Се воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон

Дар таърихи навини Тоҷикистон се воқеаро тақдирсозу фаромўшнопазир метавон арзёбӣ кард: Рўзи истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Агар гўем, ки тамоми дастоварду комёбиҳо ва пешрафту тараққиёти замони замони истиқлолият ба ҳамин воқеҳои таърихӣ марбутанду аз онҳо сарчашма мегиранд, хато нахоҳад шуд. Аз ин рў ин се воқеаи тақдирсоз бояд дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатти заррин сабт карда шаванд. Бо гузашти солҳо, ҳар қадар мо аз ин воқеаҳо дур мешавем, аҳмияти таърихии онҳо зиёд мешавад. Ҷомеашиносону таърихногорон ва ҳар як фарди огоҳу худшиноси ҷомеаро лозим аст, ки аҳамияти иҷтимоиву таърихии ин се воқеаи муҳимро мавриди тадқиқ ва таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор диҳанд, то наслҳои оянда низ инро дарк дуруст намоянд.

Истиқлолияти миллӣ орзуи беш аз ҳазорсолаи мардуми мо, ба хусус ормони зиёиёну фарҳангиёни тоҷик буд. Танҳо 9-уми сентябри соли 1991 мо аз файзи ин неъмат баҳравар гардидем. Бешубҳа, ин бузургтарин воқеа дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ба вуҷуд таҳаввулоти сиёсӣ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба вуқўъ пайваст. Аз ин неъмати худовандӣ мардуми мо умеди калон дошт. Хурду бузург бовар доштанд, ки акнун барои соҳибӣ кардани ватани аҷдодӣ, ки обу хоки он барои ҳар яки мо азиз мебошад, бунёди давлати воқеан миллӣ, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як шаҳрванданро ҳимоя карда тавонад, эҳё намудани суннатҳои миллӣ, амалӣ намудани орзую ормонҳои дерина шароит фароҳам меояд. Нақшаву ниятҳое, ки қаблан амалӣ гардиданашон имконнопазир буд, амалӣ мегарданд. Ватан ободу зебо мешаваду мардум зиндагии озоду осуда ба сар мебаранд. Барои амалӣ гардидани чунин орзуву ормонҳо дар ҷумҳурӣ тамоми имконият мавҷуд буд. Он нерўи ақливу зеҳнӣ ва он қувваи созандаву бунёдкор, ки дар он давра дар ҷумҳурии мо мавҷуд буд, барои амалӣ намудани чунин нақшаву ниятҳо мусоидат карда метавонист. Танҳо роҳбарии дуруст ва ба кору фаъолияти созанда сафарбар намудани мардум лозим буду бас.   

Вале ин ба бадхоҳони миллати мо намефорид, зеро онҳо ҳеҷ гоҳ пешрафту шукуфоии ин миллату ин ватанро намехостанд ва ҳар лаҳза омода буданд, ки нақшаву ниятҳои нопок ва муғризонаи худро ҷомаи амал пўшонанд. Онҳо хуб дарк карда буданд, ки ин миллат нерўи бузурги ақливу зеҳнӣ ва қувваи созанда дорад ва дар сурати самаранок истифода бурдани ин нерў ба пешравиҳои назаррас ноил гардида метавонад. Ба нестӣ расонидани ин халқу миллат аз ҳадафҳои асосии ин бадхоҳон ба ҳисоб мерафт. Аз ин рў онҳо Ватани моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ғўтавар намуданд. Ҳамсояро бо ҳамсоя, падарро бо писар, бародарро бо бародар душман гардонданд. Дар натиҷа писар ба қасди падар корду камон гирифту фарзанд синаи модарро дарид. Ҳазорон нафар кўдакон ятим, ҳазорон оилаҳо бесаробон монданд. Даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо ба кишварҳои ҳамсоя ва дар минтақаҳои нисбатан ороми ҷумҳурӣ фирорӣ шуданд. Тамоми ҷомеаро ҳисси маъюсиву ноумедӣ фаро гирифта буд. Ба ном ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки дар сари қудрат қарор дошт, на танҳо аз уҳдаи идора кардани мамлакат намебаромад, балки рўз то рўз нобоварии қишрҳои мухталифи ҷомеа ба он зиёд мегардид. Хулласи калом, тамоми рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буд. Шароити бавуҷудомада зарурати таъсис додани ҳокимияти нави қонуниеро тақзо менамуд, ки дар чунин вазъияти ногувор ҳам ҷумҳуриро идора карда тавонаду ҳам манфиатҳои тамоми мардумро ифода намояд, яъне ба боварию эътимоди мардум сазовор бошад.

Дар чунин вазъияти ниҳоят душвору ҳассос, ки хатари ба пораҳо тақсим шудани ҷумҳурӣ, ба нестӣ расидани миллат ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон аз байн рафтани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошт, аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Тасмими баргузории ин иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд аз ҳар ҷиҳат дуруст буд, зеро дар он замон, ки вазъияти пойтахт ва атрофи он ноором буд, доир намудани ин иҷлосия дар шаҳри Душанбе ғайриимкон буд. Аз як тараф, ба амнияти вакилони мардумӣ касе кафолат дода наметавонист ва, аз тарафи дигар, барои озодона баррасӣ намудани масъалаҳои дар рўзномаи иҷлосия мавҷудбуда, ки тақдири ояндаи ҷумҳурӣ ба онҳо вобастагӣ дошт, шароит мавҷуд набуд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳар ҷиҳат метвон тақдирсозу таърихӣ унвон кард, зеро дар ин иҷлосия на танҳо ҳукумати қонунӣ ба сари кор омад, балки он барои минбаъд барқарор гардидани сулҳу оромии сартосарӣ дар мамлакат асос гузошт. Ҳукумате, ки дар иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ба сари қудрат омад, аз рўзҳои аввал кўшиш менамуд, ки боварию эътимоди мардумро сазовор бошад, манфиатҳои тамоми сокинони ҷумҳуриро ҳимоя намояд. Дар рўзҳои доир гардидани иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар дили мардуми азияткашидаи мамлакат шуълаи умед фурўзон гардид. Тамоми ҳушу ёди мардум ба ин воқеаи ҳақиқатан ҳам таърихӣ равона гардида буд. Аз нахустин рўзи баргузории иҷлосия, ки ҷараёни он асосан пас аз шом тавассути телевизион намоиш дода мешуд, мардум дар назди оинаи нилгун ҷамъ омада, бо як ҳисси умед онро тамошо мекарданд. Бовар доштанд, ки дар ин иҷлосия ақли солим пирўз мегардаду на танҳо барои пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи мамлакат, балки барои пешрафту шукуфоии он низ дар ояндаи наздик замина гузошта мешавад. Вакилони мардумӣ ҳам эҳсос карда буданд, ки онҳо барои ҳалли тақдири минбаъдаи халқу миллат ва ватани аҷдодӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷамъ омадаанд ва тамоми мардум бо дидаи умед ба онҳо менигаранд. Аз ин рў онҳо низ дар баррасии масъалаҳои рўзномаи иҷлосия ва қабули қарорҳои созанда бо масъулияти дучанд иштирок менамуданд. Хулласи калом, дар шаҳри Хуҷанд доир гардидани Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дуюмин воқеи сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия ақли солим бар эҳсосот ғолиб омад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия ҳукумати қонунӣ интихоб гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия қарору қонунҳое қабул карда шуданд, ки барои таъмини минбаъдаи сулҳи фарогир дар ҷумҳурии азизамон замина гузоштанд.

Аммо раванди расидан ба сулҳи фарогир дар ҷумҳурӣ, ки хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии созандаи мамлакат барои хотима додан ба ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷўйи ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб мерафт, дар ҷараёни кори иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт, зеро баъди баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз низ ҳанўз вазъи сиёсии ҷумҳурӣ пурра ором нагардида буд. Қувваҳое мавҷуд буданд, ки ба касе итоат намекарданд. Агар баъзеи ин қувваҳои сияҳкор худро ҷонибдори мухолифин меномиданд, баъзеи дигар барои бадном кардани ҳукумат даст ба ҷинояту ғоратгарӣ мезаданд. Албатта, ҳама гуна нооромии сиёсиро қувваҳои ҷиноӣ ба манфиати худ истифода бурда даст ба куштору ғорат мезананд. Дар он солҳое, ки фазои сиёсии ҷумҳурии азизи мо низ ноором буд, чунин қувваҳо даст ба ҷиноятҳои зиёд заданд, вале ягонтои онҳо ба мақсади нопоки худ нарасида оқибат подоши амали худро диданд. Маҳз ба хотири расидан ба сулҳи фарогир ва ба даст омадани оромию осоиштагии комил дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи музокироти байни тоҷиконро пеш гирифт, ки ин музокирот бо мусоидати бевоситаи СММ ва кишварҳои хайрхоҳ баргузор гардид ва аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни 1997 идома ёфт. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва иттиҳоди нерўҳои мухолифи, 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари иттиҳоди мухолифин баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот 9 санади асосӣ қабул шуд. Ин санадҳо барои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ниҳоят дар рўзи барои мардуми Тоҷикистон басо таърихию тақдирсози 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ҳуҷҷати сарнавиштсози «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин рўз барои мардуми ҷумҳурии мо иди ҳақиқӣ буд. Ҳама ашки шодӣ мерехтанд, ҳамдигарро ба ин рўзи саид табрик мекарданд. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» сеюмин воқеаи сарнавиштсози таърихии навини Тоҷикистон мебошад. Маҳз ҳамин воқеи сарнавиштсоз на танҳо дар ҷомеаи мо сулҳу оштии миллиро таъмин намуд, балки ба пешрафту тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард, зеро бидуни сулҳу оромӣ пешрафту тараққиёт имконнопазир аст.

Ҳар сол мардуми шарифи ҷумҳурӣ рўзи имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Ба истиқболи ин рўзи саид дар саросари ҷумҳурӣ корҳои созанда вусъат меёбанд. Дар арафаи ин ид даҳҳо иншооту корхонаҳо ба истифода мешавад. Тантанаҳои хотирмон доир мегарданд. Дар маҷмўъ таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакатро метавон муҳимтарин дастоварди даврони истиқлолият номид. Маҳз ҳамин ҳуҷҷати сарнавиштсоз миллати моро аз хатари нобудшавӣ ва давлати навистиқлоламонро аз парокандагӣ раҳо бахшид.

Меҳроб Ҷумъаев,
ходими пешбари илмии ПИТФИ-и
Вазорати фарҳанги ҶТ

P.S.: Насли нисбатан калонсоли мо, ки худ шоҳиди бевоситаи ин нооромиҳо мебошанд, хуб дар хотир доранд, ки дар он замон зиндагӣ кардан чӣ қадар душвор гардида буд. Рўзҳо аз пайи дарёфти як бурда нон сипарӣ мешуд. Саҳар вақте, ки аз хона мебаромадем, бовар надоштем, ки оё бегоҳ зиндаю саломат ба манзиламон бармегардем ё на. Аз ин рў мо насли нисбатан калонсолро лозим аст, ки ба қадри сулҳу оромии ватан расем ва ҷавононро низ ба ин талқин намоем.