Ҳунари кокулбофӣ дар Восеъ

Аз асрҳои пеш мафҳуми “кокул” дар байни тоҷикон бо истилоҳҳои ҷамолак, пилта, пўпак, пилик ва ғайра номбар шуда, истифодабарандагони он, асосан, занону духтарон мебошанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ онро чолбандак ва шаддае (пўпак), ки дар давомаш пайваст мекунанд, чолбандгирак меноманд.

Оро додани мўйҳо, бофтани кокул ва овехтани зеварҳои ороишӣ байни занону духтарони тоҷик суннати дерина буда, дар ҳар минтақа бо тарзҳои мухталиф роиҷ аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ кокулбофию кокулбандӣ дар байни ҷавондухтарону арўсон ва ҳатто занони солхўрда то кунун маъмул мебошад, ки мазмунҳои иҷтимоию фарҳангии хешро нигоҳ доштааст.

Дар замонҳои қадим вақте ки занону духтарон мўйи худро майдабофӣ мекарданд дар нўгаш аз пахта ё карбоси сафед кокул мебофтанд. Дар бисёре аз мавридҳо, аниқтараш мувофиқи синну сол занони калонсол мўяшонро ду кокул бофта, нўги онро бо сангу зангўла ва тангаҳои гуногуни нуқрагине, ки дар ришта насб гардида буданд, оро медоданд. 

Аз асрҳои пеш мафҳуми “кокул” дар байни тоҷикон бо истилоҳҳои ҷамолак, пилта, пўпак, пилик ва ғайра номбар шуда, истифодабарандагони он, асосан, занону духтарон мебошанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ онро чолбандак ва шаддае (пўпак), ки дар давомаш пайваст мекунанд, чолбандгирак меноманд.

Кокулро аз ришта ва аз ҳар гуна сангу муҳраҳои ороишӣ тайёр мекунанд. Дар аксари ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, хусусан Восеъ равиши бофтани он бо чунин тарз сурат мегирад: се қисм риштаи сиёҳи ғафсро гирифта ба ҳам мебофанд. Сипас ба онҳо муҳраҳоро мувофиқи нақш ё гули матлуб мегузаронанд.

Дар минтақаи Бадахшон кокулро аз риштаву сангу муҳраҳои сурх ва дар баъзе ноҳияҳои дигар аз ранги сиёҳу сафед омода мекунанд. Кокулҳои шаҳри Панҷакент аз дигар минтақаҳо бо тарзи бофтан ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин ноҳия ҳар як кокулро алоҳида бофта, аз болояш бо тасмаи махсуси сиёҳе, ки сўрохӣ дорад, пайваст мекунанд. Ҳангоми истифода бурдан онро ба тасмаи дигаре, ки тугма насб карда шудааст мепайванданд. Ин амалро арўсони ноҳияи мазкур  то як ҳафта иҷро мекунанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар гузашта занони тоҷик бо ин роҳ мўйи сари худро дарозу зебо нигоҳ медоштанд ва ба духтаронашон талқин мекарданд, ки чолбанд ё пўпак ба дароз шудани мўйи сар кўмак мерасонад. Имрўз бошад, дар баробари пешрафти ҷомеа ороиши мўй низ то андозае тағйир ёфтааст. Урфу одат ва анъанаҳое, ки нисбат ба мўй ва бофтани он вуҷуд дошт, оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодаанд. Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам дар деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ занону духтаронеро дучор омадан мумкин аст, ки мўйи худро майдабофӣ намуда, бо чолбанд ороиш додаанд.

Зикр ба маврид аст, ки намунаи тасвири маводи ороишии кокулҳои ноҳияи Восеъ аз нақшу нигорҳои гуногун иборатанд. Масалан, дар ин ноҳия духтаракони хурдсол кокуле, ки ба нўгаш зангўла овезон аст, наврасону ҷавондухтарон кокули мўҳрадор ё риштагӣ ва занони калонсол кокулҳои бо тангаҳои нуқрагиву мисӣ ва марҷонҳои гуногун ороиш ёфтаро ба мўйҳои худ насб мекунанд. 

Анъанаи кокулбофӣ дар Восеъ инчунин дар контексти ҷашни арўсӣ ва суннатҳои хосси ин ноҳия сурат мегирад, ки яке аз онҳо маросими саршўёни арўс мебошад. Ҳангоми гузаронидани ин маросим ба нўги мўйҳои арўс кокули аз пахта омодашударо мебофанд. Чунки пахта - ранги сафед рамзи саодат, бахти сафед, роҳи сафед ва хушбахтӣ дониста мешавад.

Кокулҳои гулдухтарони ин ноҳия, асосан, аз риштаи бирешими сиёҳ омода карда мешавад. Занҳо пас аз қисмати мўйро бофтан, кокулро ба нўги он ҳамроҳ карда мебофанд.

Тавре ки зикр шуд, дар ноҳияи Восеъ кокул бо номи чолбандак маъмул буда, нўги он бо чолбандгирак (пўпаки сетора), ки бо ришта ва муҳраҳои хурди ранга зебу зинат дода шудааст. Дар баъзе маврид пўпаки кокулҳоро дар шакли ранга низ мебофанд.

Чолбандгирак монанд ба кокул буда, ҳаҷман хеле хурд ва кўтоҳ аст. Ғайр аз ин чолбандгиракро танҳо ба воситаи муҳраҳои хурд-хурд ороиш медиҳанд. Мувофиқи маълумоти занони ҳунарманди Восеъ, вазифаи чолбандгирак аз он иборат аст, ки баъди мўйро бофта, кокулро пайваст кардан дар нўгаш чолбандгиракро ҳам илова мекунанд, то ҳангоми ҳаракат мўйҳои бофта ба ҳар тараф парешон нашаванд. Чолбандгирак дар аксари навоҳии кишвар бо номи пўпак низ машҳур аст. Пўпакро дар гаҳвораи кўдак, дастаи асбобҳои мусиқӣ ва дигар ҷойҳо дар шаклу намудҳои гуногун васеъ истифода мебаранд.

Аз таҳқиқотҳо маълум мегардад, ки нисбат ба солҳои пеш истифодаи кокул дар деҳот низ каме коста гаштааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ин ноҳия танҳо занҳои миёнсолу пиронсол ва гоҳо наврасону ҷавондухтарон ва арўсон дар баъзе мавридҳо аз кокул истифода мекунанд. Занони тоҷик мекўшанд, ки урфу одат ва суннатҳои аҷдодони хешро, ки тўли садсолаҳо аз насл ба насл гузашта, ба мо омада расидааст, ҳифз намуда, ба ояндагон ҳамчун мерос интиқол диҳанд.

Лайло Носирова

барчасп: