Шоҳҷоизаи «Парасту-2019» насиби Театри Лоҳутӣ гардид

Шоми 22 апрели соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пўшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро бо анҷоми он табрик гуфт: «Ин ҳамоиши бошукўҳ бори дигар собит сохт, ки санъати театрии тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба пешрафти ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гашт».

барчасп: 

Ифтитоҳи Амфетиатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.

барчасп: 

90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Тақдири талх ва ширини «Дохунда»

Ҳанӯз аз ибтидои солҳои сиюм сар карда, киносозони тоҷик ба асарҳои устод Садриддин Айнӣ рӯ оварданд ва нахуст ба романи «Дохунда» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бобат сенаристони рус А. Олшанский, Н. Достал ва И. Прут аз рӯйи ин роман сенарияҳо эҷод карданд ва борҳо барои маслиҳат бо муаллифи роман вохӯрдаанд. Аммо бо ҳар баҳона таҳияи сенарияи «Дохунда» аз як сол ба соли дигар мемонд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЗАРГАРӢ

Заргарӣ яке аз санъатҳои қадимаи  ороишию амалии тоҷикон ба шумор меравад. Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.

барчасп: 

«ЁҚУТВОР ЛОЛА, БАР БАРГИ ЛОЛА ЖОЛА…»

Ин баҳор Тоҷикистони шукуфони мо боз ҳам шукуфонтар гардид. Завқи зебоипарастӣ ва иқдоми навини Пешвои миллати мо ҷиҳати таъсиси маъракаи «Сайри гули лола» дар саросари кишвар ба ҳусни Наврӯзи Аҷам, ба ҳусни табиати шаҳру деҳоти мо, ба ҳусни фарҳанги қадимаву дилпазири тоҷикон авҷи тоза зам намуд. Ҷилои тозаи лолаҳои дилрабо бо тамоми рангҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.

барчасп: 

ТУҲФА БА ҶАШНИ КИНО

Бахшида ба 90- солагии кинои тоҷик бо иқдоми Пажӯҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (директораш Шариф Комилзода) китоби нави киношинос Тилло Некқадамов таҳти унвони «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино» (Душанбе, «Аржанг», 2019, 248 саҳ.) аз чоп баромад.

барчасп: 

ТАҚВИЯТИ ДОНИШУ МАЛАКАИ ХОДИМОНИ ИЛМИИ ПИТФИ ДАР Ш. ТОШКАНД

Аз 8-ум то 12-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи самарноки Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд.

барчасп: 

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳа дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 39 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китобу дастур, 24 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар нашрияҳои даврӣ ва 11 мақола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Иловатан, 30-мақола доир ба  фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.

барчасп: 

Страницы