НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

Санаи 05-уми ноябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни бузургдошти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Аҳаммияти Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузории соҳаи фарҳанг» баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур фарогири мавзӯъҳои «Кафолати озодии сухан ва табъу нашр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсияи ҷумҳурӣ дар ташаккули низоми қонунгузории соҳаи фарҳанг» ва «Хусусиятҳои хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Яке аз мавзӯъҳои зикргардидаро пешкаши хонандагон менамоем.

 

Қабули Конститутсия барои таъмини воқеии ваҳдати сиёсии халқ, рушди озодонаву мустақили давлатдории тоҷикон бо истифода аз таҷрибаву дастовардҳои ҷаҳони мутамаддин, анъанаву суннатҳои миллӣ ва мероси пурғановати таърихиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард. Мутобиқи моддаи 40-и Конститутсия «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст». Ҳамзамон дар моддаи 44-и санади мазкур ишора шудааст, ки «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ дар танзими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ бозид ва дар заминаи он теъдоди зиёди санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла фарҳанг ба тасвиб расиданд. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ нақши фарҳангро чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рӯзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар даврони истиқлол паҳлуҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҷдид ёфтанд ва бахусус, қабули силсилаи қонуну барномаҳои давлатӣ, асноди меъёриву ҳуқуқии вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг – театр, китобхонаву осорхона, воситаҳои ахбори омма ва ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг, бунёди инфрасохтори муосири фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз дастовардҳои соҳаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат намуданд. 

Дар даврони истиқлол доир ба соҳаи фарҳангу ҳунар, фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ  ва фароғатӣ силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (1997), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» (2001), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (2002), «Дар бораи реклама» (2003), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (2003), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (2004, 2012), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (2006), «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» (2011), «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва ғайра барои навсозӣ, ба низоми нави рушд ворид шудани ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузоштанд. 

Дар радифи қонуну қарорҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили барномаву консепсияҳо, оинномаву созишномаҳо, қоидаву дастурамалҳо қабул шуданд, ки барои ривоҷу равнақи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳангу ҳунар мусоидат карда, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди фарҳангро муайян намуданд.  Бо мақсади тақвият  бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои фарҳангу ҳунар бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2005), «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2015» (2008), «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» (2011) ва дигар барномаҳои давлатӣ қабул шуданд.

Дар заминаи густариши робитаҳои бисёрҷониба, минтақавӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ давраи нави ҳамкориҳои судманд дар соҳаи муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз ёфт.

Қисми сеюми моддаи 10-и Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшударо ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат муқаррар кардааст ва ин имкон дод, ки дар фаъолияти қонунгузории ҷумҳурӣ афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба инобат гирифта шаванд. Аз ин рӯ, тамоми қонунгузории мамлакат оид ба масъалаи пешниҳоди ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва истифода аз дастовардҳои он аз Оинномаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (аз 16 ноябри соли 1945), Эъломияи ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз 16 декабри соли 1966) сарчашма гирифтаанд.

Илова бар ин, дар даврони истиқлол теъдоди зиёди созишномаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, созишномаҳои ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон, Мисри Араб, Фаронса, Лаҳистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва дигар давлатҳо ба имзо расида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Тибқи созишномаҳои батасвибрасида, ҷонибҳо муваззаф шуданд, ки дар асоси қонунгузории миллии давлатҳо ҳамкориҳои мутақобиларо чиҳати баргузории намоишгоҳҳо, озмуну фестивалҳо, симпозиуму конфронсҳо, сафарҳои ҳунарӣ, барқарор намудани робитаҳо байни театрҳо, иттиҳодияҳои консертиву гурӯҳҳои эҷодӣ, осорхонаву китобхонаҳо ва дигар ташкилотҳои фарҳангӣ ривоҷ диҳанд. Ҳамзамон тарафҳо уҳдадор гаштанд, ки баҳри татбиқи табодули иттилоот, ҳифзу барқарорсозӣ, нигоҳдориву тармими мероси фарҳангӣ, роҳ надодан ба воридоту содироти ғайриқонунии арзишҳои фарҳангӣ ва барои мутақобилан дастрас будан ба хазинаи китобхонаҳо, осорхонаҳо ва бойгониҳои давлатӣ бо мақсади истифода дар пажӯҳишҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таҳсилотӣ мусоидат намоянд.

Ҳамин тавр, қабули силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи фарҳангу ҳунар, ки аз Конститутсия сарчашма гирифтаанд, барои татбиқи сиёсати фарҳангии давлат дар ҳаёти ҷомеаи навини Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мусоидат карданд.

 


Фирдавс ШАРИФЗОДА, 
н.и.т. ходими пешбари

илмии шуъбаи фаъолияти

иҷтимоӣ-фарҳангӣ

 

барчасп: