Борбади Марвазӣ

Мусиқии аҳди сосониён дар шахсияти Борбад  барин устоди бузурги созу овоз яке аз саҳифаҳои дурахшони тамаддуни мардумони эронинасл аст. Баъзе муҳаққиқон муътақиди онанд, ки гўё сарчашмаи афкори илмии мусиқии шарқӣ, аз ҷумла форсиён аз юнони қадим аст. Маҳз бо сайъ, кўшиш ва санъати баланди иҷрокунандагии Борбад  дар мусиқии форсиён таҳаввулоти нотакрори ҳунарӣ ба миён омад ва беҳуда нест, ки дар таърих ин давра «асри тиллоии мусиқӣ»-и форсиён в умуман Шарқ сабт шудааст.

Борбад дар таърихи мусиқии мардумони  эронинажод баробари сароянда, навозанда, оҳангсоз ва шоири сурудсаро эътибори бузург доштан, инчунин ба сифати мусиқидони номвар дар тартибу танзим додани пояҳои назарии он хизмати нотакроре кардааст.  Силсилаи «Хусравонӣ»-и ў аз анвои мусиқии устодона шаҳодат дода ва ин таснифоташ таҳаввулоти бузурги эҷодӣ ва иҷрокунандагиро асос гузошта, муҳимтаринаш он аст, ки ном ва тавсифи аксари таснифоташ дар осори илмӣ-адабӣ, таърихӣ ва мусиқӣ сурат гирифта, инчунин бетағир дар мусиқии мардумони эронинажод, ғайриэронӣ барҷо мондааст.

Борбад (тақрибан 585-89, Нисо, Марв 628-38 Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони эронӣ, асосгузори маҷмуаи силсилавии мусиқии устодони эронӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Фаҳлбазм  ҳам ёд мешавад. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз.

Мусиқии аҳди сосониён дар шахсияти Борбад  барин устоди бузурги созу овоз яке аз саҳифаҳои дурахшони тамаддуни мардумони эронинасл аст. Баъзе муҳаққиқон муътақиди онанд, ки гўё сарчашмаи афкори илмии мусиқии шарқӣ, аз ҷумла форсиён аз юнони қадим аст. Маҳз бо сайъ, кўшиш ва санъати баланди иҷрокунандагии Борбад  дар мусиқии форсиён таҳаввулоти нотакрори ҳунарӣ ба миён омад ва беҳуда нест, ки дар таърих ин давра «асри тиллоии мусиқӣ»-и форсиён в умуман Шарқ сабт шудааст.

Бино ба эътирофи манобеи хаттӣ Борбад яке аз асосгузорони мусиыии аҳди сосонӣ ва умуман Шарқ будааст. Ҳеч ҳунарваре  мисли ў  дар таърих чунин тавсифу муаррифӣ нашудааст. Таснифоти ў «Сабз дар сабз», «Партави фархор «Ороиши Хуршед», «Нўшинлабон», «Гулзор», «Сарви саҳӣ» ва асари ҷомеи силсилавии «Хусравонӣ» дар ҳаёти мусиқии аҳди сосониён мавқеи калонро ишғол менамояд.Борбад  бо он бузург аст, ки ў дар санъати мусиқии Шарқ таҳаввулоти бузургеро ба миён овард, ки маҳз асарҳои офаридааш асос, пояҳои амалии устодона ва назарияҳои мусиқии минбаъдаи форсиён сурат гирифт. Дигар ин Борбад  аз аввалин санъаткорест, анъанаҳои  иҷрокунандагӣ, таҳқиқи мусиқиро ба як низоми илмӣ ва устодона оварда, онро дар мисоли таснифоташ собит намудааст.

Муаррихони форсию арабӣ муътақиди ин нуқтаанд, ки баробари  танзиму тартиби мусиқии форсиён инчунин мусиқии арабӣ аз осори Борбад  сарчашма гирифтааст. Сӣ лаҳни устодона,  сесаду шаст суруду оҳанг ва ҳафт достони сирф  устодонаю шоҳонаи ў имрўз дар мусиқии форсиён (эронӣ, тоҷикӣ) ва дигар мардумони шарқ барҷо мондааст.  Агарчӣ бисёре аз осори ў то замони мо нарасидааст, вале  қисми асосии он дар дохили мусиқии анъанавии мардумони эронинасл барҷо мондааст.

Образ, шахсият ва мероси мусиҷии Борбад дар осори хаттии шоирони форсию арабизабон зиёд ба қалам омада (достонҳои А.Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Насриддини Тўсӣ, Қайси Розӣ)  ба нақши ў дар поягузории мусиқии классикии мардуми Шарқ баҳои баланд додаанд. Низомӣ маҳорати баланди Борбадро (дар Хусрав ва Ширин) чунин тасвир кардааст:

Суруди паҳлавӣ дар нолаи чанг,
Фиканда сўзи оташ дар дили санг.
Талаб фармуда карданд Борбадро
В-аз ў дармон талаб карданд хадро.

Борбад инчунин аз асосгузорни суруду оҳангҳои сислсилаи баҳория – наврўзӣ, паҳлавонӣ, таърихӣ, базмию размист. Оҳангу сурудҳои паҳлавонӣ, таърихӣ, рамзии ў «Пайкари гурд», «Мозандаронӣ», «Афрангниҳо”, «Додофарид» ва ғ. Дар асарҳои илмии тадқиқотии назарияи мусиқӣ аз ҷиҳатҳои гуногуни таснифоти Борбад сухан меравад ва мусиқидонон асоси пайдоиши «Дувоздаҳмақом»  ва анъанаи мақомхониро ба лаҳнҳои сигона ва сад дастони Борбад  нисбат медиҳанд. Агарчи тарзи иҷрои аслии осори мусиқии Борбад то ба рузгори мо нарасидаат, вале шакл сохт, мавзўи таснифоти ў аз насл ба насл омадаааст ва намунаи барҷастаи он  санъати мақом ва  мақомхонист, ки онро дар Дарвозу Бухоро Марвихонӣ, Марвӣ ва дар Эрону Афғонистон Хуросонӣ, Хуросонхонӣ меноманд. Беҳтарин иҷрокунандаи ин силсила ҳофизи зиндаёд Акашариф Ҷўраев  буд. «Чорзарб»-и ў низ ба асоси асарҳои Борбад  эҷод шудааст.

Шоир Муҷалладаи Гургонӣ (асри ХП) гуфтааст;  дар таърихи мардуми эронӣ ду сулола – Сосониёну Сомониён ва аз адабу ҳунар Рўдакию Борбад  барои минбаъд  мояи ифтихору шаҳомат шудаанд;

Аз он чандон наимӣ ин ҷаҳонӣ,                                      
Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон.
Санои Рўдакӣ мондаасту мидҳат,
Навои Борбад мондаасту дастон.

барчасп: