ҶАШНИ ТИРГОН

Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рўз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рўз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.

Агар аз сўйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврўз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рушноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.

Тир – номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар форси навин бо номҳои Тиштар ва Тир зикр шудааст. Вазифа ва ё хешкории Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.

Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки  сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингўш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кўҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.

Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рўз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хўрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораши шевотир ба болои кўҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерўи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сўи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрўзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.

Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ин ривоятро зикр намуда, маълумоти зеринро илова карда навиштааст: «…номи ин рўз Тир аст, ки Уторид бошад ва он ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рўз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ў дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст ва ин рўзро аз роҳи ҷалолияту эъзом ид гардониданд.  Ва дар ин рўз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипўшанд. Ва низ деҳқононро ба ин кор амр кард. Ва аз ин рўз мулуку деҳқонону мўбадон ва ғайри эшон ин либосро пўшиданд.  Ва  то рўзгори Гўштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад. Ва дар ин рўз эрониён ғусл мекунанд. Ва сабаби он ин аст, ки  чун Кайхусрав аз ҷанг бо Афросиёб баргашт, дар ин рўз аз ноҳияи Сова убур намуд ва ба кўҳе, ки ба Сова мушарраф аст, боло рафт. Ва танҳо худи ў бидуни ҳеҷ як аз лашкариён ба чашмае ворид шуд ва фариштагонро дид ва ҳамоно мадҳуш шуд. Вале ин кор бо расидани Бежани писари Гавдарз мусодиф шуд ва қадре аз оби чашма ба рўи Кайхусрав рехт. Вайро ба санге такя дод ва гуфт: «Эй подшоҳ, маяндеш». Ва қарияи Лаинро он ҷо сохта, номи онро «Маяндеш» гузориданд ва кам-кам таҳриф ёфту «Андеш» шуд. Ва расми ғусл кардану  шустушўй ба ин об ва дигар обҳои чашмаҳо боқӣ ва пойдор монд ва ба роҳи табаррук. Ва аҳли Омул ба дарёи Хазар мераванд ва тамоми рўз оббозӣ мекунанд».

Албатта ин як матни бофтаи омиёна аст ва Берунӣ ҳам ин қарияро бо номҳои қаҳрамонони ҳамосаҳои эронӣ рабт намуда, ривоятро такмил додааст.

Дар гузашта дар рўзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирўзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анўшервон дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рўй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирўз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рўзи Тир борон  борид.  Ба хотири ин борони таърихӣ Пирўзшоҳ амр намуд, ки ин рўзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд. 

Муаллифи «Зайнулахбор» Абўсаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ дар асари таърихнигории хеш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши зикр намудааст: «… ва андар Тиргон порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гўянд, ки мардумон андар ин рўз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихўранд ва гўянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанд ва хўрданд, ки орд натавонистанд кард. Зеро ҳама дар ҳисор буданд».

Ин ривоятро Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» таъйид карда, меафзояд: «… ва чун дар вақти муҳосира кор ба Манучеҳр ва эрониён сахту душвор буд шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандум ва пухтани нон намерсиданд, гандум ва мева кол (хом) мепухтанд. Бад-ин ҷиҳат шикастани зарфҳо ва пухтани меваи кол ва гандум дар ин рўз расм шуд».

Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерўфтанд, либоси  тоза мепўшиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди даҳ рўз дар рўзи Бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рўз мардумони эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои эронинишин ин ойин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ нисбат медиҳанд.

Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушўи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хўришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хўрданиҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурўҳ шуда дар кўчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин ҷашнро табрик мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд

Дар байни тоҷикон дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд.

Дар тасаввуроти баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрўз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир, боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд.

Дар давраҳои қадим мардумони манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати борон ба Қамбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуиро барпо мекардаанд, ки имрўзҳо баъзеашон ба сурати бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.

Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар зикр шудаанд. Тақрибан пас аз асрҳои 14-15 роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. Расму ойинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд.

Дилшод Раҳимов
номзади илми филология,
муовини дирекори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот