Ҳифз ва рушди фарҳанги ғайримоддии тоҷикон

Халқи тоҷикро ҳанўз аз даврони қадим бо намунаҳои фарҳанги волои моддию ғайримоддиаш мешиносанд. Ҳамин аст, ки дар иртибот ба фарҳанги ғайримоддӣ солҳои охир омўзиш ва тарғибу ташвиқи он дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро ба худ касб кардааст. Ниҳодҳои марбута низ барои иҷро ва амалӣ намудани ин мақсад муваззаф гардидаанд. Яке аз иқдомҳои фарҳангдўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Барои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии мардуми тоҷик аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои оқилона андешида шуда, дар ин самт барномаҳои давлатии «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои  солҳои 2013-2020» ва «Вазъи имрўзаи фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо» (2016 – 2020) ба тасвиб расид. Ва зарурати тартибу таҳияи Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба миён омад. Дар ин раванд аз ҷониби кормандони  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносӣ ба шаҳру навоҳии кишвар Феҳристи милии мероси фарҳанги ғайримоддиро соли 2014 бо 286 номгў, маротибаи дуввум, соли 2016 бо 515 унсурҳои нав  таҳия карданд. Маротибаи саввум, соли 2018 унсурҳои нави фарҳанги ғайримоддиро ба 533 адад расониданд.   Таҳия ва тартиб додани Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ яке аз қадамҳои устувори ҳимоят, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Дар раванди ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик аз ҷониби  гурўҳи олимони ПИТФИ номинатсияҳои «Наврўз», «Оши палав ҳамчун хўроки миллӣ ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он», «Санъати чакандўзӣ дар Тоҷикистон» таҳия гардида, дар Руйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуданд. Инчунин, номинтасияҳои «Атласу адрас», «Суманакпазӣ» ва «Меҳргон» барои пешниҳод таҳия гардида истодааст.

Тибқи барномаҳои давлатии дар боло зикргардида олимони ПИТФИ аз солҳои 2015 инҷониб ба экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон ва водии Рашт сафар карданд. Ва дар байни мардум пажўҳишҳо анҷом дода, мавод гирдоварӣ намуданд. Маводи гирдомада ба бойгонии ПИТФИ супорида шуда, барои такмили Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар солҳои минбаъда, таълифу таҳияи мақолаҳо, тартиб додани феҳристи ҳунармандон, пур кардани варақаҳои инвентаризатсионӣ ва чопи китобҳо истифода мешавад.

Ва дар натиҷаи таҳқиқотҳо  силсилакитоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик”-ро, ки аз маҷмўи мақолаҳо иборат аст, соле 2 маротиба нашр мекунанд, ки то имрўз алакай шаш шумораи он аз чоп баромадааст. Дар охири ҳар як шумораи ин китоб феҳристи ҳунармандони ҳамон шаҳру ноҳияҳои омўхташуда дарҷ гардида шудааст, ки барои таҳияи феҳристи мукаммали ҳунармандони кишвар мусоидат мекунад.

Дар ҷараёни сафарҳои хидматӣ ба шаҳру навоҳии кишвар кормандони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ ҳангоми анҷоми мусоҳиба бо ҳунарманд ё мушоҳида намудани ягон унсури фарҳанги ғайримоддӣ, варақаи инвентаризатсионӣ пур мекунанд. Инвентаризатсия ё худ ҳуҷҷатикунонии унсур барои дар Феҳристи миллии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ шомил намудан ва ё дар оянда барои номинатсияҳои навбатӣ ба Рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО мусоидат мекунад. 

 Барои аз байн нарафтани намунаҳои мероси фарҳангӣ ҳар яки мо ҷиҳати ҳифз,  рушд ва эҳёи он баҳри миллати азизамон бояд саҳмгузор бошем ва ана ҳамин омўзишу таҳқиқотҳо метавонад, як андоза унсурҳои фарҳангиро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшад.

                                

Зафар Холмуродов

корманди  ПИТФИ

барчасп: