Тарғиби гӯшаҳои ҷашнӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон (дар мисоли ҷашни Наврӯз)

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик дорои давлтдории миллӣ гардида, дар ин асно эҳё намудани як қатор ҷашнҳои хусусияти таърихӣ- фарҳангӣ дошта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор гирифт. Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳани мардуми тоҷик буда, инсонҳоро ба гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек даъват намуда, ба ин васила, дар ниҳоди онҳо нисбат ба якдигар меҳру шафқат, дӯст доштани табиатро бедор мекунад. Таҷлили ҷашни Наврӯз ва ойинҳои хоси он дорои ҷиҳатҳои дигари фарҳангист, ки ҳамаи он бо оғози сари сол, зиндашавии табиат, кишту кори баҳорӣ, ояндабинии давоми сол ва ғайра алоқамандии зич дорад. Ҳамин тариқ, давра ба давра ҷашни Наврӯз, ҷойгоҳи пешинаи таърихии худро ишғол намуд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи аҷам ва дигар ҷашнҳои аҳамияти фарҳангӣ-таърихӣ дошта, ки асрҳо мардуми мо онҳоро ҳамчун арзишҳои фарҳангӣ ҳифз намудаву то ба насли имрӯз интиқол дода буданд, аз дастовардҳои милливу давлатии мардуми тоҷик дониста мешаванд.

Вазифаи мост, ки ҷашнҳои миллиро гиромӣ дошта, ба наслҳои оянда ва ҷаҳониён расму ойин ва суннатҳои асили онҳоро муаррифӣ намоем. Муҳиммияти ин мафҳумро Муасисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки макони гирдоварӣ, ҳифз ва муъаррифгари осори таърихию фарҳангии мардуми тоҷик мебошад дарк намуда, ҷиҳати ба маърази тамошо гузошта намунаи арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик саҳмгузор аст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар таърихи фаъолияти худ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шурӯъ аз соли таъсисёбӣ то соли 2021 гӯшаи ҷашнии «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро роҳадозӣ карда буд. Зимни таҳқиқоти мавзӯъи мавриди назар дар толори санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон мушоҳида гардид, ки гӯшаи ҷашнии «Аз Наврӯз то Наврӯз» ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз ташкил карда мешуд. Намоиши ин гӯша аз як ҷиҳат шиносоӣ ва муаррифии таърих ва ҷанбаҳои мухталифи фарҳанги мардуми тоҷик бошад, аз тарафи дигар як навъ ҳисоботи Осорхона вобаста ба ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории нигораҳо ба шумор мерафт. Дар давоми як сол аз Наврӯз то Наврӯзи дигар чи намунаи осоре, ки тариқи харид, туҳфа, ҳафриёт, ё бозёфт аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ба Осорхона ворид гардидааст, дар ин гӯша ба маъраз гузошта мешуд. Нигораҳои вобаста ба ҷашни Наврӯз ва ойинҳои онро дар ин гӯша дидани мумкин. Аз ҷумла дар тасвирҳои рассомон, ки дар намоишҳои доимӣ қарор доранд. Масалан, лаҳзаҳои бузкашӣ ва додани мукофот ба ғолибони ин навъи варзиш.

Боиси зикр аст, ки баробари инъикоси васеи таърихи куҳани тоҷикон, ҳамчунин тамоми ҷашнҳои миллию давлатӣ дар Осорхонаи миллӣ таҷлил карда мешаванд. Ҳамасола дар қатори дигар ҷашнҳо Наврӯзи аҷдодӣ бо баргузории конфронсу ҳамоишҳои илмӣ оғоз меёбад. Дар қатори ин кормандони осорхона бо оростани дастурхони наврӯзӣ ба гӯшаи ҷашнӣ шукӯҳи тоза мебахшанд, ки бозгӯ аз ойину суннатҳои қадимии мардуми тоҷик аст.

Дар соли 2022 дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз гӯшаи ҷашнӣ таҳти унвони «Инъикоси Наврӯз дар асарҳои рассомон» ташкил карда шудааст. Гӯшаи имсола танҳо фарогири намунаи асарҳои рассомон мебошад. Албатта, маҳсули эҷоди рассомон дар мавзӯъҳои гуногун буда, вобаста ба Наврӯз низ асарҳо офарида шудаанд.

Илова бар ин, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба дигар ҷашну идҳои мардумиву давлатӣ низ гӯшаи ҷашнӣ тартиб дода мешавад. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо дорои ҷанбаҳои тарбиявӣ-аҳлоқӣ ва рамзию таърихианд. Дар ҳар чорабинӣ гӯша бо дизайни махсус оро ёфта, боиси ҷалби тамошобинони синну соли гуногун мегардад. Баргузор кардани чунин намоишҳо мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва огоҳӣ нисбати фарҳангу тамаддун ва самимият ба Ватанро тарғиб мекунад. Аз ин бар меояд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияташро хуб ба роҳ монда, барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ҷашни Наврӯз ва пешкаши боздидкунандагон намудани гӯшаи ҷашнӣ дар рӯзҳои ид хизматрасонии сатҳи олиро ташкил менамояд.

Ходими калони илмии шуъбаи

фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ

Қурбонов Шодӣ

барчасп: