Донишу таҷрибаҳои кабкпарварӣ ва кабкбозӣ

Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Қобили зикр аст, ки кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд. Ба гуфти одамоне, ки кабкро хубтар мешиносанду бо он сару кор доранд, «садои кабк бештар ба бемории асаб шифо мебахшад». Гўшти кабк серғизо низ буда, барои чандин касалиҳои дигар давобахш аст. Ҳар касе, ки дар хонааш кабк дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хастагиашро ҳис намекунад ва доимо хушҳол мегардад. Кабк  парандаи зираку доно буда, дар талу теппаҳо гўрўҳ-гўрўҳ шуда зиндагӣ мекунанд.

Шахсоне, ки ба шуғли кабкбозӣ ва кабкпарварӣ машғуланд, дар миёни омма онҳоро бо истилоҳи  кабкбоз ном мебаранд. Ба монанди Бурҳони кабкбоз аз Шаҳри Леваканти вилояти Ҳатлон, Сафари кабкбоз, аз ноҳияи Данғара, Маҳмадсаид ё Гулмаҳмади кабкбоз ва амсоли инҳо, ки ҳатто онҳоро на аз рўи насаб, балки аз рўи кабкбозиашон мардум мешиносанду эҳтиромашон мегузоранд. Агар дар бораи парвариш ё шикори кабк ва инчунин дар бораи тарбия ва шинохти  кабк сухане гуфта шавад, аввал аз шахсони кабкбоз маслиҳат мепурсанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин шахсон мутахассис ё кабкшиносони ҳамин минтақа ба ҳисоб мераванд.

Ба ақидаи кабкбозон: «Кабкбозӣ яке аз воситаҳое мебошад, ки барои зиёд гардонидани шумораи кабкҳо дар табиат кўмак мерасонад. Бо роҳи парвариш намудан барои истифодаи кабкбозӣ мардуми маҳаллӣ кабкро аз нобудшавӣ дар табиат нигоҳ медоранд». Ба андешаи Маҳмадсаид Мирзоев сокини шаҳри Леваканти Вилояти Хатлон (с/т. 1959) «кабкбозӣ як навъи бозии қадимӣ ва маъмулии тоҷикон буда, аз замонҳои пеш то ба имрўз байни мардум роиҷ аст». Ба ҳамин хотир солҳои охир чунин намуди бозӣ бо кабк ё мусобиқаи кабкон ба ҳукми анъана даромадааст. Қариб ҳар ҳафта як маротиба аз ҳар гўшаву канори вилояти Хатлон кабкбозон ҷамъ омада, байни худ мусобиқаҳо мегузаронанд, аз ин хотир рўз аз рўз сафи кабкбозони номӣ ва кабкҳои бозингар зиёд шуда истодааст.

Дар рафти мусобиқа одамҳо ба ду гурўҳ тақсим шуда, кабкҳоро тарафдорӣ (мухлисӣ) мекунанд. Барои ҳавасманд гардонидани бозингарон ҳангоми мусобиқа ба ғолибон аз тарафи шахсони мағлуб тўҳфаҳои пулӣ тақдим карда мешавад. Бояд қайд кард, ки мухлисӣ кардани кабкбозӣ қоидаи махсуси худро дорад.

Бозии кабкҷанг дар даҳсолаи охир доираи худро васеъ карда, мухлисони зиёд пайдо кардааст.  Тамошобинон чунин мусобиқаро бо як завқи баланд ва эҳсоси хуб тамошо карда ҳаловат мебаранд. Дар натиҷаи мусобиқаи ду кабк ғолибшударо бо пули нисбатан гарон ба фурўш мегузоранд ва мағлубшудаашро бо пули кам. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳар нафаре, ки дар тарбия кардани кабк заҳмати зиёд кашида бошад, маблағашро ҳам ба андозаи меҳнаташ ба даст меорад.

Кабконе, ки дар майдон ғолиб омдаанду ҷасорат нишон медиҳанд, мардум онҳоро бо лақабҳояшон мешиносанд, ба мисли ракета (кабки тезгир), патрубка (кабки дарози пуштдиҳанда), кутсӣ (кабки думкалта) инҳо кабконе ҳастанд, ки мардум ба ғолибияти онҳо бештар боварӣ доранд.

Вале миёни кабкбозону кабкпарварон шикорчиҳое ҳастанд, ки ба шикори кабк машғуланд онҳоро ҳам низ кабкбоз мегўянд. Аз рўи гуфтаҳои чунин шахсон, шикори кабк ба кас ҳаловат бахшида, дар вақти барор гирифтани шикори кабк шикорчӣ як таассуроти хубе мебардорад.

Аз рўи гуфтаҳои мардум, шикори кабк ба ҳар инсон муяссар намегардад, чунки кабк паррандаи биҳиштӣ ба ҳисоб рафта, барои шикор карданаш дасти пир гирифтан лозим аст.  Усулҳои шикори кабк гуногун буда, ҳар яки он вақту соат фасл ва мавқеи муайяни худро дорад. Бисёриҳо ба шикори кабк рафта ҳафтаҳоро дар кўҳу пуштаҳо паси сар мекунанд. Вале бенатиҷа бар мегарданд, гўё ки шикорашон бебарор афтидааст, аммо бехабар аз он ки ба қавле дасти пир нагирифтаанд. Чи тавре ки Сафари кабкбоз бо зарбулмасале ишора кард: «осиёб ноб дорад, ҳар кор ба худ тоб дорад». Ў зарбулмасалашро чунин шарҳ дод, ки бисёриҳо аз усулҳои шикор бехабаранд албатта, ки шикорашон бебарор мемонад. Дар давоми суҳбат усулҳои шикорро ба мо нақл кард. Дар ҳақиқат чунин тарзи шикор карданро на ҳар инсон ба осонӣ иҷро карда метавонад, чунки кабк паррандаи доност, дар зиракию ҳушёрӣ ҳамто надорад. Дар байни шикорчиёни кабк чунин  усулҳо бо навбат истифода мешаванд: шикори ҳалқагӣ, шикори сабатакӣ, шикори туршап, шикори шабтур, шикори нишов, шикори овкоза, шикори чапарак ва шикори модакабк. Барои ҳар кадоми ин вақту соат ва ҷойҳои муносиб лозим мешавад.  Ана дар ин сурат шикор бобарор шуда, шавқи шикор карданат ҳам зиёд мешавад. Шиори Сафаралии кабкбоз дар зиндагӣ чунин аст:

Агар кас ҳиладон аст,

Ҳама кораш осон аст.

Зеро кабкро бидуни ҳила шикор кардан ғайриимкон аст. Дар бораи кабк ривоятҳо ва боварҳои гуногуне мавҷуданд. Сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон, Заррагул Абдуллоева (с.т. 1960), ки падараш кабкбоз будааст, ҳангоми суҳбат ба мо нақлҳои аҷиб кард: «зане, ки дар батнаш фарзанд дошта бошад, каллаи кабкро истеъмол кунад абрувони фарзандаш ба мисли абрувони кабк сиёҳу зебо мешавад», ё «духтарон ё писарони қадрас гўшти кабкро бояд ки истеъмол накунанд ба хотире, ки парӣ ёрашон мешавад». Бо чунин далелҳо гўё, ки кабк парандаи тоза ва зебост, ҳамеша бо худаш парӣ дорад. Ҳатто мегўянд, ки «агар кабк дар болои ҷойнамоз ахлот кунад, бенамоз намешавад, чунки Худованд кабкро намозӣ офаридааст».

Дар ақидаи дигар гуфта мешавад, ки кабк дар ягон ҳолат ҳаром ҳисобида намешавад. Кабкеро, ки аз мурданаш як-ду рўз гузашта бошаду ёфт кунед, гўшташро бемалол истеъмол кардан ҷоиз аст. Дар ин ҳолат гўшти онро «шаҳидак» гуфта, хўрдан баръакс савоб будааст. Мирзоева Санавбар, сокини ҳамин деҳа илова бар ин гуфтаҳо чи гуна оро додани тоқиҳоро аз пари кабк ба мо нақл кард, ки ин ҳам як ҳунари махсус буда, ҷузъе аз ороиши сару либоси бонувони тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз парҳои кабк болиштҳои нарму мулоим тайёр мекунанд, ки барои ором хобидан бисёр мувофиқ ва роҳатбахш аст.

Кабкбозӣ, асосан, шуғли мардона буда, синни миёнаи кабкбозон аз 20-25-сола болоро ташкил медиҳад. Аз мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки дар Левакант ҷавонписарашон дар баробари намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ нисбати кабкбозӣ ҳам майлу рағбати беандоза доранд. Онҳо кўшиш мекунанд, ки шикору ром кардани кабкро низ хубтару беҳтар аз худ намоянд. Хулоса, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Левакант ҳам ҳунари кабкбозӣ аз замонҳои пеш то инҷониб идома дошта, мардуми маҳаллии ин ҷо шуғли мазкурро баробари пешаҳои дигар эътироф менамоянд. 

 

А. Абдуллоев

барчасп: