“Наврӯз, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ”

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 19-уми марти соли равон мизи мудаввар, таҳти унвони «Наврӯз, фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ», баргузор гардид.  Зимни ифтитоҳи ҳамоиш директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ зикр кард, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостониву беназири тоҷикон буда, ҳамасола, бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос, таҷлил кардани он рисолати фарҳангии мо маҳсуб меёбад.

Сипас директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи   Б. Искандаров, доктори илмҳои филологӣ Ҳоким Қаландариён маърӯзаашро бо номи “Наврӯз пешонии сол,” оид ба таърихи пайдоиши Ҷашни Наврӯз ва расму суннатҳои  бостонии он, ироа намуд.

Муовини директор оид ба илм, номзади илмҳои филологӣ Абдулфатоҳ Аминов дар мавзӯи “Андешаҳо дар мавриди чанд анъанаи таҳқиқнашудаи ҷашни Наврӯз” суханронӣ кард. Ӯ, дар ҷараёни суханронӣ, иброз дошт, ки дар баъзе ноҳияҳои кишвар, бахусус  Дарвоз ва водии Рашт бо фарорасии ҷашни Наврӯз, оқсақол ва чанд тан аз одамони баобрӯи деҳа шахсони бо ҳам қаҳриро оштӣ медоданд. Ҳамчунин, оид  ба “Арусгардак”, “Пинҳонӣ пешниҳод намудани ширбиринҷ ба хонаи шахси дилхоҳ” ва лигар анъанаҳои ханӯз кашфношудаи Наврӯз муфассал ҳарф зад.  

Ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода таҳти унвони “Нақши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар рушди фарҳанги миллӣ” маърӯза кард. Ӯ хотирнишон сохт, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон, дар партави сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ба соҳаи фарҳанг ҳамчун яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ кардааст. Бахусус, қабул шудани силсилаи санадҳои меъёрию ҳуҳуқӣ заминаи ҳуқуқии соҳаи фарҳангро тақвият бахшида, муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти фарҳангиро ба танзим дароварданд ва сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайяну мушаххас карданд. Инчунин, барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳангӣ ва мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ, дар баробари таҳияву тасвиби асноди меъёриву ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ низ қабул ва маблағгузорӣ карда шуданд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Фарзон Назрӣ ашъори наврӯзии хешро таҳти унвони «Пайғоми Наврӯз» қироат кард ва дилу хотири ҳозиринро болида гардонид.

Дар қисмати мубодилаи афкор иштироккунандагони ҳамоиш андешаҳои хешро вобаста ба ҷашни Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг баён доштанд.

Дар фарҷом, намоиши китобҳо баргузор гашт. Дар ин намоиш китобҳое, ки оид ба ҷашни Наврӯз ва фарҳанги миллӣ, аз сӯи ходимони илмии ПИТФИ таълиф шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.

 

барчасп: