Баррасии рушди равобити фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамоиши Остона

Омӯзиш ва таблиғи фарҳанги муосири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунин ном дошт маърӯзаи Шариф Комилзода –Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми шаҳрвандии марказҳои илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои узви машварат оид ба ҳамкории муштарак ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА) дар доираи Фестивали солонаи дӯстии халқи Қазоқистон “Фарҳанги ошкорбаёнӣ асоси сулҳ ва ризоят” .

Ин Ҳамоиш охири моҳи гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Шариф Комилзода  оид ба ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, натиҷаи корҳои анҷомёфта дар тарғиби донишҳои фаврҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар самти  таҳияи номинатсияҳои унсурҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди онҳо ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобили ду кишвар дар илму фарҳанг суханронӣ кард.

Вай аз ҷумла гуфт, ки ба таҳкими равандҳои ҳамгироӣ баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар таърихи 22-24 октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе мусоидат кард.

29-уми августи соли 2013 бошад дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  намоиши суратҳо бо номи “Қазоқистон дар ҷаҳони муосир баргузор шуд”.  Ва дар ҷараёни ифтитоҳи он Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон А.Смагулов силсилаи китобҳо оид ба Қазоқистонро туҳфа намуд.

Шариф Комилзода дар идомаи суханронии худ иброз дошт, ки соли 2017 ба таъсиси “Ҷамиъияти дӯстии Тоҷикистон-Қазоқистон” 15 сол пур мешавад. Дар ин муддат ин ҷамъият корҳои зиёдеро дар таҳкими равобити фарҳангиву адабии ду кишвар анҷом дод, ки муҳимтаринашон  баргузории мулоқоти адабии “Обой ва Айнӣ”, муаррифии тарҷумаи китоби Обой Кунанбоев, роҳандозии чор фестивали филмҳои қазоқӣ дар шаҳри Душанбе, чопи китоби “Обой ва адабиёти тоҷик” ва ғайра мебошад.

Дар идомаи суханронии худ Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангиву адабӣ бо мисолҳои зиёди мушаххас ҳарф зад ва онро барои ду кишвар созанда тавсиф намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки  дар Ҷумҳурии Қазоқистон тибқи маълумоти расмии оморӣ 42143 нафар тоҷикон зиндагонӣ мекунанд. 12-уми феврали соли 2003 дар ин кишвар Анҷумани иттиҳодияи ҷамъиятӣ-фарҳангии тоҷикони Қазоқистон ташкил шуд, ки 8 маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони муқими шаҳру вилоятҳои Қазоқистонро фаро гирифтааст. Дар Қазоқистони ҷанубӣ бештар аз 33 ҳазор тоҷикон иқомат доранд ва дар ин минтақа 3 мактаби тоҷикӣ ва 10 мактаби омехта фаъол аст.

Мақолае дар бораи тоҷикони Қазоқистон дар ҳоли омода шудан аст ва он ба зудӣ нашр хоҳад шуд.