Озмуни умумиҷумҳуриявии «Гулзори маърифат» ҷамъбаст шуд

Дар рафти ҷамъбаст доир ба вазъ, ҳолат ва фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зимни боздиду шиносоӣ ва сафари хидматии аъзоёни ҳакамон аз санаи 16-апрел то 12-маи соли 2018 маълум гардид, ки муассисаҳои мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои ба тавсиб расида фаъолият намуда, дар ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон корҳои шоистаро амалӣ гардонида истодаанд.

Тибқи Фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02. 18 таҳти № 43 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангу фароғатӣ «Гулзори маърифат» бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври аввали озмун гузаронида шуда, ғолибон дар вилоятҳо аз ҷониби Раёсати фарҳанг муайян гардидаанд, пешниҳод ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба унвони Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ бошад, натиҷабардорӣ оид ба боғҳои беҳтарин ва номенатсияҳои дар Фармоиш зикргардида аз ҷониби аъзоёни ҳакамони озмун якҷоя бо мутахассисон ва кормандони бахш ва шўъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо муайян карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки масъулини тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ва муаррифии сазовори муассисаҳои зикргардида дар кори ташкилу фароғати шаҳрвандон, сабзу хуррам гардонидан ва ободонии боғҳо, роҳандозӣ гардидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ корҳои зиёдро ба анҷом расониданд.

Дар рафти ҷамъбаст доир ба вазъ, ҳолат ва фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зимни боздиду шиносоӣ ва сафари хидматии аъзоёни ҳакамон аз санаи 16-апрел то 12-маи соли 2018 маълум гардид, ки муассисаҳои мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои ба тавсиб расида фаъолият намуда, дар ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон корҳои шоистаро амалӣ гардонида истодаанд.

Дар даври дуюми Озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳакамонро дар ҳайати Мирзоалиев Нуралӣ – сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҷўраев Набиҷон – сармутахассиси Раёсати фарҳангӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва банда Умедаи Тағай – ходими калони илмии шўъбаи фаъолияти ӣҷтимоӣ-фарҳангии Пажўишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

Дар Ҷумҳурӣ 67-боғи фарҳангӣ-фароғатӣ буда, дар озмуни «Гулзори маърифат» 37-тои он ба рўйхат гирифта шуда  буд.  

Рўзи 24-июни соли -2018 дар боғи устод Садриддин Айнӣ ғолибони озмун даъват шуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва мукофотҳо гардиданд аз ҷумла:

Дар сатҳи ноҳиявӣ:

  • Ҷойи 1- Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
  • Ҷойи 2 - Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Рашт
  • Ҷойи 3 - Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
  • Ҷойи 3 - Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.

Дар сатҳи шаҳрӣ:

  • Ҷойи 1 - Боғӣ фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе.
  • Ҷойи 2 - Боғӣ фарҳангӣ – фароғатии “Парчами миллӣ” дар шаҳри Душанбе.
  • Ҷойи 2 - Боғӣ фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.
  • Ҷойи 2 - Боғӣ фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Хуҷанд ба номи  Камоли Хуҷандии вилояти Суғд.
  • Ҷойи 3 - Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Хоруғи Вилояти  Мухтори Кўҳистони Бадахшон.
  • Ҷойи 3 - Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд.
  • Ҷойи 3 - Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
  • Ҷойи 3 - Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Турсунзода.

Дар байни боғҳои ботаникии Тоҷикистон:

Ғолиби озмун  “Боғи марказии илмӣ – ботаникии Тоҷикистон”

Дар номинатсияҳои ташкилотчии беҳтарин – Мирзоева Эркамо – мудири шуъбаи фарҳангии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.

Роҳбари бадеии беҳтарин -  Шарипов Карим – мудири бахши фарҳангии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон.

Боғбони беҳтарин – Ғозиев Яҳё – корманди боғи фарҳанги фароғатии шаҳри Ҳисор,

Гулпарвари беҳтарин – Зоҳирова Фирӯза – корманди муассисаи давлатии “ Боғи марказии илмиӣ – Ботаникии Тоҷикистон”

Рассоми беҳтарин – Асоев Ҷонибек – директори Осорхонаи ҳунармандони шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон.

Дизайнери беҳтарин – Назаров Рамазон – директори Муассисаи давлатии Боғи “Парчами миллӣ” –и шаҳри Дуҳанбе.

Барои иштироки фаъолона дар озмуни Ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ зери унвони “Гулзори маърифат” бахшида ба 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушти саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сарфароз гардонида шуданд:

  1. Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Ваҳдат.
  2. Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Ҳисор.
  3. Боғи фарҳангӣ– фароғатии шаҳри Роғун.
  4. Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Исфараи Вилояти Суғд.
  5. Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
  6. Боғи фарҳангӣ– фароғатии “Хайём”-и шаҳри Душанбе.
  7. Боғи фарҳангӣ– фароғатии устод “Рӯдакӣ” шаҳри Душанбе.
  8. Боғи фарҳангӣ– фароғатии “Ғалаба” – и шаҳри Душанбе.

Чанд тан аз ғолибон ва созмондиҳандагони чорабинии мазкур бо мукофотҳои “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Умедаи Тағай
Ходими пешбари

ПИТФИ