“ТОҶИКОН” – ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 28/09/202227-уми сентябри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили илмӣ таҳти унвони “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров-омили ташаккули худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил ходимони илмии муассиса моҳияту муҳтаво ва арзиши илмию таърихии китоби “Тоҷикон”-ро баррасӣ намуданд.
10-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ
Чоп шуд: 12/09/2022Худкушӣ падидаи зишту номатлубест, ки он аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар ҷомеаи инсонӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Ривоят аст, ки дар Рими қадим худкушӣ, бахусус, дар байни духтарон ва ҷавонзанон, новобаста аз чораҳои пешгирӣ, хеле афзуд. Шаҳрдор фармон дод, минбаъд ҷасади урёни онҳое, ки худкушӣ кардаанд, дар маркази шахр ба намоиш гузоранд.
ЗИЁРАТГОҲИ ЛАНГАР-ОТА ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН
Чоп шуд: 23/08/2022Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар қатори дигар ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ мазору зиёратгоҳҳо аз қабили Ҷигдалик-ота дар ҷамоати Турсун Ӯлҷабоев, Ҷабборқул-ота дар ҷамоати шаҳраки А. Ҷомии Навкат, Кӯктунлик-ота ва Лангар-ота дар ҷамоати деҳоти Тағояк ва дигар қалъаву мавзеҳои дигар низ мавҷуданд...
Сурхӣ- хӯроки субҳонаи зимистонаи деҳаи Каздон
Чоп шуд: 10/08/2022Сурхӣ як навъи хӯроки субҳонаест, ки дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ онро мепазанд. Сурхӣ таъмаш як каме ба ҳарири тӯёнаи ин минтақа монанд аст, аммо тарзи пухтанаш каме дигаргун аст. Сурхиро одатан дар фасли зимистон дар ин минтақа мепазанд, зеро миҷози ин хӯрок хеле гарм буда, ба табиати сарди кӯҳистон мутобиқ аст...
Ярма- хӯроки наврӯзӣ ва «борони раҳмат»-и деҳаи Каздон
Чоп шуд: 20/07/2022Мардуми деҳаи зебоманзари Каздон яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва таърихи қадимӣ доштаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад, ки урфу одатҳои қадимӣ ва расму оинҳои аҷдодии мо то ҳанӯз дар ин деҳа мустақару пойдоранд. Ҳар як хӯроки пухтаи бонувон ва ошпазҳои маъруфи ин деҳ ба худ таърих ва ривоятеро дорад, ки решаи онҳо аз умқи таърих ва фарҳангу тамаддуни ориё об мехӯрад.
ЗАМЗАМАИ ВАҲДАТ
Чоп шуд: 04/07/2022Имрӯз ҳамаи мо шукургузорем, ки мардуми диёрамон осудаву оромона думболи кору зиндагии хешанд, аммо биёед нигарем лаҳзаи на он қадар дур. Ҳамагӣ андаке бештар аз 23-25 сол дар чи гуна рӯзҳои даҳшатбор мезистем. Инсонҳо чун барги хазон рӯи хок мерехтанд ва дардовараш он буд, ки ағлаби онҳо ҷавононе буданд, ки тавре мегӯянд, аз сад гули онҳо...
“БЕҲТАРИН”-МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР ХОРИҶ
Чоп шуд: 29/06/2022Рӯзи 10 июни соли 2022 дар толори кинотеатри “Кохи Наврӯз”намоиши филми мустанади Муҳсин Раҳимӣ, коргардон, раиси бахши форсии радиои“Ал-Кувайт”-и Давлати Кувайт, мубаллиғи фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, бо номи «Беҳтарин», ки дар қолаби як достони ишқӣ–романтикӣ фарҳангиён ва ҳунармандони тоҷикистонӣ ба навор гирифта ...
НАМОИШИ “АСАРҲОИ РАССОМОНИ РУС АЗ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”
Чоп шуд: 29/06/202223 июни соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид. Шарифзода Муртазо, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия табрик гуфта, ба робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар, аз ҷумла, саҳми рассомони рус дар тарбияи рассомони тоҷик баҳои баланд дод.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 8
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- 14
- 15
- 16
- …
- следующая ›
- последняя »