Шинохте аз Боқиева Муслима

Муслима Боқиева аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштанӣ буду ҳаст. Сабки нотакрори сурудани таронаҳои классикӣ дошт. Ду сол пеш тарки олам кард ва агар зинда мебуд, ин моҳ ба синни мубораки 85 медаромад. 

Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ  ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбўрнавози машҳур Боқиев Солеҳ омўхтааст. Аз соли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, аз устодони мусиқӣ Ф. Шаҳобов, Ф. Солиев, З. Шаҳидӣ дарси маҳорат омўхтааст.

Аз соли 1953 сароянда ва баъд роҳбари ансанбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ансамбли «Чаман») буд. Боқиева сарояндаи пурэҳсос ва соҳибзавқ буд, истеъдоди хуб ва овози софу ширадор дошт.  Дар иҷрои сурудҳои халқию класикии тоҷикӣ маҳорати тамом дошта, сурудҳои русӣ, озарӣ, туркманӣ, ўзбекӣ, украинӣ, молдавӣ, қирғизӣ, афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва туркиро хуб мехонд. Сурудҳои «Эй машъали шарқ» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги халқ), «Пойтахти ман» (шеъри Б. Раҳимзода, оҳанги З. Шаҳидӣ), «Духтари самарқандӣ» (шеъри Б. Фаррух, оҳанги С. Ҳамроев), «Ба Ватан» (Шеъри Ҳ. Юсуфӣ, оҳанги халқ), «Ёри надорӣ» (Шеъри Фоқиф, оҳанги Ф. Одинаев), «Гул ба боғ» (шеъри Зебуннисо, оҳанги Ф. Солеҳов), «Сабзинаранг» (халқ) ва ғайраҳо аз беҳтариин сурудаҳои ў мебошанд.

«Қӯшчинор» (ғазали Туғрал), «Баёти 5» (ғазали Рўдакӣ), «Қашқарчаи Савти Наво» (ғазали Ҳилолӣ), «Чоргоҳ» (ғазали Камоли Хуҷандӣ) ва дигар сурудҳои калассикӣ дар иҷрои ў садо додаанд.

Муслима Боқиева дар  сурудҳояш Ватан, меҳнату суботкориҳо ва бахту саодати мардумро тараннум кардааст. Дар ҳайати Ансамбли рубобчизанон ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Эрон (1957), Афғонистон (1963,1973) ва Австрия (1961) сафарҳои ҳунарӣ намудааст.   

Муслима Боқиева ширкаткунандаи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москав (1957) ва Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷуён дар Москав (1957) мебошад.

Барои хидматҳои шоёнаш дар рушди мусиқии тоҷик бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои фахрии  Президиуми Шўрои Олии ҶШС  Тоҷикистон сарфароз гардидаст.

Моҳи ноябри соли 2016 дар синни 83-солагӣ аз олам рафт. Бино ба иттилои наздиконаш Муслима Боқиева дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Аз Энсиклопедияи  миллии тоҷик. – Душанбе, 2014. – Ҷ.3. – С. 43-44.

барчасп: