Маънии "Фалак"-ро зи фалак бояд ҷуст

Дар нимаи дувуми қарни 20-ум дар суннати фалаксароӣ як таҳаввулоти беандоза нодир рух дод. Ба олами фалаксароӣ бонуи хеле ҳунарманду хушовоз ва шахсияти тавоно - Гулчеҳра Содиқова ворид гардид. То ин замон на дар мақомхонӣ ва на дар ҳунари фалаксароӣ занон кӯшиш намекарданд. Бо амри тақдир, дар равиши пурэъҷози рушди мусиқии миллӣ дар мақомсароӣ Барно Исҳоқова ва дар фалакхонӣ Гулчеҳра Содиқова бо як олами нав, назокати дилангез ва нолаҳои ҷонсӯз арзи ҳастӣ намуданд. Воқеан, Гулчеҳра Содиқова

ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ НИГОҲИ НИЁГОН

Маълум аст, ки халқи тоҷик аз қадим на саҳрогарду кучманчӣ, балки шаҳрдору деҳнишин буда, аз одобу фарҳанги шаҳрдорию деҳдорӣ ва қавмдорию ҳамсоядорӣ хуб бархўрдор гаштааст. Албатта, дар касби маърифати фарҳанги шаҳрдорию қавмдорӣ, ба хусус фарҳангу одоби ҳамсоядорӣ саҳми ниёгони андешамандонамон зиёд аст. Онҳо ин мавзўъро дар осори худ матраҳ карда, орову афкори худро ҷиҳати беҳбудии ҳаёт ва риояи қонунҳои зиндагии иҷтимоии одамон, аз ҷумла ҳамсоядорӣ баён доштаанд

барчасп: 

Сарчашмаи муътамади иттилоотиву таърихӣ доир ба фарҳанги ғайримоддӣ

(Тақриз ба китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» / Мураттиб Д. Раҳимов: Муҳаррир Ш. Комилзода.–Душанбе: Эр-граф, 2017 .–280 с.)

Назар афкандан ба саҳфаҳои таърихи башар барои насли имрўз кофист, ки ба соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёди тоҷик имон биоварад. Ниёгони тамаддунофари мо бо осори бузургпояву гаронмояи хеш дар густариши тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин, миллати тоҷик дар дарозои таърих санъату ҳунар, расму маросим ва ҷашну анъанаҳоеро ба вуҷуд оварда ба шакл даровардааст, ки фалсафаи зиндагии шоистаро дар худ нуҳуфта медоранд. Мероси гаронбаҳои фарҳангие, ки аз ниёгони хеш ба ёдгор дорем, бидуни шак, боиси ифтихору сарафрозии мо ворисон дар замони муосир аст.

Анҷумани судманд дар шаҳри бостонии Панҷакент

Дар иртибот бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ҳамчунин «Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир» рўзҳои 6-10-уми июли соли 2019 бо ташаббуси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар урдугоҳи кўҳнавардии Артуч конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Намоиши наққошиҳои рассоми маъруф Зокир Собиров дар меҳмонхонаи “Сирена Душанбе”

Дирӯз дар чойхонаи “Машрабия”-и  меҳмонхонаи “Сирена Душанбе” бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, рассомон, меҳмонон аз Сафоратҳо ва созмонҳои хориҷии муқими Душанбе, хабарнигорони васоити ахбори дихиливу берунӣ намоиши наққошиҳои рассоми шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров ифтитоҳ шуд. Қарор аст ин намошгоҳ то 15-уми августи соли равон боқӣ бимонад ва дари он ба рӯйи ҳамаи алоқамандони фарҳанги волову дӯстдорони асарҳои наққошӣ боз аст.

Силсилаи ёдгориҳои роҳи абрешим барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО омода мешаванд

Дар бахшҳои семинар вазъи омодасозии ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла  номинатсияи “Роҳи абрешим: гузаргоҳи минтақавии Фарғона-Сирдарё», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон пешниҳод хоҳад шуд ва номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд”, ки марбут ба ёдгориҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Аввалин пайғоми сулҳ

«Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти  пешрафти  мамлакатамон  ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Ин  матлаб иқтибос аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Гуфтанд, мегӯем ва хоҳанд гуфт, ки нақши Пешвои тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон барҷаста аст ва он дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарин сабт шуда, пас аз садсолаҳо низ ин хизмати Сарвари давлат эътирофу қадршиносӣ меёбад

барчасп: 

“Нури Ваҳдат” аз чоп баромад

Нашриёти “Истеъдод” дар остонаи ҷашни Ваҳдат ҷилди дигари китоби “Нури Ваҳдат”-ро интишор дод. Ба шумор ин сивуякумин ҷилд аз ин силсила аст.  Мураттибони китоб Рамазонӣ Давлатов, Умриддин Юсуфӣ ва муҳаррири масъули он  Мирозошоҳрух Асрорӣ мебошанд.

Страницы