ЗАРШӮӢ – ЯКЕ АЗ ПЕШАҲОИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Халқи тоҷик аз қадимулайём мардуми ҳунарманд буда, тавассути касбу ҳунарашон маишати рӯзгорашонро таъмин менамуданд. Дар радифи касбу ҳунарҳои гуногун пешаи заршӯӣ яке аз пешаҳои сердаромад ва мушкил маҳсуб меёфт. Заршӯӣ шуғли бо тариқи дастӣ ба даст овардани тилло аз дарёҳо мебошад, ки миёни мардум онро тиллоковӣ ва ё тиллошӯӣ низ меноманд. Маъмулан, мавсими заршӯӣ  моҳи март шурӯъ шуда, то моҳи октябр идома меёбад.  Барои ҷустуҷӯи тилло дарёҳоеро интихоб мекунанд, ки аз назди конҳои тилло ҷорӣ мешаванд. Ёдовар бояд гардид, ки дар натиҷаи аз дарёҳо ҷустуҷӯ намудан, заррачаҳои тиллоро ҳамроҳи регу қум бо асбобҳои махсуси худсохт дошта, аз ҳам ҷудо мекунанд, ки поёнтар шарҳ хоҳем дод.  Дар Тоҷикистон якчанд конҳои истихроҷи тилло расман фаъолият менамоянд, ки истифодаи он ба аҳолӣ мамнӯъ аст. Бинобар ҳамин мардум барои таъмини хароҷоти рӯзгор маҷбур мешаванд, ки худашон аз дарёҳо заррачаҳои тиллоро ҷустуҷӯ намоянд, ки чунин навъи тиллоро баргак ё тиллореза мегӯянд. 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон шустушӯи тилло аз дарёҳо дар водии Зарафшон, дар болооби дарёи Хингоб,  дарёи Ёхсу ва дарёи Панҷ мушоҳида карда мешавад. Махсусан, дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг, ки дарёи Ёхсу аз он ҷо убур мекунад, ҳунари  заршӯӣ бештар роиҷ мебошад. Аксаран мардуми маҳаллӣ, баъзан  аз деҳаҳои гирду атроф ба он ҷо омада, ба тиллошӯйӣ машғул мешаванд.  Боиси тазаккур аст, ки таҷрибаҳои заршӯӣ ғайр аз Тоҷикистон дар  кишварҳои дигари олам низ вуҷуд дорад, ки вобаста ба мавзеъҳо  тиллорезаҳоро  бо усулҳои мухталиф ба даст меоранд.

Тибқи маълумотҳо  донишу таҷрибаҳои заршӯӣ миёни тоҷикон аз асрҳои IX-X ба вуҷуд омадааст. Чуноне ки ҷуғрофидони форснажод Ибни Хурдодбеҳ дар асараш менигорад: «Ва бар соҳили ин рӯдхона пӯстҳои бузро, ки рӯи он пашм дорад, мегустурданд. Ва онҳо (пӯстҳо)-ро бо чӯбҳое, ки дар атрофи онҳо мекӯбанд, маҳкам мекунанд. Яке аз эшон (мардуми Вашгирд) дар соҳили рӯд ба рӯдхона ворид мешавад. Ва оби (рӯд)-ро бар рӯи он пӯстҳо мепошад. Ва фарди дигаре он обро бо оромӣ рӯи пӯстҳо соф мекунад. Он об тира ва сангин аст. Вақте ки дарѐфти решаҳои муйи он пӯст аз шон ва тилло пур шудааст онро бармедорад ва дар муқобили нури хуршед рӯи замин паҳн мекунад то замоне ки хушк шавад. Онҳо (мардуми Вашгирд) чармҳои густардае доранд, ки (тилло ва шонҳро) рӯи онҳо такон медиҳанд ва аз он (танҳо) тиллоро чудо мекунанд» (Ибни  Хурдодбеҳ. Китоб ал - масолик ва-л- мамолик / Тарҷумаи доктор Ҳусайн Қарочонлу. – Теҳрон, 1370. – С.156-157.)

Имрӯзҳо таҷрибаҳои ба даст овардани тилло то андозае фарқ дорад, ки дар байни тиллоҷӯяндагони ноҳияи Ховалинг мушоҳида гардид. Пеш аз оне ки худи тиллоро пайдо кунанд, аввал макони онро муайян месозанд. Масалан, тиллошуён баъди мушоҳида намудани реги майдаи сиёҳранг мавҷуд будани тиллоро дар он ҷо дақиқ карда, ҷустуҷӯро идома медиҳанд, ки ин амали хешро «аломат» меноманд. Барои ба даст овардани тилло таҷрибаву малакаи  хеле калон лозим аст, вагарна заҳмату машаққатҳое, ки дар ин роҳ сарф мешавад, ҳамааш зоеъ мегардад.

Асосан, тиллорезаҳоро дар мавзеъҳое ҷустуҷӯ мекунанд, ки  об бо суръати баланд омада,  дар он ҷо сокит мешавад ва бо сабаби зиёд будани вазнаш нисбати санг ва дигар ҷисмҳои кӯҳӣ зудтар зери об мешинад. Тиллорезаҳоро бештар дар соҳилҳо ва ҷазирачаҳои миёни дарё, ки об самти ҳаракати худро дигар мекунад, пайдо кардан мумкин аст. Барои як нафар шахс ҷустуҷӯи тилло хеле душвор буда, тиллошӯён ду ва ё се нафарӣ, яъне ба таври гурӯҳӣ шуда кор мекунанд. Маъмулан, чунин гурӯҳҳоро аз доираи хешу ақрабо интихоб мекунанд.

Дар аввал, регу қумҳоро аз зери сангҳо бо воситаи зоғнул канда, ба лаби дарё бурда мерезанд, ки миқдори сатилҳои кашонидаашон зиёда аз 60-70 ададро ташкил медиҳад. Барои регҳоро шустану тиллорезаҳоро аз дарунаш ҷудо кардан бутарро истифода мекунанд. Бутар асбоби худсохтест, ки аз тунука сохта шуда, бари он 30-35 см, дарозиаш аз 50 см то як метр, баъзан зиёда аз 2 метрро ҳам ташкил медиҳад. Намад, палос ё резини дуруштеро даруни тунука хобонида, аз болояш симтури зичбофташударо мегузоранд ва бо симҳои ғафс аз ду тарафи қадшудаи тунука онро маҳкам мекунанд. Сипас  дар он ҷо  бутарро дар ҳолати каме нишеб гузошта, новаро аз тарафи болояш мехобонанд. Вазифаи нова дар ин ҷо равон кардани об ба даруни бутар мебошад. Нова низ асосан аз тунукаи алюминӣ сохта шуда, дарозиаш то 1 метр аст. Инчунин барои шустани тилло зоғнул, бел, сатил, каҷбел(лопатка), коса ё табақи махсусеро истифода мебаранд.        

Як нафар сангу реги кандашударо ба сатил андохта, кам-кам ба нова мерезад. Нафари дигар дар назди нова истода, мунтазам ба даруни он об рехтан мегирад. Регу гил бо об омехта гардида, сӯи бутар равон мешавад. Баъд аз рехтани як миқдор сангу рег бутарро мегиранд ва симтури онро кушода, сангрезаву гил ва тиллорезаҳои дар он дармондаро даруни сатили оби тоза меандозанд. Аз даруни сатил регҳоро ба табақи махсуси алюминӣ андохта, давр занонда мешӯянд. Ҳангоми шустан тадриҷан сангу реги калонҳаҷмро аз дохили коса берун мекунанд. Дар таги коса реги майдаи сиёҳ, ки онро реги тилло ном мебаранд, бо тилло ва дигар метталҳо ба монанди оҳан ва мис боқӣ мемонад. Оҳану мисро тавассути оҳанрабо аз даруни реги тилло ҷудо менамоянд. Реги тилло ва баргаҳои тиллоро дар даруни коса хушк карда, аз коса ба болои коғази ғафс мерезанд ва бо усули «пуф кардан» регро аз тилло ҷудо карда мегиранд.

З. Холмуродов.

Ходими пешбари илмии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: