Табрикоти солинавии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба истиқболи соли 2022

Соли 2021 дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бо дастовардҳо ва комёбиҳои камназираш дар хотираҳо боқӣ мемонад. Маҳз дар ҳамин сол мо бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намудем. Истиқлол  – озодии инсон, озодии ҷамъият ва озодии миллат мебошад, ки пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, шуҳрати кишвари моро дар арасаи байналмиллалӣ боло бурд.  

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Роҳбари олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати дарҳои боз, фарҳангу илму маориф, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан ба насли ҷавони кишвар, баланд бардоштани мавқеи занон дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва таъйин ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ равона гаштааст. Дар ин 30 соли истиқлол тарҳҳову барномаҳои бузурге дар самти иқтисод, тиҷорат ва савдо, коммуникатсия, озуқаворӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, илму маориф ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим  ба марҳилаи иҷро расиданд.

Бунёди садҳо қасрҳои фарҳангию боғҳо, осорхонаҳо, муассисаҳои таълимии соҳаи санъат, қабули даҳҳо қонун дар самти фарҳанг, татбиқи барномаву лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ маҳз дар даврони Истиқлол ва бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат сурат гирифтаанд. Чи тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 21 декабри 2021 аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид шуд: «Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд».

Ҳамчунин қайд гардид, ки аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

«Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид.

Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад».

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамчун муассисаи давлатӣ зодаи даврони истиқлол аст. Аз ҷониби олимони ин муассиса дар самтҳои фарҳангу санъат, китобдорӣ, матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ, муассисаҳои фарҳангии кишвар ва мероси фарҳанги ғайримоддӣ таҳқиқотҳои илмӣ анҷом дода шудаанд.  Ногуфта намонад, ки дар таҳияи ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Фалак” саҳми кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот хеле калон аст.  

Дар поёни соли 2021 дар фазои идонаи кишвар, бо шукру ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, аҳли фарҳанг ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрику таҳният мегӯям! Бигзор соли 2022 барои Шумо соли пурфайзу баракат ва дастоварду комёбиҳои пай дар пай бошад!

барчасп: