Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз назари устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Дар тӯли қарнҳо афроди заковатманде ба арсаи вуҷуд қадам ниҳоданд, ки хирад ва гуфтору кирдори хешро ба тарбия ва насиҳати хосу ом бахшида, панду ҳикматҳои онон чун калимаи шаҳодат дар ҳама давру замон вирди забони ҳамагон аст. Парҳезгорӣ аз неруи бадӣ ва зиштӣ, тарғибу ситоиши фазилатҳои ахлоқи хуҷаста ва писандида ҳамеша дар мадди аввал меистад. Устод Абуабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рудакӣ аз зумраи чунин ашхоси хирадманде буд, ки бо табъи закӣ ва истеъдоди фавқулоддаи хеш бармаҳал ба тарбияи мардум камар баст ва умри пурбаракаташро новобаста ба ноҷӯриҳо ва носозгориҳои рӯзгор баҳри ин мақсади наҷиб сарф намуд.

Афкори тарбиявӣ ва сеҳри сухани пандомези устод Рудакӣ аз дигар адибон ба куллӣ тафовут дорад. Услуби нигоришоти адиб, образофарӣ, эъҷози сухан дар қабои нафис, баёни ширин ва гуфтори нарм ба хонанда мерасад. Чунон ки гуфтори ӯст: “Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон”. Ва шояд ҳамин тарзи баёну маънӣ кашиданҳои устод таъсири амиқи худро ба адибони пасованд гузошта, ки ҳамагон “устод”хондаанд ва эътирофаш кардаанд. Бахусус, Носири Хусрави Қубодиёнӣ чунин ишора дорад:

          Ашъори зуҳду панд басе гуфтааст,

          Он тирачашм шоири равшанбин.

Тарбия дар осори устод Рудакӣ тариқи зоҳирӣ ва сурат набуда, бо далелу бурҳон аз заминаи ҳаёти воқеии мардум ғизо мегирад ва пардоз мехӯрад. Зебоии ҳаёт, табиати дилангез, зиндагии рангоранг бо тамоми ҳастияш гувороро шоир танҳо дар некандешӣ, накукорӣ ва ахлоқи ҳамида мебинад ва меписандад. Ҳаёти мардумӣ, пастиву баландии зиндагӣ, сирату тинати одамиро бо тамомияти хайру шараш, ки дар рӯзгори мардуми кӯчаву бозор ба чашм мерасад, ба қиёс мегирад ва бо чашми ибратбин менигарад ва бартарию фазилатҳои ахлоқи ҳамидаро тараннум ва ситоиш менамояд. Зиштӣ ва бадандешӣ чун хислатҳои разилона ва сифлаву зишти инсонӣ мазаммат гардида, шоир аз фарҷоми бади он оммаро огоҳ менамояд:

           

          Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

          Наздики худованд бадӣ нест фаромӯшт.

Шоир ба мардум огоҳӣ ва ҳушдорӣ медиҳад, ки ҳадафи дар панҷа доштани теғ қатли мардумон набуда, барои иҷрои амалҳои неку фоидаовар аст. Ҳар амали ношоистае, ки аз бани инсон сар мезанад, назди офаридгор фаромӯш нагардад ва дер ё зуд подошу мукофоти амали хешро мегирад. Мутафаккир муътақид бар он аст, ки ҳар чизи дар олам офаридашударо бо мақсади шоиста, барои корҳои нек истифода бояд кард. Вагарна шахси кордсохта агар донад, ки теғи ӯ дар дасти ситамгоре ва бадкирдоре ва қаттоле бо мақсади хун рехтан, ё фитна барангехтан бошад, ҳаргиз кӯшиши сохтани онро намекард:

 

          Ин теғ на аз баҳри ситамгарон кардаанд,

          Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Устод Рӯдакӣ баҳри тақвияти андешаҳои хеш аз санъати талмеҳ моҳирона истифода карда, ба ривояти таърихӣ дар бораи ҳазрати Исо пайғамбар рӯ меоварад: Рӯзе Исо ба роҳе мегузаштӣ. Баногоҳ назараш ба шахсе афтод, ки дар рӯйи роҳ кушта ва  партофта. Ҳазрати Исо афсӯсхӯрон ва сари ангуштгазон хитоб менамояд, ки ту киро кушта будӣ, то туро ба- дин ҳоли зор куштаанд. Яқин аст, ки он касе туро куштааст, боз аз дасти каси дигаре кушта хоҳад шуд:

         

          Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

          Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

          Гуфто, ки “Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

          То боз, ки ӯро бикушад, он ки туро кушт.

Устод Рӯдакӣ баҳри шарҳу тафсири маънӣ ва мақсад тадриҷан ба натиҷагирӣ ва хулосаи он меояд, ҷавҳару моҳияти андешаи хешро дар ҳусни мақтаъ тарҳрезӣ ва хулоса менамояд. Дар чунин маврид гуфтори маъмули халқӣ” То дари касе накӯбӣ, дари туро касе нахоҳад кӯфт”, ки дар давраи муосир низ аҳамияти хешро гум накардааст, ба риштаи назм мекашад, то ҳадафи маъниро ба нишон бигирад ва тир бехато расонад:

          Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,

          То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт.

Айни ҳамин матлаб дар байти дигари адиб низ ба мушоҳида мерасад:

         

          Наку гуфт муздур бо он хадеш,

          Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш.

Матлабу мақсади дигаре, ки дар боби тарбият устод нишонрас менамояд, пойбанди сармоя нашудани одамӣ дар зиндагист. Гузориши чунин мушкилот дар гузашта ва дар давраи муосир муаммоест сарбаста. Ҳирси ҷамъ намудани сармоя тоифае мардумро беҳолу бемадор карда. Ин дардҳои бедармони ҷомеа аст, ки ҳоҷати гуфтор нест. Пӯшида нест, ки ашхоси дар банди ҷамъ намудани пулу мол афтода ҳеҷ гоҳ озод ва шод нест, ҳамеша дар қайду банди чизе дилозор ва бар ғаму ғусса гирифтор.

         

Устод Рӯдакӣ чун тарбиятгар ва носеҳи мардумӣ сармоядориро амали бефоида мешуморад. Ӯ чун адиби баландназар ва ҳимматбаланд шаъну шӯҳрати мардумӣ, шодиву нишоти онро дар симу зар намедонад ва баръакс, бо он чи ки дар амалу заҳмату меҳнати ҳаррӯза   ба даст меояд, ки он ризқу рӯзии ҳар инсон аст, бояд қаноатманд бошад ва шод зиндагӣ ба сар барад. Шоир таъкид менамояд, ки ба тоифае, ки аз ту беҳтар зиндагӣ менамоянду худованди молу ҷоҳанд, ҳатто назари хеш афкандан нашояд ва аз баҳри он ғусса низ нахӯрад. Ба он фардоне назар кун, ки аз ту камтаранд ва аз зиндагии хеш қаноатманду хуррам бош. Чунон ки ӯ мегӯяд:

 

          Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

          Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

          Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр,

          Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.

Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро шоир сармоядориро амали ношоистаи мардумӣ медонад? Ҷавоби ин суолро мо аз ашъори боқимонда ва парешону парокандаи Устод Рӯдакӣ, ки имрӯз низ ганҷинаи ҳикмат ва сафинаи фитрат аст, дарёфт хоҳем кард. Дар қитъае матлаб тариқи пандомез чунин ба силки қалам омада:

 

          Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй писар,

          Мо чу саъва, марг бар сони заған.

          Ҳар гуле пажмурда гардад з – ӯ на дер,

          Марг бифшорад ҳама дар зери ған.

Аз мазмуни ин қитъа чунин бармеояд, ки он ҷавоб ба таъкидҳои фавқ аст. Зеро умри одамӣ пойдор ва ҷовид нест. Мо тимсоли сайди олам ҳастем, ки дар шикоргаҳ қарор дорем. Ва чун саъва дар чанголи заған марги хешро интизорӣ мекашем. Одамӣ гулеро монад, ки он зуд пажмурда гардад ва фаношаванда аст. пас баҳри чӣ умри азизи хешро ба ғундоштани сармоя сарф хоҳем кард?

Афкори тарбиявии устод дар шеърҳои нисбатан мукаммалтари то имрӯз расида, дар қасидаи “Модари май”низ ба мушоҳида мерасад. Ӯ зимни мадҳи амири Сомонӣ риштаи суханро ба панду насиҳат нигошта, тариқи ишора, бо руҷуъҳои  махсус ба ҳакимону мутафаккирони барҷаста: чун Суқроту Афлотун ва Луқмони Ҳаким мекашад. Илму хирад, ҳикмат ва имонро ба мардони адаб мансуб медонад ва дар ақидае пайгир аст, ки танҳо фардони муаддаб лоиқу сазовори хирад буда, бузургӣ насибашон хоҳад гашт. Чунончӣ:

 

          Он ки бад – ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯйӣ,

          Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон.

          Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,

          Гӯш кун инак ба илму ҳикмати Луқмон.

          Марди адабро хирад физояду ҳикмат,

          Марди хирадро адаб физояду имон...

Дар мадҳу ситоиши амир муболиғаҳои барзиёд, тасвирҳои аз ақлу хиради одамӣ дур ҷой надошта, заминаи воқеӣ ва ҳаётӣ доранд. Устод бузургиву ҳашамати мадҳшавандаро дар фазилатнокӣ, башардӯстиву мардумпарварии ӯ мебинад, ки чун мураббӣ ва тарбиятгари мардум ба қадру қимати мардони сухану адаб мерасад, онҳоро парвариш менамояду соҳибдевон мегардонад. Аз адлу доди амир ҳоли заифон қавӣ гардад ва қабру зулмро ба ҳеҷ кас раво надорад:

 

          Марди суханро аз ӯ навохтану бир,

          Марди адабро аз ӯ вазифаи девон.

          Боз ба ҳангоми доду адл бар халқ,

          Нест ба гетӣ чун ӯ набилу мусулмон.

          Дод биёбад заиф ҳамчу қавӣ з- ӯй,

          Ҷавр набинӣ ба назди ӯву на улвон.

Ҳарфи шоир ҳосили пуртуғёни қалби ӯст. Ба ақидаи устод, ҳар он маъние, ки рӯйи дафтар мекашӣ, натиҷаи ҷидду ҷаҳд, кӯшиш ва ҳиммат аст, то ки мақсад равшан гардад. Агар дар навишт ҳар қадар тезфаҳм бошӣ, сухан суфтаву суҳонзада шавад ва наку ояд. Дар порчаи қасида ишораи шоир ба навиштаҳои хеш аст, ки натиҷа ва ҳосили бурдбориву заҳмату устуворӣ дар пайи тасвири рангину мунаққаш чун саррофи сухан, ки лаҳнаш хубу маънояш осон буду ба мақсад ноил гардид. Чунон чи:

 

          В – ар чӣ бикӯшӣ ба ҷаҳди хеш бигӯй,

          В – ар чӣ кунӣ тез ба фаҳми хеш ба суҳон.

          Гуфт: надонӣ сазошу хезу фароз ор,

          Он – к бигуфтӣ, чунон – к гуфтан натвон.

          Инак мадҳе чунон ки тоқати ман буд,

          Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон.

Дар як қитъаи шеърӣ шоир бевафоӣ, бебақоӣ ва нопойдории ҷаҳонро ба мушоҳида гирифта, санги маломат мезанад. Устод ба лаҳни муроҷиат ба ҷаҳон, чун офаринандаи одам, мехоҳад ӯро бо як равиш ва қарору ором бубинад ва гардиши онро намеписандад. Гӯё ҷаҳон бо фарзандони хеш гоҳ ба сони модар меҳрубон асту гоҳ ба сони модарандар ҷафо хоҳад кард. Гардиши фалакро ягон монеагие гирифта натавонад: на сутун, на девори хиштину на дари оҳанин:

 

          Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо бачагон,

          Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модарандаро.

          На позер бояд туро на сутун,

          На девори хишту на з – оҳан даро.

Дар байти дигар устод ҳамин матлабро ба чунин қолаби маънӣ рехта:

 

          Худои арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,

          Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.

Тарбияи фарзанд аз дидгоҳи устод Рӯдакӣ дар канор намонда. Ба ақидаи шоир, фарзанд боист боадаб бошаду хирадманд, хосса фарзандони   ашхоси боилму дониш. Ӯ аз он афсӯс мехӯрад, ки аксар мардони донишвар, сухандону соҳибфазилат , илму фарҳанг хиради хешро чун мерос ба тарбияву таълими фарзандон набахшидаанд, ҳол он ки ҳар фарди соҳибмаърифат бояд қабл аз ҳама баҳри хирадмандии фарзанди хеш пардозад, ки он ба дигарон намунаи ибрат гардад:

 

          Эй дареғо, ки хирадмандро,

          Бошад фарзанду хирадманд не.

          В – арчи адаб дораду дониш падар,

          Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Устод Рӯдакӣ ҷавонеро, ки дар андӯхтани илму фарҳанг саркашӣ мекарду аҳамияти онро дар нафъи ҷомеа ва зисту зиндагӣ амали беҳуда мепиндошт, хитобан дар як қитъаи шеър сахт мазаммат мекунад, ҳарфи ӯро газоф мешуморад. Ба ҷавон панд медиҳад, ки дар пайи дарёфтану аз бар намудани илму дониш кӯшишу ранҷ ва сабру таҳаммул бояд, то толибилмро ба мақсад бирасонад:

 

          Ин ағдасарӣ ба чӣ кор ояд, эй фато,

          Дар боби дониш ин сухан беҳуда магӯй.

          То сабрро набошад ширинии шакар,

          То бедро набошад бӯйе чу дорбӯй. 

 

Хоҷаев Қурбон

Ходими пешбари илмии шуъбаи

фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ

барчасп: