Ҳуҷҷатикунонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз Маркази рассомии миниатюравии "Мино"- клуби ЮНЕСКО

Кормандони шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо роҳбарии муовини директори Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимов, Н. Қличева, З. Холмуродов ва Ш. Бердиева дар доираи мавзўи илмии шуъба таҳти унвони «Таҳқиқ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар (барои солҳои 2016–2020)»  ба Маркази рассомии миниатюравии "Мино"-клуби ЮНЕСКО рафтанд ва бо ҳунарманди машҳури миниатюрнигор Олим Камолов вохўрда, маълумот дар бораи эҷодиёташ ва фаъолияти марказ мавод ҷамъоварӣ намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Маркази рассомии миниатюравии "Мино"-клуби ЮНЕСКО оилавӣ буда, дар он Олим Камолов бо ҳамсараш Сарвиноз Ҳоҷиева ва духтарашон Бону Камолзода фаъолият мекунанд. Инчунин онҳо шогирдони зиёдеро ба санъати миниатюра шинос намуда, бо усули «устод-шогирд» дарс медиҳанд. Шогирдони онҳо дар лоиҳаҳои Маркази рассомии миниатюравии "Мино"-клуби ЮНЕСКО фаъолона иштирок мекунанд. Маркази мазкур бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Хазинаи Сорос ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Миниатюранигорӣ санъати махсуси тасвирие мебошад, ки барои дастхатҳои эҷодшуда, инчунин лавҳаҳои алоҳидаи тасвири табиат, нигоришоти графикӣ, портрет истифода ва бо мино ва рангҳои обӣ офарида мешаванд.
Санъати миниатютанигорӣ ва ороиши китоб аз давраҳои қадим маъмул буд. Дар Мисри қадим, Юнон, Эрон ва Осиёи Марказӣ асарҳоро бо миниатюра оро медоданд.

Олим Камолов  аз соли 1979 осори бебаҳои Камолиддин Беҳзодро омўхта, дар ин замина усули хоси худро ба роҳ мондааст. Дар Тоҷикистон Олим Камолов аввалин шахсе мебошад, ки ин намуди санъатро аз нав эҳё кард ва дар ин ҷода соли 2013 дар давлати Алҷазоир дар фестивали байналмилалиии миниатюристони ҷаҳон ҷои 2-юмро ишғол намуд. Маҳсули ҳунари ин устоди варзида дар намоишгоҳҳои Русия, Белорус, Ҳинд, Чин, Узбекистон, Эрон, Қазоқистон, Финландия,  инчунин дар коллексияҳои шахсӣ дар Амрико, Британиё, Фаронса, Финландия, Олмон, Украина ва Шветсария маҳфуз мебошанд.

Олим Камолов соли 2010 ба дарёфти унвони Ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон шарафёб шудааст. Мавсуф намоиши асарҳои худро дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Туркия, Ҳинд, Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Сирена» ба маъраз гузоштааст.

Соли 2013 бо даъвати Вазорати фарҳанги Алҷазоир О. Камолов ҷиҳати иштирок дар Фестивали байналмилалии минатюранигорон дар байни 27 кишвари олам ҷои 2-юмро сазовор гардида, бо ифтихор парчами Тоҷикистонро баланд бардошт. Инчунин, моҳи майи соли равон дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 3-юмин Фестивали байналмилалии санъати исломӣ миёни 32 кишвари ҷаҳон ширкат намуда низ ҷои намоёнро ишғол кард.

Дар миниатюраҳои О.Камолов тасвири саҳнаҳои рамзӣ, ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои шикор, мулоқоти ошиқон, маросимҳои қабул, базм ва ғайра ҷойи намоён доранд. Аввал рассом дар рўи коғаз тарҳи миниатюраро бо об мекашад, баъди хушкидани об изи онро бо хати сурх ё сиёҳ аёнтар мекунад. Сипас, ба варақ омехтаи оҳар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан онро бо булўр ё ақиқи сўхта сайқал медиҳад. Дар варақи пардозёфта рангҳои асилро ба кор мебарад. Аввал ҳамаи ҷузъҳои бо як ранг ифодашавандаро кашида, баъди хушкидани он ба истифодаи ранги дигар мепардозад. Духтарашон Бону Камолзода дар санъати миниатюра усули худро дорад ва асарҳои нав ба нав эҷод мекунад.

Муҳаққиқони ПИТФИ бо ҳунармандони марказ мусоҳибаҳо анҷом дода, бо дастовардҳо ва маҳсули эҷодиёти онҳо аз наздик ошно гардидаанд ва онҳоро аксбардорӣ кардаанд ва маълумотро бо тарзи саволномаҳо ҳуҷҷатӣ намудаанд. О. Камолов дар раванди фаъолияти эҷодияш тавонист санъати миниатюраро дар ашёҳои дигар, аз қабили табақи чўбин, матоъ, коғаз, гулдон, сурмадон, тахтаи шоҳмот бо муҳраҳояш ва ғайра офарад.

Мавриди зикр аст, ки дар маркази «Мино» маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла тоқиҳои гуногун, сӯзаниҳо, либосҳои миллии занона ва мардона, табақҳои чўбин, маҳсулотҳои заргарӣ, кулолгарӣ, гулдўзӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳамчун намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Илова бар ин дастовардҳои марказ дар деворҳо бо аксҳои шогирдонашон овезон мебошад.

Ҳуҷҷатикунонии намунаи мероси фарҳанги ғайримоддии минатюранигорӣ аз тарафи кормандони шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ нишон дод, ки санъати минатюранигорӣ дар Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба ҳифз ва дастгирӣ шуда, барои рушди он Вазорати фарҳанг саҳмгузор бошад.

Зафар    Холмуродов  
мудири шуъбаи мероси
фарҳанги ғайримоддӣ