Профессор Алмос Абдуллоев аз олам даргузашт

Алмос Абдуллоев — мутриб, оҳангсоз, омӯзгор, донандаи мусиқии мардумӣ ва Шашмақом, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов  дирӯз бар асари беморӣ  дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Алмос Абдуллоев аз зумраи шахсиятҳои маъруфи фарҳангии кишвар буд, ки дар рушди фарҳанги мамлакат хизматҳои шоиста кардааст.
Алмос Абдуллоев соли 1947 дар шаҳри бостонии Самарқанд дида ба олам кушодааст.

барчасп: 

Истиқлолияти давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт Мизи мудавваре, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода доир гардид, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуъи

барчасп: 

Эмомалӣ Раҳмон: Сифати таҳсилот масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки бо сабаби нокифоя будани таҷриба ва камфаъолиятии масъулон, ки дар сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, амалӣ нашудани баъзе принсипҳои идоракунии ин самти муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад.
Матни комили суханронии Пешвои миллат дар зер меояд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям. Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид мебошанд.

Дар мавзеи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ ифтитоҳ шуд

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

Китоби нав: “Ҳамосаи Гурғулӣ ва шинохти он”

Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гўрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо, васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Он аз силсиладостонҳои шифоҳӣ иборат буда, ғояи асосии ҳамосаи мазкур орзую ормонҳои мардуми одиро оид ба кишвари афсонавии Чамбул фаро гирифтааст, ки дар он ҷо ҳокимияти боадолат, хуррамию осудагӣ ва аҳдшиносию бародарӣ пойдор мебошанд. Ҳамосаи “Гўрғулӣ” дар миёни эпосҳои халқҳои ҷаҳон мавқеи хосса дошта, дар айни замон бо эпосҳои қаҳрамонии халқҳои Осиёи Марказӣ робита ва баъзе ҳамгуниҳо дорад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ» ҷамъбаст шуд

Дар ҷамъбасти озмуни «Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ», ки 28-уми июли соли равон дар «Боғи Ирам» доир гардид, аз аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳунармандони боистеъдод бо маҳсули дасти хеш ширкат варзиданд. Озмуни мазкур бо дастгирӣ ва ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар Озмуни номбурда Вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии

барчасп: 

Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино

Чунин ном дорад китоби пажӯҳишгари тоҷик Тилло Некқадам, ки ахиран дар нашриёти “Аржанг” ба табъ расид. Китоби нав аз ҳафт боб – «Айнӣ ва кино», «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик», «Кинои тоҷик дар даврони Иттифоқи Советӣ», «Ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо кишварҳои бо мо дўст», «Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ», «Ситораҳои кинои Ҳиндустон» ва «Саҳмии устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи кинои миллии тоҷик» иборат буда, хонандаро бо лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳамкориҳои устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ки аз солҳои сиюм оѓоз ёфтааст, ошно мекунад.

Страницы