Китоби наве, ки аз ибтикороти шоистаи Пешвои миллат ҳикоят мекунад

«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон» - таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст» - и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа буда, аз маҷмӯаи  порчаҳо аз паёмҳои парлумонӣ, суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо ва изҳоротҳои матбуотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва замимаҳо иборат мебошад.

Қисмати аввали маҷмўа ба масъалаҳои мубрам ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир бахшида шудааст. Маводҳои қисмати дуюм ибтикороти Сарвари давлатро дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, роҳҳои ҳалли ќазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир инъикос мекунанд.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимон, дипломатҳо, хизматчиени давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст.

Дарёфти китоб.

барчасп: