НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТӢ ВА МЕТОДИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимони пажӯҳишгоҳ, ки таҳти раёсати Раиси шуро, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов доир гардид, фаъолияти он дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои он барои соли 2024 муайян гардид.

барчасп: 

Сабти ном шудани се унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО

Аз 4-ум то 9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд.  Дар ин ҷаласа дар қатори масъалаҳои зиёди дигар инчунин баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт. Аз тамоми кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ имсол 55 парвандаи номинатсионӣ, 45 адад ба “Феҳристи репрезентативӣ”, 6-то ба “Феҳристи унсурҳои ҳифзи фаврӣ” ва 4-то ба “Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба комиссия ворид шуданд.

барчасп: 

НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Рӯзи 7-уми декабри соли 2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин” гузаронида шуд.

Китоби «ФАРҲАНГ ВА ТАҲАВВУЛИ ОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ» ба табъ расид…

Нашри китоби Мунаввари Сафар “Фарҳанг ва таҳаввули он дар замони истиқлол, ки онро Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расондааст, муборакамон бод.

АНДЕШАЕ ЧАНД ПЕРОМУНИ РУШДИ ҲУНАРИ КИНОИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ
 

Баръакси замони Истиқлол, дар замони шуравӣ кинои тоҷик хеле тараққӣ карда, бо тавлиди як қатор филмҳои таърихию бадеӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Сенариянависони он замон кӯшиш мекарданд, чизи наве эҷод намоянд, чизе, ки ба дарди мардум хурад ва дар баробари фароғати онҳо эҳсоси шинохти худу худогоҳиро дар вуҷудашон тавлид созад.

ТАҲҚИҚИ ПУБЛИТСИСТИКАИ НАВИСАНДА

Дар ҷаҳони муосир аҳамияти публитсистика барҷаста буда, нақши публитсистон дар бозтоби воқеияти замон бориз мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣбунёдкориҳои азим, аз қабили тармиму таҷдиди роҳҳо, кандани нақбҳо, бунёди неругоҳҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, тиббӣ, корхонаҳои азим ва амсоли инҳо анҷом пазируфта, дар зимн Тоҷикистон ба кишвари амнтарини сайёра табдил ёфт.

ПАРЧАМ – РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

барчасп: 

Иштироки мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ дар Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид

Аз 16 то 18 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид баргузор шуд, ки дар он намояндагони беш 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумлаи мутахассисон ва коршиносону ходимони фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд...

барчасп: 

Страницы