Масхара дар рақс

Мазмуни ин рақс мазҳакомез буда, дар он вохӯрии аспсавор дар роҳ бо як зани ношинос нишон дода шудааст. Аспаксавор бо аспи чубин аз ин тараф аз он тарафи зани ношинос  рақскунон чарх мезанад, ва кушиш мекунад, ки  рўйи занро бинад. Марди дуюме, ки нақши занро иҷро менамояд бо тамоми маҳорат рўйи худро бо рўймоли калон пинҳон карда, ба аспсавор нозу карашма мекунад ва баътар бо ў ба рақс медарояд.

Арғушти масхарабозӣ як навъ рақсӣ мазҳакаомез мебошад, ки онро ҳам мардон ва ҳам занон иҷро мекунанд. Арғушти масхарабозӣ яке аз қадимтарин нишонаҳои жанри мазҳака дар эҷодиёти бадеии халқи тоҷик аст, ки эҳсос ва ҷаҳонбиниро тавассути бадан, дасту по, имою ишора, ҳолати изтиробу нишот тасвир мекунад. Он дар тую маъракаҳои хурсандӣ бисёр иҷро шуда, вобаста ба шароити ҷуғрофӣ, таърихӣ ва иҷтимоии ҳаёти халқ ташаккул ва рушд ёфтааст.

Иҷрокунандаи рақс нуқсони ҷисмонии баъзе одамон: танбалӣ, фарбеҳӣ, лангидан ва ғайрарро мазҳакаомез танқид мекунад. Баъзе иштироккунандагон ҷомаи куҳна мепўшанд, дар сарашон салларо ба тарзи хандаовар мебанданд, ба рўяшон сиёҳии дег ё ранг мемоланд.

Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон усулҳои арғушти масхарабозии кўҳистонӣ ва даштӣ: бадахшонӣ, кулобӣ, ҳисорӣ, раштӣ, суғдӣ ва бухороӣ маъмул аст. Арғушти масхарабозӣ бо вазни мусиқии 2/4, 5/8, 6/8, 7/8, дар води Кулоб; бо вазни 2/4, 3/4, 4/4 дар вилояти Суғд ва бо вазни мусиқии 2/4, 6/8, дар вилояти Бадахшон иҷро мешаванд.   

Дар Бадахшон чунин рақс дар иҷрои ду мард сурат мегирад, ки яке аз онҳо нақши занро иҷро мекунад. Раққоси мазкур ҳатман либоси занона (курта, пойчома)  пушида, сарашро бо руймол  пушонида ,  бо як нўги рўймол ба ҷуз аз чашмонаш, рўйи худро мепўшонад. Мард ҳаракатҳои рақси занонаро шўхиомез тақлид мекунад. Баъзе ҳаракат ва имову ишораи занонро бо тариқи ҳаҷв тасвир менамояд: қадамҳои хурд-хурд мегузорад, чашмак мезанад калаашро хам мекунад ва ғайра .

Мазмуни ин рақс мазҳакомез буда, дар он вохӯрии аспсавор дар роҳ бо як зани ношинос нишон дода шудааст. Аспаксавор бо аспи чубин аз ин тараф аз он тарафи зани ношинос  рақскунон чарх мезанад, ва кушиш мекунад, ки  рўйи занро бинад. Марди дуюме, ки нақши занро иҷро менамояд бо тамоми маҳорат рўйи худро бо рўймоли калон пинҳон карда, ба аспсавор нозу карашма мекунад ва баътар бо ў ба рақс медарояд.

Агар баракс дар арғуши  масхарабозӣ раққосаи асосӣ зан бошад, ҳатман ў либоси мардона (шим, курта, ҷома) пўшида, сарашро бо салла мепечонад, ё тоқӣ мепўшад. Раққоса ҳаракатҳои рақси мардонаро тақлид мекунад: дастҳоро бардошта, шўхомез ҷасуриашро нишон медиҳад, қадамҳои  калон-калон мемонад, каллаашро меҷунбонад. Иҷрокунандаи рақси мардона ба рақс занҳоро таклиф мекунад ва онҳоро мехоҳад ба оғўш гирад. Дар ҷараёни рақс тамошобинон ба раққосаи «мардшуда» луқмаҳо  мепартоянд ва шухиҳо мекунанд.

Рақси мазҳакавии «Кочбазай» яке аз вариантҳои арғушти масхарабозӣ мебошад. Дар он рақс аз тарафи ду мард, марду зан ё ду зан иҷро карда мешавад.

Дар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии марбут ба фарҳанги мардум борҳо арғушти масхарабозӣ ба саҳна гузошта шуда, аз ҷониби доварон ва бинандагон баҳои баланд гирифтааст.

 Бозчоп аз «Мероси фарҳанги ғайридди дар Тоҷикистон». – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 32-33.

барчасп: