Бозии савории бузкашӣ бахше аз унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Мусобиқа ва бозиҳои варзишии анъанавӣ як бахши мероси фарҳанги ғайримоддӣ мебошанд, ки бештар дар байни насли ҷавон роиҷ ҳастанд.  Аз замонҳои пеш ҷавонписарони тоҷик бештар ба бозиҳое, ки мардонагӣ, шуҷоат ва матонатро тарбият мекунанд,  машғул мешуданд. Ба таври мисол навъҳои варзиши суннатии гуштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, расанкашӣ, чавгонбозӣ, пиёдапойгаҳ ва монанди инҳо намудҳои варзиши писандидаи ҷавонон буда, то кунун маъмул мебошанд. Яке аз анвои варзиши суннатӣ бузкашӣ ба шумор меравад, ки одатан дар фаслҳои зимистону баҳор созмон дода мешавад. Онро солҳои пеш дар айёми ҷашни Наврӯз, хатнасур, ба муносибати таваллуд шудани писар дар баъзе хонадонҳои сарватманд ва дигар маросимҳои шодӣ баргузор мекарданд. Имрӯзҳо низ ба муносибати идҳои анъанавӣ ва расмӣ дар байни аспсаворон навбат гирифта, ин навъи бозиро дар байни ҳамрикобҳояшон созмон медиҳанд.  Бозии бузкашӣ ҳамчун таҷассуми паҳлавонӣ аз бозигарон иродаи қавӣ, маҳорат, чусту чолокӣ ва делериро тақозо менамояд.

Мусобиқаи бузкашӣ таърихи якчандасра дошта, миёни мардуми тоҷик иҷрокунандагон ва мухлисони зиёд дорад. Муҳаққиқон бузкаширо аз минтақаҳои  гуногуни кишвар ба қайд гирифтаанд, ки он  таҳти шумораи G015 дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон” сабт гардидааст. [7, c.137].

Ин намуди варзиши суннатӣ берун аз Тоҷикистон дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ густариш ёфтааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо мо аз маъхазҳо дар бораи таърихи ин навъи бозӣ таълифоти махсус пайдо карда натавонистем. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо бузкашӣ бозии савории кӯчнишинҳо буда, дар асрҳои гузашта аст. Дар сарчашмаҳои  таърихӣ ва пажӯҳишҳои  муҳаққиқон  қайд гардидааст, ки бозии бузкашӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои 11 ва 12  дар давраи муғулҳо пайдо шудааст.

Бузкашӣ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номҳои “ӯлоқ” ва “кӯпкорӣ”, дар Қирғизистон – “кок-борӯ” ва дар Қазоқистон  – “кокпар” маъмул аст. Бояд зикр кард, ки соли 2017 Ҷумҳурии Қирғизистон бозии бузкаширо таҳти унвони “Кок борӯ” дар Рӯйхати фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун номинатсия сабти ном намуд. [9]

Бузкашӣ дар майдонҳои васеъ бо иштироки саворагон сурат мегирад. Ин навъи  бозии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухлисони зиёде дорад, ки дар ҳар бозии бузкашӣ қариб аз се то панҷ ҳазор тамошогар аз шаҳру навоҳии дигари кишвар ҷамъ омада, тамошо мекунанд. Ҳатто бозигаронро аз дигар минтақаҳои кишвар даъват  мекунанд. Ва дар ин рӯз  дуконҳои сайёр дар наздики майдонҳо дарҳои худро боз намуда, ба фурӯши анвои ғизо машғул мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳамон рӯз иди калони мардумӣ баргузор мегардад.

Абзори мусобиқаи бузкашӣ ҷасади бузи нарина мебошад. Дар ин хусус мардумшинос Андреев М.С. чунин навиштааст: «Ҳангоме ки меҳмонон аз ҳар гӯшаву канор саҳарии барвақт ҷамъ меомаданду миқдори муайяни саворонро барои бозӣ ташкил менамуданд, аз созмондиҳандаи ин бозӣ талаб мекарданд, ки ба онҳо бузи нарина диҳад, на бузи модина» [2, c.138].

Як рӯз қабл бузи аз 3 то 6-соларо сар бурида,  қафаси синаашро каме  чок менамоянд.  Сипас аз дарунаш рӯда ва ишкамбаашро берун  мебароранд, то ин ки  ҳангоми  мусобиқа онҳо дар дарунаш омехта нашавад. Баъди берун баровардани  рӯдаҳояш ба даруни ҷасади буз як халтаро андохта, дарунашро бо намак пур мекунанд. Сипас бо даравш ё сим қафаси синаи бузро медӯзанд, ки аз дарунаш намакҳо набарояд.

Дар баъзе минтақаҳо қаблан ҷасади бузро дар об ва ё намакоб 10-12 соат тар мекунанд,  ки вазнин ва пӯсташ боқувват шавад.  Дар бозиҳои калоне, ки бо теъдоди 200-300 аспсавор баргузор мегардад, бузҳоро тез-тез  сар зада,  иваз  карда меистанд, ё ҳадди ақал ба ҷои буз ҷасади гӯсолаи аз яксола болоро  истифода мебаранд. Чунки пӯсти ҷасади  гӯсола нисбат ба пӯсти буз чандиртар буда, ба осонӣ пора-пора намегардад. Аспсавор ё ба истилоҳ човандоз низ барои ширкат дар сабқат тайёрии махсус мебинад. Дар бораи усули либоспӯшии човандозон мардумшиноси рус Ершов Н.Н. дар асари пурарзишаш «Тоҷикони Қаротегину Дарвоз» чунин қайд намудааст:

Аспсаворе, ки ба ин навъи бозӣ машғул аст, дар лаҳчаҳои халқӣ онро «човандоз» мегӯянд. Баъзе муҳаққиқон шакли аслии ин вожаро «чапандоз» шумурдаанд. Човандозон қабл аз оғози бозӣ мӯзаҳои чармини  соқбаланд мепӯшанд. Пеш аз мӯзаро пӯшидан, аз буҷулак то  зону пайтобаро маҳкам печонида, худро аз ҳар гуна зарбхӯриҳо эмин медоранд. Сипас шими рағзабоф ё пахтагин ба бар карда, дар сар телпак ё ҳоло кӯлоҳи ҳарбии танкчиёнро гузошта миёнашонро сахт мебанданд. Ва ҳамин тариқ барои бозӣ омода мегарданд. [8, c.228].

Аз рӯи гуфтаи човандозон бозии бузкашӣ мактаби махсус надорад. Човандозон аслан дар натиҷаи пайваста иштирок кардан дар сабқатҳои човандозӣ, ба майдон даромада аспсаворӣ кардан,  инчунин, аз таҷрибаҳои пешқадами  бузкашони моҳир омӯхтан, малака пайдо мекунанд. Метавон қайд кард, ки қоидаҳои ин бозӣ дар байни сокинони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон шабеҳ аст.

Равиши бузкашии суннатӣ дар Тоҷикистон чунин мебошад: аспсаворҳо дар майдони васеъе, ки гирдашро теппаҳо иҳота карда бошад, ҷамъ меоянд. Дар маркази майдон чуқурие ба андозаи  қутраш 1 метр мекананд, ки онро «марра» мегноманд. «Марра» ё «ҳадаф»  нуқтаи мушаххасест, ки дар як гӯшаи майдон ҷойгир шудааст.  Ҷасади буз аввал дар дохили чуқурии мазкур гузошта мешавад ва бозӣ бо ишораи довар оғоз мегардад. Тибқи қоида, човандозон бояд бузро аз дохили марра бардошта, як маротиба гирди майдон, ки тахминан то 1000 метрро ташкил медиҳад, чарх зада оварда дубора ба ҳамон чуқурӣ ҳаво диҳанд. Дар паҳлуи шахсе, ки ҷасади буз дар дасти ӯст дигар човандозон аспро тунд ронда, талош менамоянд, ки бузро аз дасти ӯ кашида гиранд.  Онҳо барои ба мақсад расиданаш ба ӯ монеъ мешаванд. Зеро нафаре ғолиб дониста мешавад, ки бузро ба дохили чуқурӣ дуруст партояд, яъне ҷасад пурра дар дохили марра бошад. Човандоз баъди ба марра партофтани буз ҳамчун ғолиб дастонашро ба боло мебардорад. Рафти бозиро довар  аспсавор назорат мекунад. Амали дуруст партофтани буз ба дохили марра «ҳалол» ном дорад. Яъне агар қисми буз аз марра берун монад, ҳалол ҳисобида нахоҳад шуд.

Аспсаворе, ки бузро ба ҳадаф расонид, бо тӯҳфаҳои моливу пулӣ сарфароз гардонида мешавад. Тӯҳфаҳоро аксаран ташаббускорон ва сарпарастони  бозӣ тақдим мекунанд. Тӯҳфаҳои молии онҳо иборат аз ангуштарини тилло, қолин, асп, гов, шутур, мошин ва ғайраҳо мебошад.

Баъди анҷоми бозӣ ташаббускорон ва ё иштироккунандагони ин навъи варзиш ҳамон бузи дар майдон истифодашударо пӯст канда, тоза мекунанд. Гӯшти онро ҷӯшонида, ё бирён карда мехӯранд, ки ба ақидаи онҳо гӯшташ хеле хушлаззат ва мулоим мешавад. Ин бузи дар бозӣ истифодашударо «олган» мегӯянд, ки ин калима аз оилаи забонҳои туркӣ гирифта шуда, маънояш «ғанимат» аст. 

Бозии бузкашӣ шакл ва намудҳои гуногун дорад. Ҳар як доираи бузкашҳо бо маслиҳати пешакӣ шакли ба худ мувофиқро созмон медиҳанд. Яке аз навъҳои маъмули бузкашӣ ин бузи болои хар мебошад, ки муҳаққиқ Суярқулов Т. онро чунин шарҳ додааст:

Дар баъзе деҳаҳои кӯҳистон бозии бузкашӣ тавассути хар сурат мегирифт, ки ин навъи бозиро “харкашак” меномиданд. Ин намуди бозӣ дар тӯйҳои афроди камбағал баргузор мегардид. Шарти  бозӣ чунин буд: бозигар дар болои хар нишаста аз ҳарифаш ҷасади буз ё ягон пӯстакеро бо тамоми қувва кашида гирифта, аз байни издиҳоми харсаворони дигар берун шуда,  ба ҷои муайяншуда мепартояд. Ин шахс ғолиб дониста шуда, баъзан бо тӯҳфаҳое монанди рӯймол, тоқӣ, қуттии чой ва ғайраҳо қадрдонӣ карда мешуд. [4, c.22].

Албатта чунин навъи бузкашӣ нисбат ба бузкашӣ бо асп сабуктар  ва то як андоза беҳтар мебошад. Зеро дар рафти  мусобиқа бозигарон якдигарро озор намедиҳанд ва баръакс, хандаву шӯхикунон сабқат мекунанд. Албатта, ин як саргармие миёни мардуми  камбағал ба ҳисоб мерафт. Имрӯзҳо дар баъзе мавзеҳои кӯҳистон ин навъи бозӣ ба назар мерасад. Шакли дигари бозии бузкашӣ “бузкашӣ дар об” будааст, ки онро мардумшинос Торопов  А.И. ҳангоми таҳқиқи бозиҳои варзишӣ аз миёни мардуми Бадахшон ба қайд гирифта, аз ҷумла чунин тасвир намудааст:

Дар гузашта миёни мардуми Бадахшон бозии дигаре бо номи “бузкашӣ дар об” роиҷ буд.  Ин навъи бозиро бештар ашхоси сарватманд ташкил мекарданд, аммо худи онҳо ширкат намекарданд. Аксарияти човандозон аз синфи деҳқон буданд.  Маъмулан, оқсақолҳо бузи зиндаро дар оби тези дарё мепартофтанд. Ва шарти бозӣ ин буд, ки човандозон бо асп ба дарё даромада, бузи ғарқшудаистодаро наҷот диҳад. Агар буз ғарқ шуд, боз бузи дигареро ҳавола медоданд ва ҳамин тавр бозӣ идома меёфт. То он даме ки човандоз бузро дар зери рикобаш гирифта, дар соҳили дарё бароварда партояд[1]. [6, c.19-21].

 Агар аз як ҷиҳат, ин намуди бозӣ дар муқоиса бо бозии бузкашии маъмулӣ  нисбатан адолат – яъне раҳму шафқат нисбат ба як ҷонвари безабон ва наҷоти он аз ғарқшавӣ ифода ёбад ҳам, аз ҷиҳати дигар чуноне  қайд гардид бархе аз ҷонварон наҷот наёфта, ғарқ мегардидаанд, ки як навъ ҷабр ба ҷони ҳайвонон дида мешавад. Дар шароити имрӯза бозии “бузкашӣ дар об” дар байни мардуми Бадахшон ба назар намерасад. 

Дар мусобиқаи бузкашӣ ҳар як бозигар ба тарзи инфиродӣ саъй менамояд, ки худаш ғолиб барояд ва номи «асп»-ашро маъруф созад.  Аксаран дар бозии бузкашӣ аспҳои дар дохили майдонбударо соҳибони асосиашон нею асптозони моҳир идора мекунанд. Зеро бештари асппарварон солиёни зиёд аспҳоро парвариш  карда, аз тамошои сабқати аспҳояшон дар чунин чорабиниҳо ҳаловат мебаранд.  Ҳатто ҳангоми ба ҳадаф расидани човандоз ҳакам номи човандоз ва аз кадом минтақа будани ӯ ва соҳиби аспро эълон мекунад.

Бояд гуфт    ки нақши асп нисбат ба савори бозигар дар ин навъи варзиш хеле назаррас аст. Чун аспи боқуввату чолок аз анбӯҳи саворон раҳо шуда, ки  ба марра расид, соҳиби вай ғолиб дониста шуда, бо ҷоизаҳои пулӣ ва молӣ сарфароз гардонида мешавад. Аз ин сабаб нархи аспҳои чолоку боқувват хеле гарон аст. Парвариши аспҳо низ заҳмати зиёдеро талаб менамояд.

Имрӯзҳо дар мусобиқаи бузкашӣ ҷавонон бар хилофи усули суннатӣ ба тариқи шарикӣ машғул мешаванд. Яъне аспсаворон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар майдон танҳо барои дастгирии рафиқи бозигарашон асп меронанд. Ба бозигарони гурӯҳҳои дигар имконият намедиҳанд, ки ба бозигари онҳо наздик шаванд ё баръакс агар буз дар дасти дигар гурӯҳҳо бошад онҳоро қасдан бо тозиёна зада, садди роҳашон мешаванд.

Аз ин рӯ, солҳои охир қоидаи нави бузкаширо низ кашф намуданд. Шакли бозии нав чунин аст: ба ғайр аз марраи марказӣ дар як гӯшаи майдон ду чӯби дарозеро, ки ба нӯгҳояш латтапора баста шудааст, ба монанди дарвоза мечаспонанд. Човандозе, ки бузро аз марра гирифта аз байни чӯбҳо мегузаронад, ғолиб дониста мешавад. Маротибаи дуввум човандозон метавонанд, бузро аз ҳамин ҷо гирифта ба марра бурда партоянд. Табиист ки ин шакли бозӣ барои пароканда кардани қофилаи аспсаворон ва роҳ надодан ба гурӯҳбозиҳо ташкил карда шудааст.

Албатта, ҳар як бозӣ ба худ равишу қавоид ва одобу русуми махсусе дорад. Ин навъи варзиши суннатӣ низ қоидаҳои худро дорост, аммо бозигарон ҳангоми бозӣ ба эҳсосот дода шуда, бо якдигар муомилаҳои дурушту дағал мекунанд. Масалан, дар аснои бозӣ бо тозиёна ба сару рӯйи ҳамдигар зада, хуншор карда,  дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Ва дар ин миён аспҳо низ озор меёбанд. Баъзан дар раванди иҷрои ин бозӣ пой  ва гардани аспҳо мешикананд, саворҳо низ осеби сахт мебинанд.

Дар ҷараёни бозӣ ба ҷасади буз даҳ-понздаҳ човандоз даст дароз мекунанд ва ҷасадро ҳар як  нафар мехоҳад, ба сӯи худ кашад. Саворагон баъзан дар як ҷо 25-30 дақиқа ба кашидани ҷасади буз андармон мешаванд. Дар ин ҷо ҳолати аспсаворони асил низ душвор мегардад.  Баъзан дар байни тӯдаи бозигарон нафаси асп ва аспсаворон мегирад ва дарҳол худро аз он ҷо берун мекашанд.

Як нуктаи муҳим ин аст, ки  барои фараҳу фароғати созмондиҳандагон ва бозигарон нисбат ба як ҷонвари бегуноҳ ҷабру таҳқир раво дида мешавад. Дар ин масъала як қисми мардум, махусусан, худи бозигарон ва мухлисон бар он ақидаанд, ки ин навъи варзиши суннатӣ бояд идома ёбад. Аммо бахши дигари мардум зидди бозии бузкашӣ ҳастанд. Дар матбуоти Тоҷикистон борҳо рӯзноманигорон, муҳаққиқон ва фарҳангшиносон муқобили бузкашӣ мақолаҳо навишта, онро бозии берун аз одоб ва рафтори ваҳшиёна нисбат ба ҷонварон хондаанд. Бархе аз муаллифон ин бозиро унсуре аз мероси фарҳанги ғайримоддии мардуми тоҷик шумурда, онро ҷонибдорӣ кардаанд.

Воқеан, аз як тараф бузкашӣ бозии таҳқиромез ва бераҳмона нисбат ба ҷонварон мебошад ва аз тарафи дигар он ҳазорон мухлису ҷонибдор дорад. Инчунин мусобиқаи бузкашӣ ба рушди соҳаи асппарварӣ мусоидат карда, ҷавонони зиёде ба ин навъи чорводорӣ машғуланд. То ба имрӯз дар Тоҷикистон насл ва зотҳои мухталифи аспҳои нодир парвариш меёбанд. Бояд тазаккур дод, ки бо асп анвои дигари бозиҳои варзишӣ низ сурат мегиранд.

Дар ҳамин ҳолат мо метавонем ин навъи унсури фарҳанги ғайримоддиро ҳифз кунем ва барои рушди ин навъи варзиши суннатӣ саҳмгузор бошем.

 

Холмуродов Зафар

 

                                             

Адабиёт:

 

  1. Абрамов, Я. Ю. Бузкашӣ.  – Душанбе.  1964, – 40 с.
  2. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. – Сталинобод. -Т. 2. 1958. 527 с.
  3. Бахриддинов С. Физическая культура таджикского народа в древнем мире. – Дисс…канд.ист. наук.– Душанбе.2014.
  4. Раҳмонӣ,  Р., Н. Шарипов, Бузкашӣ // Донишномаи фарҳанги мардум. – Душанбе: СИЭМТ, – Ҷ.1 ­­2015. –171-172 с.
  5. Суяркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. – Душанбе, 1968. 177 с.
  6. Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. – Душанбе. 1983. 55 с.
  7. Торопов  А.И.  Национальные виды спорта и игр в Таджикистане. – М., 1944.
  8. Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. Мураттибон Д. Раҳимов, Н. Қличева,  А. Аминов ва диг. –Душанбе: Аржанг, 2016. 279 с.
  9. Ершов Н.Н. Домашние промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.1.- Душанбе, 1966.  379 с.
  10.   https://ich.unesco.org/en/RL/kok-boru-traditional-horse-game-01294
 

[1] Иқтибос тавассути рисолаи номзадии Баҳриддинов С.- «Физическая культура таджикского народа в древнем мире» (Душанбе, 2014) гирифта шуд.

барчасп: