Докаи туркаш

Ҳунарҳои мардумӣ дар ибтидо аз хоҷагидории табиӣ оғоз шудааст, ки талаботи мардумро аз руйи шароитҳо, ҷойи зист ва иқлими истиқоматкунанда муайян мекардааст. Аз давраҳои ҳанўз падаршоҳӣ касбу кори одамон ба шохаҳои гуногун тақсим шуда, ҳар кадоми онҳо яке аз он намудҳои ашёи рўзгорро истеҳсол мекарданд. Бинобар ин дар ҷомеаи падаршоҳӣ аҳли як оила бо тайёр кардани ашёҳои гуногуни рўзгор, пояфзол, либос, осиёби дастӣ, шолчабофӣ, алочабофӣ, бўрёбофӣ асбобҳои зебу зиннат, дост, корд, болға, теша, каланд, лаҷоми асп, зин ва ғайра машғул мешуданд. Чунин хоҷагидориро таърихчиён бо номи хоҷагидории натуралӣ ном мебаранд. Хоҷагии табиӣ дар Тоҷикистони мо хеле дур давом кардааст. Дар кўҳистони дурдасти Тоҷикистон ва баъзе маҳаллаҳои дурдаст аз сабаби хеле суст будани рафтуо ва тиҷорат бо шаҳрҳои тараққикарда хоҷагии натуралӣ хеле ривоҷ ёфта, қариб то нимаи асри ХХ идома кардааст.  Дар шаҳрҳои калон ҳам аз сабаби набудани корхонаҳои махсуси саноатӣ ҳунари косибӣ равнақ гардида, ки аз лиҳози сифат беҳтар буданд. Сабаби аз лиҳози сифат беҳтар будани молҳои косибони шаҳрҳо дар он буд, ки ин маҳсулотҳо барои фурўш истеҳсол карда мешуданд. Дар хоҷагии натуралӣ бошад маҳсулот танҳо барои рўзгори аҳли хонавода тайёр карда мешуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки косибони шаҳрҳои калон байни худ рақобат ҳам доштанд. Онҳо мехостанд, ки маҳсулоташон сифатан хуб буда, бозоргир бошанд. Дар ҳар сурат то рушд ёфтани сохтори капиталистӣ дар кишварҳои Ғарб хоҷагии натуралӣ дар аксар мамлакатҳои олам барҷо монда ва имрўз онро бо номи ҳунарҳом мардумӣ низ, ном мебаранд. Бояд қайд кард, ки харидани молҳои ҳунармандони шаҳр аз сабаби қиммат буданашон аз ҷониби қишри камбағали ҷомеа харидор пайдо карда наметавонистанд. Бинобар ин камбағалтарин табақаҳои ҷомеа маҷбур буданд, ки ҳунарҳои гуногунро аз худ карда бо маҳсулоти хеш худро таъмин намоянд.

Хушбахтона ҳунарҳои мардумӣ дар шакли ибтидоии худ тамоман нест шуда нарафтаанд. Ва бояд гуфт, ки дар равнақу ривоҷ ёфтани он ва сифатан беҳтар гаштани ин маҳсулотҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди ҳунарҳои халқӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар Ҷумхурии Тоҷикистон соли 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эъдон гардид. Ин қарор имконият дод, ки бисёре аз ҳуранҳои халқӣ ки фаромўш шуда буданд аз нав эҳё гарданд ва аз ҷониби дигар ҳунармандони халқӣ имконият пайдо карданд, ки маҳсулоти дастии худро истеҳсол карда, барои пешрафти зиндагии хеш маусоидат намоянд.

Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки маҳсулоти дастиии ҳунармандон ва косибон аз ҷиҳати сифат талаботи мардумро қонеъ карда метавонанд ва тавассути он қисме аз ҳунармандон ва косибон зиндагии худро пеш мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти тайёркардаи ҳунармандони халқӣ маълумоти аълосифат истиеҳсол карда, маҳсули баровардаи онҳо аз маҳсулоти саноатӣ бартарӣ доранд ва бо нархи хеле баланд харидорӣ мешаванд. Агар маҳсулоти тайёркардаи ҳунармандон ва косибон сифатан баланд бошад дар он сурат онҳо метавонанд дар бозорҳои ҷаҳон ва сайёҳон харидорони зиёде пайдо кунанд. Ҳунари дастии ҷўроббофони Бадахшон, атласбофони Хуҷанд, заргарии Кўлоб ва чакани минтақаи Кўлоб аллакай дар олами ҳунарҳои халқӣ шўҳрати калон пайдо кард, аз ин ҷост ки  «Чакан – ҳунари гулдўзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шудаанд. Бинобар ин рушди ҳунарҳои мардумӣ як маъракаи сиёсӣ набуда, балки он дар таъмин кардани мардум бо ашёи баландсифати рўзгор мавқеи шоиста ишғол кардааст.

Ин ҳунари мардумие мебошад, ки дар доираи маҳдуди минтақаи Кўлоб боқӣ мондааст, ки бо он асосан занҳо машғул мешаванд. Табиист, ки занҳои кўхистони Тоҷикистон мехостанд либосашон шинаму зебо ва диққатҷалбкунанда бошанд. Бинбар ин онҳо чакандўзӣ, қуроқдўзӣ, тоқидўзӣ, гулбасткунӣ, торкашкунӣ ва амсоли инҳоро мекардаанд. Бо мақсади дарёфт кардани ҳунарҳои боқимондаи халқӣ мо ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон сафар доштем. Хушбахтона ба мо муяссар шуд, ки дар ин ҷо бо яке аз ҳунарҳои хеле нодири халқӣ «докаи туркаш» шинос шудем, ки дар дигар навоҳии ҳавзаи Кўлоб онро тўрдузӣ ном мебаранд.

Тарзи тайёр кардани докаи туркаш чунин аст: докаи сафедро ба андозаи 1 метри квадратӣ гирифта аз ду ҷониби он риштаҳои рангинро мегузаронанд. Ду тарафи он холӣ мемонад. Пас аз он 1 метр докаи дигарро гирифта онҳоро дар шакли шилшила ё баргак, (дўлона) бо риштаи сафед печонида ба 4 тарафи дока медўзанд. Дар натиҷа сарандозе пайдо мешавад, ки гирдаш бо пупакчаҳои сафед зебу зиннат дода шудааст.

Ҳунарманди мардумӣ Нозимова Гулдаста ( с.тав. 1962 маълумот миёна. н.Ш.Шоҳин. ҷ.д.Даштиҷум. деҳаи Ҳазора ) бо ин кор машғул аст. Тибқи гуфтаҳои ў ин намуди рўймолҳо дар байни мардуми маҳаллӣ хеле машҳур будааст, аммо бо мурури замон ба гўшаи фаромўшӣ рафтааст. Нозимова Гулдаста имрўзҳо ин ҳунари халқиро идома дода, нозукиҳои ин касбро ба духтаронаш Шабнами Сафаралӣ, Бекова Гулчеҳра,  Хуршедаи Сафаралӣ ва инчунин ба шогирдонаш меомўзонад. Тибқи гуфтаҳои ў ҳар як рўймоле, ки онҳо истеҳсол мекунанд харидони зиёде доранд. Як адад чунин рўймол бо арзиши 50-60 сомонӣ фурўхта мешавад. Барои истеҳсол кардани чунин сарандоз ҳамагӣ 1 метр дока лозим аст, нархи дока ҳамагӣ 9-сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин ҳунари халқӣ арзиши аслии худро аз даст надода метавонад ҳунармандонро бо кори даромаднок машғул созад.

Мутаасифона, дар давраи Шўравӣ бо омўхтани ҳунарҳои мардумӣ чандон аҳамият намедоданд. Аз ин ҷост, ки бисёре аз ҳунарҳо аз хотирҳо фаромўш шудаанд. Ҳарчанд ки ба онҳо талабот то имрўз боқӣ мондаанд. Масалан, дўхтани тоқичаҳо барои кўдакон, хўрҷинбофӣ, бўрёбофӣ аз байн рафта истодаанд. Ҳар як намуди маҳсулоти ҳунари халқӣ тибқи шавқу завқ, шароитҳои табиӣ, амалан фоидабахш будани онҳо эҷод шудаанд ва ҳар кадоми он дар хусуси зеҳни ҳунармандии мардум гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин рў лозим аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи бештар гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан ва дарёфт кардани ҳунарҳои нав ба нави халқие, ки фаромўш шудааст ҳатман зарур аст, зеро ҳунарҳои мардумӣ ҳазорҳо сол инҷониб дар хидмати мардум будааст ва то имрўз аҳамияти худро аз даст надодааст.

Аттоев Шодрўз

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

барчасп: