ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАНОН

Имрӯз дар Пажӯхишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ доир гардид. Сухани ифтитоҳиро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, ҳама бонувони муассисаро ба Рӯзи Модар табрику муборакбод намуд.

барчасп: 

ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ РАШТ (натиҷаи таҳқиқ)

Дар заминаи омӯзиши маводи бойгонии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт (минбаъд МИҲД) маълум гардид, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори МИҲД-и ноҳия ва дастгирии молиявии соҳибкорони маҳал дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ як қатор корҳои назаррасу шоёни таҳсин амалӣ шудаанд...

барчасп: 

ВАТАН-МОДАР. АРЗИШЕ БАРОБАР БА ҶОН, БАЛКИ БЕШ АЗ ОН

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

барчасп: 

ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЁТҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ДАВРОНИ ИСТИⱩЛОЛ

Аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, дар доираи мавзӯи илмии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол», аз ҷумла рушди кори интишорӣ дар ҷумҳурӣ, яъне, вазъи фаъолияти интишории муассисаҳои табъу нашри кишвар дар тӯли солҳои 1991-2021, мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

барчасп: 

Табрикоти солинавии Абдулфаттоҳ Аминов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Ҳамкорони арҷманд! Дар соли 2022   воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатамон рӯй доданд, ки муҳимтаринашон 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

барчасп: 

АРЗИШҲОИ МОДДИЮ МАЪНАВИИ ФАРҲАНГӢ: АЗ ҲИФЗ ТО ФЕҲРИСТҲОИ ЮНЕСКО

27-уми декабри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони “Арзишҳои моддию маънавии фарҳангӣ: аз ҳифз то феҳристҳои ЮНЕСКО” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма  ширкат варзиданд.

барчасп: 

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

Рӯзи 27-уми декабри соли 2022 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ҷаласаи васеъ гузаронида шуд.

барчасп: 

Страницы