СУХАН ГУФТИЮ ДУР (Р) СУФТӢ…

Беш аз як сол аст, ки дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили адабии «Гулбоғи адаб» фаъолият карда истодааст. Маҳфили мазкур фарогири паҳлуҳои эҷодӣ ва вижагиҳои ашъори адибони форсу тоҷик буда, дар доираи васеъи кормандони муассиса гузаронида мешавад.

Рўзи 8-уми феврали соли 2022 маҳфили навбатии «Гулбоғи адаб» дар ПИТФИ баргузор гардид. Муовини директор оид ба илм Аминов Абдулфаттоҳ бо сухани ифтитоҳӣ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Баъдан тибқи барнома роҳбари маҳфил Фармон Давлатов дар такя ба ашъори шоир ҷанбаҳои нокушодаи  ҳаёту фаъолияти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, аз ҷумда оиладоршавӣ, муносибат бо аъёну ашроф, вазъи иҷтимоии замоне, ки шоир ба сар бурдааст ва амсоли инҳо маърўза намуд. Хусусан дар бораи ҳамсару фарзанди ягонааш Шоҳ Нўъмон ва марги онҳо аз ғазалиёти шоир мисолҳои ҷолиб овард. Аз ҷумла чунин пораи шеъриро қироат намуд:

Он ёр к-аз ў хонаи мо ҷойи парӣ буд,

Сар то қадамаш чун зари аз айб барӣ буд.

Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,

Оре, чӣ кунам давлати даври қамарӣ буд…

Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзоев суханронӣ кард. Мавсуф дар оғози суханронӣ шеъри дар васфи Ҳофиз эҷоднамудаи Гётеро, ки аз ҷониби Лоиқ Шералӣ тарҷума шуда буд, қироат кард. Мирзоев Саъдӣ оид ба вижагиҳои осори Ҳофизи Шерозӣ ва таъсири он ба дигар адибон маълумотҳои саҳеҳ дод. Зимни суханронӣ ў зикр кард, ки сарчашмаи ашъори Ҳофиз пеш аз ҳама Қуръон ва ишқи илоҳӣ мебошад. Дар идома Саъдӣ Мирзоев аз таассуроти сафари ба Шероз кардааш қисса намуд. Аз ҷумла ў зикр кард, ки «ҳангоми саёҳат дар шаҳри Шероз ва зимни зиёрати мақбараи Хоҷа Ҳофиз, ки дар боғи Мусалло ҷойгир аст, аз роҳнамо хоҳиш кардем, ки бароямон оби Рукнободро нишон диҳад. Ҷавоби роҳнамо моро ҳайрон кард. Ў гуфт, ки дар ин ҷо ягон дарёе ба ин ном нест. Ва қайд кард, ки гўё ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Ҳофиз ин ҷо ҷўйборе будааст, ки аз пушти хонаи Хоҷа Ҳофиз мегузаштааст. Бузургии ашъору лутфи сухани Ҳофизи Шерозиро бубинед, ки ҷўйбореро чун баҳр тасвир намудааст».

Баъдан дар қисмати музокира саволу ҷавоб бо маърузакунандагон сурат гирифт, ки аҳли нишаст дар он фаъолона иштирок карданд. Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввари Сафар, ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Шарофат Мирзоева, мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ Акобир Абдуллоев ва дигарон оид ба маҳфили мазкур фикру андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар фарҷом муовини директор оид ба илм Аминов Абдулфаттоҳ оид ба баргузории маҳфил ва таъасуроти он ба ҷаҳонбиниву дониши илмии кормандон, алалхусус ҷавонон андешаронӣ намуд. Ў аз ҷумла қайд намуд, ки ҳамоиши адабии имрўза хеле хуб буд, аммо барои беҳтару ҷолиб ва шавқовар баргузор намудани он дар оянда бояд дар қироати ғазалиёт ва маърузаву музокираҳо кормандони ҷавони Пажўҳишгоҳ бештар ҷалб карда шаванд.

Ифтихор Юсуфов

ходими илмии шуъбаи

воситаҳои ахбори омма

ва табъу нашри ПИТФИ

барчасп: