Доир ба ҳусну қубҳи забони матбуот

Дар давоми зиёда аз сад соли охир, дақиқтараш дар муддати 105 соле, ки матбуоти тоҷик арзи вуҷуд дорад, забони матбуот низ ҷузъи муҳими забони адабӣ гардидааст, яъне дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик рўзноманигорӣ равияи нисбатан навест, ки дар ибтидои қарни гузашта ба миён омада такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл шакл мегирад. Ҳарчанд дар солҳои охир забони матбуот дар байни олимони забоншинос ва умуман муҳаққиқону аҳли илму адаб баҳсҳои зиёд ба вуҷуд овардааст, аммо матбуот ҳамчун шакли классикии васоити

барчасп: 

Вазири фарҳанг: Аз 450 рӯзномаву маҷаллае, ки ҳоло дар кишвар чоп мешавад, 275 тои он ҷамъиятиву хусусист

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, баъди зуҳри имрӯз дар бинои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ бо суханони муқаддимавии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз шуд.

Дар бораи ин ҷаласа матлабе хоҳем дошт. Аммо ҳоло суханронии ифтитоҳии Вазири фарҳанг, ки худ як таҳлили фарогири вазъи матбуот дар кишвар ва дурнамои он мебошад, пешкаши шумо мегардонем.

барчасп: 

Рӯзе баъд аз “Рӯзи Модар”: Сурудаҳои наву куҳан дар ситоиши модарон

Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
***   ***   ***
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

барчасп: 

Баҳси матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир дар Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг

Дар Мизи гирде, ки субҳи имрӯз дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, масоили марбут ба матуботи даврӣ ва таҳлили мушкилоти замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар суханони ифтитоҳии худ ёдрас шуд, ки Мизи гирд дар остонаи рӯзи матбуот – 11-уми март доир мешавад ва ҳадаф аз он муруре ба вазъи матбуот ва инъикоси масоили мубрами рӯз дар расонаҳои кишвар аст.
Зиннатуллоҳи Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзуъи

барчасп: 

Анонс: Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг бахшида ба рӯзи матбуот

Фардо, 7-уми март дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мизи гирд дар мавзўи
«Матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир» баргузор мешавад.
Оғоз соати 10:00
Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев 17, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ошёнаи 2).
Шумораи телефони Кумитаи тадорукот: 233-58-84

Вопасин каломи Лоҳутӣ

Бону хеле мехост, ки вопасин каломи Лоҳутиро бидонад. Суханони охирини дами ӯ барои Бону воқеъан, як ниёзи ботинӣ буд. Агар Лоҳутӣ он суханро ончунон ки парастор мегӯяд, ба забони худ гуфта бошад, пас, ӯ гумон мекард, ки ман дар он лаҳзаҳо дасташро мефишурдам ва бинобар ин, ба забони модарии худ сухан гуфта, то фақат ман сухани ӯро бифаҳмам. Шояд ин як роз аст. Агар роз набошад, магар наметавонист ба забони русӣ бигӯяд? Пеш аз ин бо парастор ба забони русӣ сухан мегуфт-ку?!

барчасп: 

Пажуҳиши равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аввалин натиҷаи таҳқиқоти худ дар мавриди равандҳои иннноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг (солҳои 2016-2020)-ро расонаӣ кард.
Бо мақсади омўзиши равандҳои инноватсионии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ вазъи воқеии муассисаҳои китобдорӣ, марказҳои библиографӣ ва иттилоотии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таҳқиқот нишон дод, ки раванди инноватсионӣ

барчасп: 

Алиакбари Деҳхудо - сипаҳсори адаби порсӣ

То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳии тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Алиакбари Деҳхудо
рӯзноманигор, нависанда, танзпардоз, мутарҷим, муҳаққиқ ва шоири адаби порсист. Дар Теҳрон ба дунё омад (1880); нуҳсола буд, ки падараш

барчасп: 

Страницы