Баррасии проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол

Ҳамасола дар муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ бахшида ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун ҳафтаи илм дар шакли конференсияи илмӣ – назариявӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто фаротар аз он қайд карда мешавад.

барчасп: 

Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз назари устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Дар тӯли қарнҳо афроди заковатманде ба арсаи вуҷуд қадам ниҳоданд, ки хирад ва гуфтору кирдори хешро ба тарбия ва насиҳати хосу ом бахшида, панду ҳикматҳои онон чун калимаи шаҳодат дар ҳама давру замон вирди забони ҳамагон аст. Парҳезгорӣ аз неруи бадӣ ва зиштӣ, тарғибу ситоиши фазилатҳои ахлоқи хуҷаста ва писандида ҳамеша дар мадди аввал меистад.

барчасп: 

Тасвири баҳор ва ҷилваҳои табиат аз мушоҳидаи устод Рӯдакӣ

Дар васфи табиат, бахусус, арӯси фаслҳо -  баҳор адибони салаф ва муосир ашъори зиёде бахшидаанд. Ва табиист, ки ҳар адиб аз мушоҳидаву эҳсос ва мувофиқи завқу шавқу салиқа, истеъдоду қобилияти фаҳмиши худ қалам ба сафҳаи дафтар кашида. Масалан, дар тасвири табиат...

барчасп: 

Рақс ва суруд дар фарҳанги мардуми Куриё

Мардуми Куриё мисли мардуми тоҷик бо фарҳанги куҳан ва тамаддунофари хеш аз қадим маъмулу машҳур мебошанд ва санъати иҷроӣ ҷузъи муҳимтарини ин фарҳанг маҳсуб меёбад. Агар гӯем, Куриёро наметавон бидуни санъаташ тасаввур кард, ғалат намекунем. Зеро суруд ва мусиқии Куриё натанҳо...

барчасп: 

Бозтоби масоили об ва ҳифзи пиряхҳо дар матбуот

Дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола иду ҷашнвораҳо дар сатҳи баланд доир карда мешаванд. Азҷумла санаи 17-уми марти соли 2023 дар муассисаи мазкур бо ибтикори шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр мизи мудаввар дар мавзуи «Масълаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар матбуоти даврии тоҷик» баргузор гардид...

барчасп: 

Натиҷагирии сафари хидматӣ аз мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон (дар мисоли синфхонаи санъати рассомӣ)

Бо мақсади  омӯзиш ва баррасии барнома, нақша, рафти таълиму тарбия, дастурҳои  методӣ  ва китобҳои дарсии замони истиқлол дар муассисаҳои санъати бачагонаи ҷумҳурӣ ҳайати ходимони илмии шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ноҳияи Муъминободи Вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом додем...

барчасп: 

Чашмаи табобатии “Қӯтурбулоқ”

Эҳтиром ба об ҳамчун як унсури табиат ва муқаддас донистани он аз қадимулайём сарчашма мегирад. Зеро вай асоси зиндагии тамоми мавҷудоти рӯи замин мебошад. Гузаштагони мо хусусан оби чашма, дарё ва кӯлҳоро муқаддас медонистанд. Дар қиссаву ривоятҳои зиёде нақл карда мешавад, ки гӯё оби чашмаҳои муайян чашми нобиноро бино мекунад, мӯйсафедонро ба ҷавонӣ бармегардонад, ба занҳои бефарзанд фарзанд ато мекунад, хулоса дардҳои мухталифро даво мебахшад. Имрӯз низ чунин эътиқодҳо ба назар мерасанд...

барчасп: 

Оши бурида – таоми миллии тоҷикон

Оши бурида аз ҷумлаи он таъомҳои  миллии қадимаи халқи тоҷик мебошад, ки таърихи дерина дорад.  истеъмоли оши бурида дар чаҳор фасли сол маъмул  аст. Аммо, мардуми тоҷик оши буридаро бештар дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд. Чунки дар ин аём гиёҳҳои табиии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок асосан аз  гиёҳҳо таркиб ёфта, ба худ хусусияти шифобахшӣ доранд, ки ба ҷисму рӯҳи инсон қувваву нерӯи тоза мебахшанд. Истеъмоли оши бурида бо навъҳои гуногуни гиёҳҳо лаззати нотакрореро пайдо мекунад...

барчасп: 

Страницы