Фаъолияти мактаб- интернати махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар замони Истиқлолият

Айни ҳол дар мактаби мусиқии мазкур 19 адад компютер, 8 адад принтер, 1 адад сканер ва як адад проектор мавҷуд мебошад. Агарчанде муассисаи таълимии мазкур то ҳол сомонаи махсуси интернетии худро надошта бошад ҳам, аммо  тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабилӣ, “Фейсбук”, “Майл-ру”ва“Одноклассники”саҳифа кушода фаъолияти муассисаи таълимиро муаррифӣ менамоянд. Ба хонандагони синфҳои 10 – 11 касбӣ иловагӣ дар компютер аз рўйи барномаҳои “сибелиус” ва “финал” нотачиниро меомўзанд, ки ин яке аз омилҳои шомил гардидан ба раванди иноватсионӣ мебошад.

Бунёди ин муассисаи таълимӣ аз 15 декабри соли 1961 оғоз ёфта, аввал  мактаби №329–и мусиқии бачагонаи таҳсилоти 7 солаи ба номи П.И. Чайковский, баъдан ба мактаби миёнаи мусиқии таҳсилоти 10 - солаи ба номи П.И. Чайковский табдил дода мешавад. Сипас, аз 27 декабри соли 1997 ҳамчун мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ номгузорӣ карда шудааст.

Сарварии авалини мактабро Надежда Андреевна Будкевич ба уҳда дошт. Минбаъд Миратулло Атоев,  Раъно Фахриева, Юсуф Саодатов, Шермуҳаммад Ҳабибов, Холмурод Хоҷаев тайи солҳои гуногун ҳамчун сарвари муассиса фаъолият намудаанд. Аз соли 2010 инҷониб Қосим Малаев роҳбарии ин даргоҳи ҳунарро ба уҳда дорад.

Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ–барои кӯдакони болаёқат ва боистеъдод пешбинӣ шудааст ва ягона муассисаи таълимии миёнаи махсуси мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тӯли мавҷудияти худ дар инкишофи санъати касбии миллӣ саҳми назаррас дорад. Айни замон фаъолияти таълимгоҳ аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал таҳсили умумӣ ва дар бахши дуюм таълими мусиқӣ  омўзонда мешавад.

Мактаби мазкур дар назди худ вазифа гузоштааст, ки ба насли имрӯза таърихи гузаштаи ниёгон, фарҳанги пурғановат, анъанаҳои пурарзиши шахсиятҳои бузургу нотакрор ва комёбиҳои гузоштаву имрӯзаи миллати тоҷикро муаррифӣ намояд ва мақсадеро ба анҷом бирасонад, ки фарзандони диёри азизамон чун инсонҳои фозилу комил ва мусиқанавози комил ба воя бирасанд.

Вазифаи асосии ин таълимгоҳ тарбия намудани истеъдодҳои ҷавон мебошад, ки толибилмон аз рўйи майлу рағбати худ метавонанд дар шаш шуъбаи тахассусӣ амалкунанда: шуъбаи фортепиано (фортепианои умумӣ ва тахассусӣ); шуъбаи созҳои торӣ (скрипка, алт, виолончели, контрабас); шуъбаи нафасӣ (кларнет, флейта, габой, труба, тромбон, валторна); шуъбаи созҳои миллӣ (рубоб, дутор, най, ғижак, чанг, рубоби прима); шуъбаи назарияи мусиқӣ; шуъбаи дирижёри хор таълим мегиранд. Ҳамзамон устодони пуртаҷриба аз рўйи 11 намуди созҳои гуногуни мусиқӣ ба шогирдон дарс меомўзанд.

Қобили қайд аст, ки саҳми омўзгорони ин даргоҳи ҳунар ба монанди устод Сангинов Р.Р. – Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ПросняковаЕ.Т. - дорандаи «Медали хидмати шоиста»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғуломайдаров Г. - дорандаи «Ордени Шараф дараҷаи II»,Қ. Қурбониён - Хунарпешаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МалаевҚ.И, Ҷ. Обидпур - профессор, Агапова Л.П., Сангинова Р.Р, Икромова З.Ҳ., Мирзоева Ш.О., Рустамзода Н., Смирнова.Н.Н., Обидова Н.Ҷ., Саодатова П.Ю, Баҳодурова Қ.Б., Макиевская В.В., Кутенёва В.А., ЁқубовҚ., Раҳмонова З.О., Акобиров Ғ.И., ва  ғайра назаррас мебошад, ки дар фаъолияти худ тавонистаанд санъаткорони асилро тарбия намоянд.

Маҳз самари заҳмати ҳамин омӯзгорон буд, ки шогирдони эшон дар Консерваторияю мактабҳои олии санъати мусиқии Олмону Фаронса, Итолиёю Амрико, Русия, Кишварҳои назди Балтик ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил карда кор ва фаъолият мекунанд. Ҳоло чанде аз ин чеҳраҳои ҳунарро метавон номбар кард, ки маҳз дастпарварони ҳамин даргоҳи маърифат ҳисоб меёбанд. Инҳо: Гулчеҳра Иноятова (1976, Чин), Валерий Шкаруппа (1977, Екатеринбург), Зулфия Халилова (1977, Олмон), Алишер Латифзода  (1980, ИМА), Парвиз Турабӣ (1981, Москав), Рухшона Муборакшоева  (1988, Олмон),  Аҳмад Бақоев (1988, Москва),  Зарина Собирова (1998, Фаронса), Мардон Шарипов (1998, ИМА) Умеда Шарипова, (2000, ИМА), Парасту Саодатова (2006, Москва) Мадаминова Севара (2007, Москва), Базарбаева Юля (2007.Екатеринбург) Сергеенко Андрей (2014, Екатеринбург) Ҳалимова Нигора (Екатеринбург) ва даҳҳо симоҳои маъруфи дигар мебошанд, ки нафақат ифтихори Тоҷикистон, балки ҷаҳониён мебошанд.

Устод Сангинов Р.Р. аз рӯи тахассуси скрипка ва скрипкаи алт шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки дар рушди санъати касбии мусиқии тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Ин ҷо метавон чанде аз онҳоро номбар намуд. Масалан, Сангинов Маҳмуд, Галиахметова Азаля, Муслимова Фарангис, Исфати Тахмина, Матхолов Некруз ва даҳҳо нафар берун аз ҷумҳурӣ машҳур гаштаанд. Инчунин устод Обидова Н.Ҷ. дар ихтисоси фортепиано – шогирдонаш Зарина Собирова, Сангинова Рафиқа, Саодатова Парасту  ва дигарон. Профессор Ҷӯрахон Обидпур дарр ихтисоси рубоби бадахшӣ - шогирдаш Мирзоева Шоҳноза. Макиевская В.В. дар ихтисоси фортепиано – шогирдонаш Савдаршоева Фарзона, Баҳромзода Асрина, Маликзода З. ва дигарон, ки маҳз дастпарварони ҳамин муассиса мебошанд.

Айни ҳол дар мактаби мусиқии мазкур оркестри созҳои омехтаи мактаб, таҳти роҳбарии устод Г.Ғуломайдаров ва хори умумии мактаб таҳти роҳбарии Е.Т. Проснякова фаъолият мекунанд. Дар баробари ин ансамбли скрипканавозон, роҳбари ансамбл Сангинов Р.Р., ансамбли рубобнавозон таҳти роҳбарии МалаевҚ. Ва ансамбли дуторнавозон зери роҳбарии Қурбони Курбониён фаъолият мекунад. Оркестр ва ансамблҳои мактабӣ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии мактаб ва берун аз он ширкат меварзанд. 

 Ҳар сол дар худи муассиса аз ҷониби хонандагони мактаби номбурда зиёда аз бист консертҳои гуногун баргузор мегардад. Ба монанди: консерт бахшида ба рўзи дониш, бахшида ба рўзи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба рўзи иди муаллимон, бахшида ба рўзи Президенти кишвар, бахшида ба рўзи Парчами миллӣ, бахшида ба рўзи модарон, бахшида ба Наврўз ва ғайра. Инчунин ҳамасола дар охири соли хониш консерти ҳисоботӣ баргузор мешавад.

 Як зумра хатмкардагон фаъолияти худро ҳамчун мутриб, сарояндаи хор, консертмейстер ва навозандаи оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ,  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ғайра давом дода истодаанд. Хатмкунандагон ба монанди Муслимова Фарангис (скрипка), Орипова Умеда (чанг), Баҳодуров Баҳодур (виолончел), Ҷафаров Ҷафар (най, флейта), Махмудов Сино (скрипка), Матхолова Нилуфар, Амонов Сайидо (гобой), Ёров Фирдавс, Пряделников Артём (скрипка), Хаёлзода Парвиз (скрипкаи алт), Жидкомлинов Никита (гобой), Сангинова Шаҳзия (скрипкаи алт) ва даҳҳо нафари дигар дар соҳаи мусиқии касбӣ фаъолияташонро давом дода истодаанд.Чанд нафар хатмкардагони мактаб, аз қабили Галиахметова Азалия, Мирзоева Шаҳноза, рисолаҳои илмӣ навишта, номзади илмӣ санъатшиносӣ гардидаанд. Инчунин хатмкардагон Сангинов Маҳмуд Сангинова Рафиқа, Орипова Умеда, Саодатова Парасту, Рустамзода Нилуфар ва дигарон айни замон ба ҳайси унвонҷў тадқиқотҳои илмӣ намуда истодаанд.

Айни ҳол дар мактаби мусиқии мазкур 19 адад компютер, 8 адад принтер, 1 адад сканер ва як адад проектор мавҷуд мебошад. Агарчанде муассисаи таълимии мазкур то ҳол сомонаи махсуси интернетии худро надошта бошад ҳам, аммо  тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабилӣ, “Фейсбук”, “Майл-ру”ва“Одноклассники”саҳифа кушода фаъолияти муассисаи таълимиро муаррифӣ менамоянд. Ба хонандагони синфҳои 10 – 11 касбӣ иловагӣ дар компютер аз рўйи барномаҳои “сибелиус” ва “финал” нотачиниро меомўзанд, ки ин яке аз омилҳои шомил гардидан ба раванди иноватсионӣ мебошад.

Дар баробари муввафақиятҳои номбурда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза баъзе камбудиву норасоиҳо низ мавҷуданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз дар оғози фаъолияти муассиса 50-нафар хонандагон ба синфи 1-ум қабул мегардиданд ва ҳоло ҳам теъдоди қабули  таълимгирандагон синфи якум 50 нафарро ташкил медиҳад. Аммо мактаби мазкурро ҳар сол тақрибан 10-15 нафар талабагон хатм мекунанд. Дар давоми таҳсил ва то хатм ба тадриҷ кам гардидани шумораи хонандагон сабабҳои гуногун дорад.

Сабаби аввал –мушкил будани дарсҳои мусиқӣ мебошад. Дигар ин, ки дар ин муассиса бинобар сабаби мактаб – интернати махсуси мусиқӣ буданаш, аҳмияти асосӣ ба дарсҳои мусиқӣ дода мешавад. Бинобар ин бисёрии волидон кудаконашонро аз синфҳои 5-6 аз ин мактаб гирифта, барои таҳсил ба мактабҳои дигар медиҳанд. Инчунин дур будани мактаб аз маркази шаҳр низ боиси кам гардидани теъдоди хонандагон мегардад.

Чи тавре ки гуфтем, пешдар мактаб 6 шуъба фаъолият мекард, айни ҳол бошад дар он панҷ шуъба амал менамояд. Ба сабаби нарасидани хонандагон шуъбаи Дирижёри хор феълан фаъолияташро қатъ намудааст.

Чунон ки медонем, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зумрае аз омӯзгорони баландихтисос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, айни ҳол берун аз кишвар зиндагонӣ менамоянд. Ҳоло дар муассиса муаллимони баландихтисос намерасанд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд бо таъсиси барномаву лоиҳаҳо муаллимон ба бозомўзӣ фиристода шаванд. Адабиётҳои тозанашри дарсӣ, махсусан ба забони давлатӣ намерасанд. Муассисае, ки дар байни муассисаҳои дигар дар ҷойи аввал меистад, аз норасоии созҳои мусиқии скрипка, виолончел, флейта, кларнет, ғижак, чанг, рубоб, най, фортепиано танқисӣ мекашад.

Дар асоси таҳлилу баррасӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки новобаста аз муввафақияту камбудиҳои ҷойдошта, ин муассисаи таълимӣ то имрӯз яке аз пешқадамтарин мактаб барои омода намудани шогирдони касбӣ дар соҳаи мусиқӣ ба шумор меравад. Мо ин ҷо танҳо ба таври умумӣ оид ба вазъи кунунии кор ва фаъолияти мактаб ҳарф задем. Месазад ки аз ҷониби пажӯҳишгарон фаъолияти шуъбаву ансамблҳо ва устодони ботаҷрибаи ин мактаб ба таври алоҳида мавриди таҳлилу омӯзиш қарор бигирад. Умедворем, ки бо дастгирии Вазорати фарҳанги ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту вазъи Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ боз ҳам беҳтар гардида, дар муаррифии мусиқӣ ва фарҳанги тоҷикон бештар аз пештар хизматменамояд.

Хосият Султонова,
Ходими илмии Пажўҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот