Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фарҳанги миллӣ

Ба тасвиб расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав) ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик сабт гардид.
Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 26-уми июни соли 2000-ум чунин зикр намудааст: «Ҳар касе ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дўстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидаем, ҷомаи мо аз нав баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад».

Президенти кишвар дар замони чаҳонишавӣ ягона шахсиятест, барои пойдории муқаддасоти миллӣ Забон, Модар Ватан нақши муассир гузошта, тақдири ягонаи таърихи миллати тоҷикро бо эҳёи арзишҳои миллӣ ва пойдории он пойдевори устуворро барои насли оянда фароҳам овардааст.

Масъалае ки имрўз мо мехоҳем матраҳ намоем, ин нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фарҳанги миллист. Кадом унсурҳоро таҳкимбахши фарҳанги миллист?

Мусаллам аст, ки ҳар як кишварро дар ҷаҳони мутамаддин маҳз тавассути фарҳанги ҳамон миллат мешиносанд. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо сулҳу оромиш, балки эҳёи суннатҳои миллиро низ насиб гардонид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва гиромидошти фарҳанги миллӣ заминаҳои муоидро фароҳам овардааст, ки намунаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши фарҳанг ва ҳунар далели ин гуфтаҳост: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи реклама», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи театр ва фаьолияти театрӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» , «Дар бораи рўзҳои ид», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», барномаҳои давлатӣ: «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017», «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» ва ғайраҳо.

Зимни омўзиши ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ диққати маро бисёр ба худ ҷалб намуд. Ин ҳам қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» мебошад. Вақте таваҷҷуҳ ба феҳристи идҳои кишвар мекунем, дар қатори дигар санаҳои муҳими таърихӣ ҷашнгирии арзишҳои ниёкони мо, ки зарфи чандинсолаҳо аз хотираҳо фаромўш гардида буданд, ба назар мерасад: Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март, Рўзи зиёиёни эҷодкор – 20 март, Иди байналмилалии Наврўз – 21-24 март, Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ – 18 апрел, Рўзи Шашмақом – 12 май, Рўзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн, Рўзи китоб – 4 сентябр, Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр, Рўзи Рўдакӣ – 22 сентябр, Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – 30 сентябр, Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр, Рўзи Фалак – 10 октябр, Рўзи кинои тоҷик – 16 октябр, Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр, Рўзи театри тоҷик – 7 ноябр, Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр. Дар баробари ин як иди дигар 16-уми ноябр Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят 20-уми март Рўзи фарҳанг қабул гардид.

Таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони тоҷикон (1992) қадами нахуст барои ба ҳам овардани тоҷикони дунё, таҳкими арзишҳои милливу фарҳангӣ бисёр иқдоми шоиста арзёбӣ гардидааст.

Ҳамчунин, баргузории анҷуманҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ на танҳо таҳким, балки таҷассумгари фарҳанги миллӣ маҳсуб мегардад, балки дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик тавонист тавассути он қисме аз паҳлўҳои фарҳанги миллиро дар миқёси кишварҳои мутаммадин муаррифӣ намояд: Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» (5-уми сентябри соли 1994), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), Анҷумани сеюми тоҷикони ҷаҳон (сентябри соли 1996), ташкили конференсияҳо бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (8-уми августи соли 1999), таҷлили 80-солагии зодрўзи Маҳмадулло Холов – Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, ҷашни 100-солагии зодрўзи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев (23-юми марти соли 2001), таҷлили Рўзи Рўдакӣ (21-уми сентябри соли 2002), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (10-уми сентябри соли 2002), 1000-солагии зодрўзи носири Хусрав (8-уми сентябри соли 2003), маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 680-солагии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид алии Ҳамадонӣ (4-уми сентябри соли 1995), тантанаҳои ҷашнии мақоми давлатӣ гирифтани ансабмли «Шашмақом» (12 майи соли 2005), таҷлили 2700-солагии шаҳри Кўлоб (2006),ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ (24-уми майи соли 2007), Соли 2008 – Соли бузургдошти забони тоҷикӣ (21-уми июли соли 2007), Конфронси байналмилалии илмӣ ба ифтихори 800-умин солгарди зодрўзи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (7-уми сентябри соли 2007), баргузории Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (6-уми сентябри соли 2008, 9-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд), Рўзи Фалак (17-уми октябри соли 2008), маҷлиси ботантана ба ифтихори 100-солагии зодрўзи Бобоҷон Ғафуров (24-уми декабри соли 2008), баргузори Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам «Моҳияти таҳаммул-пазирии мазҳаби Имоми Аъзам» (26-уми феврали соли 2009), 3000-солагии Ҳисори шодмон (2016), Рўзи забони давлатии миллии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2010).

Ногуфта намонад, ки бо шарофати Ваҳдаи миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар ин давра, ҳазорон корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маърифативу фарҳангӣ сохта шуд.

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ: 40-солагии азхудкунии дашти Дилварзин дар ноҳия Мастчоҳ (26-уми ноябри соли 1996), таъсиси Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон (7-уми сентябри соли 2001), ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон (7-уми сентябри соли 2001).

Имрўз дар феҳристи Ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 адад мавзеҳои таърихӣ, 8 маҷмааҳои таърихӣ- меъморӣ (Чилучорчашма, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ХV, ), 23 мақбара (Шоҳи Хомўш XI, Шайх Муслиҳиддин XII-XIV, Абуабдулло Рўдакӣ X-XX, ) 17 қалъа (Кофарниҳон VII-VIII, Сангин IX-XI, Мир VI то милод –VI милод, Қайнар VIII, Сангтўда XI, Қалъаи шаҳри Хуҷанд VII-XIX, Қалъаи Муғ VII, Чилҳуҷра (асрҳои V-IX ва ғ.), 2 Маъбад (Оташ I-IV, буддои Вранг IV-VII, боқиро бино, шаҳр, қабристон, мадраса ва дигар мавзеҳо ташкил медиҳад. (манораҳои Варз, Рарз, Фатмев XII, Мақбараи Нақибхони Туғрал (ХХ), боқимондаи деворҳои шаҳри Хуҷанд асрҳои XVII-XIX, Маскани энеолотии Саразм ҳаз. VI-II пеш аз м., тасвирҳои рўи санги ҳазорсолаи VII пеш аз милод, Бунҷикати қадим VI –XII) ва ғайр сабт гардидааст.

Дар ин давра санъати меъмории кишвар низ бисёр ташаккул ёфта, хусусан поягузорӣ барои шинодани мақбараҳо, муҷассамаҳо ва иншооти гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ сурат гирифт: мақбараи хоҷа Камол дар Хуҷанд – соли 1996, гузоштани нимпайкараи Т. Ўлҷабоев дар ноҳияи Нов (13-уми сентябри соли 1998), Ифтитоҳи Муҷтамаи меъморӣ ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён ва муҷассамаи Амир Исмоили сомонӣ (6-уми сентябри соли 1999), кушодани муҷассамаи Мирзо Турсунзода (3-юми октябри соли 2001, шаҳри Турсунзода), маросими гузоштани хишти авали бинои нави Китобхонаи миллӣ (4-уми сентябри соли 2007), гузоштани мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар деҳаи Панҷрўди шаҳри Панҷакент (10-уми сентябри соли 2008), гузоштани муҷассамаи Абўабдулло Рўдакӣ (25-уми августи соли 2008).

Дигар аз масъалаи муҳим эҳёи номҳои таърихӣ ва бозгашт ба суннати номгузории миллии ашхос буда, ҳанўз ин омил аз ҷониби макомоти дахлдор ҷараён дорад.

Чунин далелҳо, бори дигар собит менамоянд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо офарандаи сулҳу оромишу ягонагӣ, балки эҳёгари арзишҳои маънавӣ, таҳкимбахши суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва мероси ғанӣ барои ояндагон мебошад.

Хулоса, давлат ва миллати соҳибихтиёр дорои марзу бум, фарҳангу забон ва адабиёту санъат буда, тамоми сарватҳои кишвар ба ў мансубанд. Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо роҳи осон ба даст намеояд. Тоҷикистон аз имтиҳони таърих бо роҳбари Пешвои миллат ва фарзандони баору номуси миллат бори дигар сарбаландона гузаштааст, гуем ҳам хато намекунем.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, мақому манзалати кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ба таври зарурӣ муаррифӣ намуда, дар рушду такомули маънавиёт, фарҳангу маърифат ва ваҳдати миллии тоҷикон мактаби бузург арзёбӣ намуд.

Нуқра Аҳмадова,
ходими калони илмии шуъбаи
мероси фарҳанги ғайримоддӣ

барчасп: