ГУЛОБКАШӢ чӣ ҳунарест?

Тарзи дигари гулобкашӣ чунин аст: косаи сафол ва косаи чиниро бо барги гул пур мекунанд. Болои онро бо сарпӯше, ки дар он найчаи найӣ халонда шудааст, мепушонанд. Дегро бо об пур мекунанд ва косаро ба рӯйи об мегузоранд. Ба нӯги найча боз як найчаи дигарро ба тарзи уфуқии хобида васл мекунанд, нӯги найчаи сеюмро ба самти поин хам карда пайванд менамоянд ва нӯги онро ба даруни шишае мемонанд, ки дар он буғи гулоб ҷамъ мешавад. Ба ҷои найчаи найӣ баъзеҳо аз найчаи мисӣ истифода менамоянд.

Гулобкашон аз гули атргул, садбарг як навъ нӯшокӣ омода мекунанд, ки тарзи омода намудани он чунин аст: баргҳои гули садбарги аз шохчаҳо ҷудакардашударо бо оби соф шуста, дар андаке об дар дег ва ё дегчаи сирдор меҷӯшонанд. Барои он ки таги дег нагирад (насӯзад), онро тагу рӯ мекунанд ё омезиш медиҳанд. Пасон баргро аз об ҷудо мекунанд ва он обро аз дока мегузаронанд. Ба он об шакар ҳамроҳ карда, ба шишаҳо меандозанд ва даҳони шишаро чунон маҳкам мекунанд, ки ба он ҳаво надарояд. Моеи шиша дар давоми 10 – 15 рӯз ба таври худ ҷӯшида, пас аз чанд рӯз аз ҷӯшиш мемонад. Ин навъ гулоб спирт дошта, шабеҳи нӯшокиҳои спиртӣ аст.

Гулобкашӣ (аз гулоб – оби муаттари як навъ гули садбарг, ки ба воситаи анбиқ (асбоби арақкашӣ) ҳосил мекунанд), амали гулоб кашидан, тарзи аз атргул, гули садбарг гирифтани гулоб. Гулобкашӣ яке аз касбҳои қадимӣ буда, дар гузашта дар байни тоҷикони шаҳр ва ё минтақаҳои махсус маъмул буд. Истилоҳи гулобгирӣ, гулоб кашидан низ роиҷ аст. Касеро, ки гулоб мекашад, гулобкаш ё гулобгар мегӯянд. Аз сабаби он ки гулоб барои саломатии инсон муфид аст, дар гузашта Гулобкашӣ хеле роиҷ гардида буд.

Гулобро гулобкашон бо чанд тариқ мегиранд. Ҳанӯз офтоб набаромада гулҳои навшукуфтаи атргул ё гули садбарги хушбӯйро мечинанд ва онро як шабонарӯз дар соя мегузоранд. Баъдан баргҳои нафиси гулро аз шохчаҳо ҷудо мекунанд. Сипас дар деги махсус – анбиқ об андохта, онро чанд дақиқа меҷӯшонанд. Дар ин оби ҷӯшида баргҳои гули садбаргро андохта, онро 2 – 3 дақиқа меҷушонанд. Ҳангоми ҷӯшидани об бо диқат менигаранд, ки об аз барги гул поинтар наравад. Агар об аз барг пасттар бошад, ба он каме об илова мекунанд, то ки баргҳоро об пӯшонад. Пас аз ин амал сарпӯши анбиқро мепӯшонанд ва гирди онро бо хамир маҳкам карда ин обро то 2 соат ва гоҳе аз он бештар меҷӯшонанд. Дар як гӯшаи анбиқ чӯби қаламшакли нӯгборик мегузоранд, ки онро мил мегӯянд. Пас аз он зарфҳои махсусеро таҳия намуда, нӯги милро ба он мегузоранд, то ки ҳаво надарояд.

Тарзи дигари гулобкашӣ чунин аст: косаи сафол ва косаи чиниро бо барги гул пур мекунанд. Болои онро бо сарпӯше, ки дар он найчаи найӣ халонда шудааст, мепушонанд. Дегро бо об пур мекунанд ва косаро ба рӯйи об мегузоранд. Ба нӯги найча боз як найчаи дигарро ба тарзи уфуқии хобида васл мекунанд, нӯги найчаи сеюмро ба самти поин хам карда пайванд менамоянд ва нӯги онро ба даруни шишае мемонанд, ки дар он буғи гулоб ҷамъ мешавад. Ба ҷои найчаи найӣ баъзеҳо аз найчаи мисӣ истифода менамоянд. Ин шишаро дар як лагани оби хунук мегузоранд. Ҳамин тавр ба таги дег оташ мегиронанд. Об ки ҷӯшид, буғи ҷамъшуда ба воситаи найчаҳо ба даруни шиша  мерезанду дар он ҷо хунук ва ҷамъ мешавад. Агар ин моеи ҳосилшударо дубора ба коса андохта буғи онро дар шакли об бигиранд, дар натиҷа як моддаи хушбӯй, яъне гулоб ҳосил мешавад. Агар оби гулобро чандбор гаштаву баргашта ҷӯшонда, аз буғи он боз гулоб гиранд, гулоби аъло сифат ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, дар байни мардум истилоҳи гулоби якоташа, дуоташа низ маъмул аст. Гулоби аълосифатро чор бор меҷӯшонанд, ки онро гулоби чороташа мегӯянд. Гулобро бо ҳамон равиши дар боло ёдоваршуда аз райҳон низ мегиранд, ки ин навъ гулоб хеле хушбӯй ва гаронбаҳост.

Сеюм, гулобкашон аз гули атргул, садбарг як навъ нӯшокӣ омода мекунанд, ки тарзи омода намудани он чунин аст: баргҳои гули садбарги аз шохчаҳо ҷудакардашударо бо оби соф шуста, дар андаке об дар дег ва ё дегчаи сирдор меҷӯшонанд. Барои он ки таги дег нагирад (насӯзад), онро тагу рӯ мекунанд ё омезиш медиҳанд. Пасон баргро аз об ҷудо мекунанд ва он обро аз дока мегузаронанд. Ба он об шакар ҳамроҳ карда, ба шишаҳо меандозанд ва даҳони шишаро чунон маҳкам мекунанд, ки ба он ҳаво надарояд. Моеи шиша дар давоми 10 – 15 рӯз ба таври худ ҷӯшида, пас аз чанд рӯз аз ҷӯшиш мемонад. Ин навъ гулоб спирт дошта, шабеҳи нӯшокиҳои спиртӣ аст.

Гулобро дар атриёт ҳамчун давои қуввати дил, дафъкунандаи хафақон, молихулиё ва дигар касалиҳо ба кор мебаранд. Гулобро дар таом, нӯшобаҳо, баъзе ҳалвоҳо, маҳсулоти қаннодӣ, аз ҷумла мураббои сабзӣ, нишолло, набот, шакар, лавз низ истифода менамоянд, ки онҳоро хушбӯй мекунад. Гулобшакар навъе аз шириниест, ки аз шарбати гулоб таҳия мешавад. Ҳамчунин аз гулоб як навъ шарбати қандилгулоб тайёр мекунанд, ки нӯшидани он рӯҳи шахсро болида месозад.

Гулобро дар зарфҳои махсус бо номҳои гулобпош, гулобдон (офтобаи махсуси симину зарину булӯрин) нигоҳ медоранд. Баъзе ин зарфҳо махсус барои пошидани гулоб аст. Гулобро дар шаби никоҳ истифода менамоянд, ки тамоми мӯҳитро бӯйи гуворои он фаро мегирад. Баъзеҳо ба болои ҷасади мурда ҳам гулоб мепошанд. Бахусус агар ҳаво гарм бошад, гулоб ҳар бӯйеро, ки дар ҷасад ҳис мешавад, бартараф менамояд.

Гулобкашӣ дар гузашта дар Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Ҳисор, Бухоро, Самарқанд, Шаҳрисабз ва дигар ҷойҳо мавҷуд буд.

Аз китоби “Донишномаи фарҳанги
мардуми тоҷик”,  ҷилди 1, Душанбе 2015,
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.

барчасп: