Асрори маҳорат: нақши Алломаи Адҳам дар иҷрои Ато Муҳаммадҷонов

 Ато Муҳаммадҷонов

Намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон» яке аз қуллаҳои театри муосири тоҷик, классикии ўст. Ба замми он ин падидаи бузурги фарҳанги мост. Намоишро кас борҳо дидан мехоҳад, чунки инсон ба асари ҳақиқӣ мўҳтоҷ буда, неруи маънавӣ пайдо мекунад, дар ў ҷараёни тозашавӣ ва нав шудан ба вуҷуд меояд, ки аз қадим дар як қатор вазифаҳои муҳимми санъат ворид гардидааст. Намоиш имкон медиҳад,ки аз ҷозибияти шарҳнопазир ва асрорангези олами ҳайратоваронаи ҳаяҷонбахш ва мафтункунандаи театр лаззат барем.

Ато Муҳаммадонов ин нақшро дар драмаи Сотим Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон» соли 1976 иҷро кард. Нависанда дар ин асар на танҳо маорифпарвари бузурги тараққихоҳу навовари Бухорои охири асри XIX Аҳмад Маҳдуми Дониш, балки тамоми равшанфикрони фаъоли ҳамин давраро офаридааст. Он низоъ ва зиддиятҳои иҷтимоию ҳаётиро бо дахолати васеъ ба воқеаҳои таърихӣ, ҳалли бадеӣ ва бархурди шадиди онҳо тасвир намудааст.

Коргардони ин драма ҳунарманди зиндаёд, Маҳмудҷон Воҳидов дар нақши асосӣ актёри боистеъдод ва дўсти маҳбуби худ Ато Муҳаммадҷоновро сазовор донист. Нақши Алломаи Адҳам дар ҳақиқат ба Ато Муҳаммадҷонов зебид ва ў симои барҷаста, хотирнишин офарид. Ў бештар ба ҳаёти ботинии қаҳрамонаш эътибор дорад. Ў ягон сифати қаҳрамонашро махсус таъкид ҳам накард. Кўшиш  ба харҷ надод, ки симои   ўро бошукўҳ офарад. Шахсияти офаридаи ҳунарвар  муқаррарӣ, оддӣ ва зинда буд.

Ато Муҳаммадҷонов бузургӣ ва фавқулодда будани ин шахсиятро дар заминаи ақл ва эҳсос, қувваи рўҳ, имкониятҳои фаровони , шаъну эътибори баланди ин зиёӣ, алломаи соҳибистеъдод зоҳир намуд. Ин бузургӣ дар ҳар ибораи пурмаъно, хулосабарориҳои оқилона, ҳаракати ботамкини  ў мушоҳида мегардад. Қаҳрамони Ато Муҳаммадҷонов баробари пайдо шудан аз дигарон зуд фарқ мекунад. Ин бартарӣ на дар чеҳраи шукўҳманд, балки дар нури хиради қаҳрамон, зебоии ботинӣ неруи маънавии ў, ки дар он табиати фарзонааш зуҳур дошт, намоён аст. Фазилатҳои Алломаи Адҳам, фикрҳои оқилона ва наҷибонаи ў хусусан дар саҳнаҳои вохўрӣ ва задухўрд бо уламои дилсиёҳ, амалдорони такчашму сиёҳфикру сиёҳдил падидор мегардад.

Ҳунарпеша зоҳиран дар тамоми равиши намоиш ором аст. Овози аксар пасту форам ҳаракатҳои ботамкини ин шахси донишманду фозил дар муносибат ва муомила бо шогирдону ҳаммаслакон ҳалиму меҳрубон ва бо рақибони ҷоҳилу зулмпараст андак дурушту теззабон мебошад. Актёр ба ҳар як ҷунбиши рўҳии қаҳрамонаш, ҳар майлу рағбати ў эътибор дода, бо ҳамин шавқу ҳаваси тамошобинонро нисбати қисмати симои офаридааш бедор намуд.

Алломаи Адҳам ва пайравони ў бунёдкорони дунёи наванд. Дар замони тираю тори Бухорои асрҳои гузашта онҳо касонеанд, ки тағйирот ва дигаргунсозии сохти феодалиро хоҳонанд. Муллоҳо дар майдончаи назди мадраса машғули ғайбатанд. Яке аз пайравони маорифпарвар Абдусаломи ҷавонро барои забони русидониаш мезананд. Ҳамин вақт Алломаи Адҳам ва меҳмонони аз Петербург ба Бухоро ташриф фармуда олими шарқшинос Пашков ва завҷаи ў мусаввир Пашкова пайдо мешаванд. Як гурўҳ мулло ва муллобачаҳо пайдо шудани русҳоро бидъат ҳисобида, шӯруғавғо мебардоранд. Нодонҳо Алломаи Адҳамро ҳангоми меҳмононро гусел намуда баргаштанаш қариб, ки лағаткўб кунанд.

Адҳам омодагии ҳуҷуми ин беақлонро дида, бо сардорони онҳо – амалдорони мунофиқу риёкор, алалхусус қозиқалон нотарс, ҳатто андак дурушт гап мезанад. Қаҳрамони Ато Муҳаммадҷонов бо садои паст аз хусуси ваҳшонияти одамони кўрдил ба забони талх ҳарф мезанад. Вай шаъну эътиборашро аз даст надода бо қадамҳои қатъӣ баромада меравад.

Манзили аллома гўшаи маърифат аст. Курраи замин, харита ва дигар таҷҳизоти ин хонадон аз хусуси машғулияти соҳиби он гувоҳӣ медиҳад. Имрўз Адҳам хеле хушбахт аст, кулбаашро меҳмонони фарҳангии рус зиёрат карданд. Ў бо хонум Пашкова гоҳ-гоҳ калимаҳои русию тоҷикиро омехта ҳарф мезанад. Ҳис мешавад, ки вай забони русиро надонад ҳам, муҳимаш ин ки дўстон бо як ишора ҳамдигарро мефаҳманд. Андешаи зиёиён дар хусуси китоб, оила, машғулият, умед ба ояндаи нек ба ҳам мувофиқанд.

Қаҳрамони Ато Муҳаммадҷонов худро дар олами дўстон, ҳаммаслакон хуб ҳис мекунад. Ҳамин ки ба дунё дигар ворид гашт, боз кайфаш мепарад.

Алломаи Адҳам дар ҳузури амири ҷавон

Адҳам ҳис мекунад, ки зиёд ғайбати ў ба гўши амир расидааст, ба мактубҳояш ҷавоби оқилона интизор нест.     Амир ин мусулмони аз роҳи ҳақ баромадро бо далелҳои раднашаванда мехоҳад ба тавфиқ орад. Аллома дар иҷрои Ато Муҳаммадҷонов дар ин саҳна ботамкин, наҷиб,  боадаб, худшинос, вале чеҳрааш ғазаболуд ба назар мерасад. Вай аз хусуси маърифати мардум, пешравии кишвараш сухан меронад, фикрҳои оқилона баён мекунад. Вале ҳоким чизеро шунидан намехоҳад, ба ақлу истеъдоди донишманд эътимод надорад. Амир мактуби навиштаи Алломарро бо қаҳру ғазаб мепартояд. Адҳам онро бардошта, ба амри амир гўш медиҳад. Ўро дар кадом ноҳияи тумани Бухоро қозӣ таъин карданд, мехоҳанд аз дарбор дур кунанд. Қаҳрамони Ато Муҳаммадҷонов ин таҳқирро фурў бурда, аз ин муҳити тираю тори Бухорои феодалӣ дигаргу нӣ ворид карда натавонистанаш андаке ба торикистон рушноӣ ҷорӣ накарданаш рўҳафтода шуда, бодили пуралам, хомўш, бо сари хам баромада меравад.

Бехирадӣ, бераҳмии инсонҳо ва ноадолатии замона аз назараш сутуда намешавад. Вай рўҳан дар ҳолати вазнину ҳаяҷони асаб аст.

«Ман танҳоям, танҳо»! – мегўяд қаҳрамон бо оҳу фиғони пуралам ба дўсти худ Пашков рў оварда. Ин зиёии рус шоҳиди ҳунхориҳо ва ҳоло аз ҳаяҷон саргарангу ғарқи хаёл аст.

Эътирози Адҳам дар саҳнаи чун кофир сангсоршавии Абдусалом боз ҳам сахттар авҷ мегирад. Аллома давон ба майдони шаҳр ворид мегардад. Абдусаломи дар сутун басташуда ва ҳуҷуми издиҳоми ба ҷўш омадаи кўрдилонро дида, бо як ошўбу эҳтироси пуртуғён овоз баланд намуда, омирона ба ин ваҳшоният хотима доданро талаб менамояд. «Истед!» - мегўяд ин сўву онсў давида, пеши роҳи ҳозиринро гирифтанӣ шуда. Дид, ки ин зумраи хашмолуди нопокро аз ҳамлаи бераҳмона боз доштан наметавонад, худ баробари Абдусалом истода, омода шуд, ки зарбаҳоро қабул кунад.

Тамошобин қаҳрамони Ато Муҳаммадҷонов дар авҷи аълои ҳиссиёту  ҳаяҷон дида, ўро чун муборизи нотарс мебинад. Эътирози сахт ва ҷасуронаи Аллома қозикалони худсару камақл ҳам таъсир намекунад. Танҳо расида омодани хабари озодкунии ҷавони бегуноҳ аз ҷониби амир аломмаро таскин медиҳад.

Намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон» яке аз қуллаҳои театри муосири тоҷик, классикии ўст. Ба замми он ин падидаи бузурги фарҳанги мост. Намоишро кас борҳо дидан мехоҳад, чунки инсон ба асари ҳақиқӣ мўҳтоҷ буда, неруи маънавӣ пайдо мекунад, дар ў ҷараёни тозашавӣ ва нав шудан ба вуҷуд меояд, ки аз қадим дар як қатор вазифаҳои муҳимми санъат ворид гардидааст. Намоиш имкон медиҳад,ки аз ҷозибияти шарҳнопазир ва асрорангези олами ҳайратоваронаи ҳаяҷонбахш ва мафтункунандаи театр лаззат барем.

Матолиби истифодашуда:

1.Низом Нурҷонов.  Ато Муҳаммадҷонов. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2010, 260 с.
2.Энсиклопедияи адабиёт ва санаъати тоҷик.Сарредасияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, 1989. Ҷилди 2. саҳ.387.