаво сард ва ё хонаи домод наздик бошад, ҳатман ба сар 7-адад ва агар баръакс ҳаво гарму  роҳ дуртар бошад 5-адад рўймол мепартоянд. Ин рўймолҳо ҳам аз рўи адад ва ҳам аз рўи ранг ба худ аҳамияти хос доранд. Масалан, рўймолҳои арўс аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва ғайра иборат аст. Мутобиқи шарҳи занҳои ин минтақа ранги сафед рамзи роҳи сафед, ранги сабз – рамзи сарсабзӣ баракат ва ранги сурх – рамзи хушбахтӣ ҳисобида мешавад. Рўймолҳо бо рангҳои дигар ҳамин гуна рамзҳои худро доранд. Ҳамин гуна ин масъала дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ корбурди гуногун дорад.

Дар миёни халқи тоҷик ҳар як ранг ба худ хусусиятҳои хос дорад. Масалан, занҳо рўймолҳои сурху серранг ва гулдорро асосан дар ҷашну маросим ва тўйҳо, яъне дар вақти хурсандӣ ба сар мекунанд, бастани рўймоли кабуд, сафед ва сиёҳ аз азодор будани зан шаҳодат медиҳад.

Вале як чизи дигарро қайд намудан зарур аст, ки имрўз занону духтарон дар тарзи интихоби рангҳо фарқият намегузоранд, яъне онҳо ҳамарўза аз рўймолҳои рангоранг, ки дар миёни онҳо рангҳои сафеду сиёҳ ва кабуд ҳам ҳаст истифода мекунанд. Дар ин мавқеъ анъанаҳо ва урфу одатҳое, ки модарони мо дар гузашта нисбат ба рангҳо ва тарзу намуди бастани рўймолҳо доштанд аз байн меравад. Яъне, дар ҳар ҷашну маросим ва синну сол занону духтарон бояд интихоби ранг ва тарзу намуди бастани рўймолҳо риоя гардад. Ин масъала дар тарзи пўшидани либос ҳам дар ҳамин вазъ мебошад. Пеш аз ҳама, модарони мо бояд ба духтарони худ аз ин урфу одат ва анънаҳо ёдовар шуда, дар тарзу намуд ва интихоб рангҳои чи рўймол ва чи сару либос маслиҳатҳои худро дода, ба тарзи интихоби дуруст онҳоро ҳидоят намоянд.

Гарчанде корбурди рўймолҳо дар миёни занон ба таври замонавӣ дар ҳоли пешравӣ бошад ҳам, дар баробари ин шаклу усулҳои бастани қадими он низ ба назар хеле зиёд ба назар мерасад. Ба шаклу усулҳои қадима асосан занону духтарон дар ҷашну маросимҳои мавсимӣ таваҷҷуҳи зиёд менамоянд. Яке аз ин маросимҳо рўзи модарон ва ҷашни Наврўз ба шумор меравад, ки занону духтарон махсусан дар ин ду ид он анъанаву урфу одатҳои қадимаро дар мисоли сару либосҳои миллӣ ва корбурди рўймолҳо бештар риоя менамоянд.

Яке аз сабабҳои аз байн рафтани ин суннати аҷдодӣ пешравии ҷомеа ва тарақиёти илму техника бошад, аз тарафи дигар аз надонистани фарҳанг ва урфу одатҳои анъанавии тоҷикон дар миёни занону духтарон мебошад. Ин ҳолат хеле ташвишовар буда, аз як тараф насли ҷавони имрўза суннату анъанаҳои аҷдодиро ба ояндагон интиқол дода наметавонанд, аз тарафи дигар гумон меравад пас аз даҳсолаҳо ин анъанаву суннатҳо побарҷо боқӣ бимонанд.

Хулоса тоҷикон низ дар таҳияи сару либос дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли пешравӣ қарор доранд. Умед аз он дорем, ки имрўз ва дар оянда анъанаҳои беҳтарини либосҳои миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамяти худро дар ҷомеа ҷаҳонӣ гум намекунанд.

Адабиёт барои маълумоти бештар:

  1. Дафтари экспедитсияи Ҳисор, дафтари соли 1959, ҷилди 5,  саҳ. 355. №4035.
  2. Ершов Н.Н., Писарчик А.К. Материальная культура таджиков верховьев Зерафшана. С. 190.
  3. Искандарзода М. Зебу зинати арўсони Ҳисор, Душанбе, 2006, с.7.
  4. Нева Е. «Узелки» в волосах, или накосные украшения женщин Центральной Азии. – Меросиниёгон, 2015. С.75.
  5. Носирова Л. Назаре ба ҳунарҳои бонувон //Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик. Душанбе, «Аржанг», с. 2016, саҳ. 87.
  6. Раҳимов Д. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. –Душанбе: Адабиётибачагона, 2014., саҳ.74.
  7. Хамиджанова М.А. Материальная культура матчинцев. Душанбе Издательство «Дониш». -1974.С.140-141.

Маҳина НИЁЗОВА

 

барчасп: