Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид. Дар маросими  расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр

барчасп: 

Иштироки Пешвои миллат дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.
Мавриди зикр аст, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ - иттиҳодияи мустақил ва

Мазҳакаи лирикии тоҷик «Ман бо духтаре вохӯрдам»

Филме мондагортар аз инро камтар ёд дорем. Шояд аввалин мелодрамаи тоҷик буд, ки дар сар то сари кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат касб кард. Филме, ки имрӯз ҳам онро тамошо мекунанд. Гарчанде аксари ҳунарпешагонаш аз олам рафтаанд, вале боз ҳам шояд аз пурбинандатарин филм дар таърихи “Тоҷикфилм” бошад.

“Ман ба духтаре вохӯрдам”. Номи ҷаззоб ва дар аввалин дид таваҷҷӯҳи бинандаро

Театри тоҷик 90-сола шуд

Беҳтарин намоишҳои театрӣ бо номи «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Хизматгори ду хоҷа», «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Алломаи Адҳам», «Гуфтугў бо худ», «Ватан ва фарзандон», «Ишқи зиндагӣ» «Рустам ва Сўҳроб», «Эдип», «Ҷияни хира», «Шоҳ Исмоил», операҳои «Кармен», «Жизел»,Ғуломон», «Комде ва Мадан», «Рўдакӣ», «Амир Исмоил» ва ғайраҳо мебошанд, ки мазмуни худро то ҳол гум накардаанд.  Дар тўли ин солҳо ҳунармандони беҳтарин  Муҳаммадҷон Қосимов, Мушаррафа Қосимова, Фаррух Қосимов,

барчасп: 

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи театри тоҷи

Муҳтарам аҳли санъату ҳунар ва ҳаводоронии театр!

Бо арзи эҳтиром‚ шумоёнро ба муносибати Рўзи театри тоҷик самимона шодбош гуфта, бароятон саодату хушрўзгорӣ ва муваффақиятҳои нави эҷодиро таманно менамоям.

Театр аз оғози пайдоиши худ рисолати хешро ҳамчун ойинаи зиндагӣ, ҳамчун инъикоскунандаи ҳақиқати ҳаёт, ҳамчун ҳидоятгари одамон ба сўи некӣ бо субот иҷро

барчасп: 

Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро

Асрори маҳорат: нақши Алломаи Адҳам дар иҷрои Ато Муҳаммадҷонов

 Ато Муҳаммадҷонов

Намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон» яке аз қуллаҳои театри муосири тоҷик, классикии ўст. Ба замми он ин падидаи бузурги фарҳанги мост. Намоишро кас борҳо дидан мехоҳад, чунки инсон ба асари ҳақиқӣ мўҳтоҷ буда, неруи маънавӣ пайдо мекунад, дар ў ҷараёни тозашавӣ ва нав шудан ба вуҷуд меояд, ки аз қадим дар як қатор вазифаҳои муҳимми санъат ворид гардидааст. Намоиш имкон медиҳад,ки аз ҷозибияти шарҳнопазир ва асрорангези олами ҳайратоваронаи ҳаяҷонбахш ва мафтункунандаи театр лаззат барем.

Баҳси дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик дар ҳамоиши Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Дирӯз, 29-уми октябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии кинои тоҷик дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик» конфронси илмӣ баргузор гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳ Шариф Комилзода дар суханони ифтитоҳии худ нақши кинои тоҷик дар рушду нумуи мамлакатро назаррас арзёбӣ кард ва гуфт, ки

барчасп: 

Страницы