Ҳамоиши “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” баргузор шуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар маърӯзаи худ “Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об” аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад

барчасп: 

Майсара Дилдорова-ҳунарманди нотакрор

Майсара ДИЛДОРОВА, ин сарояндаи мумтоз ва овозхони нотакрор соли 1944 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон дида ба олам кушодааст.
Майсара Дилдорова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум шуҳрати бемисл дорад.
Фаъолияти ҳунариашро соли 1955 дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ оғоз намудааст. Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарманди Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров буд.

барчасп: 

Ёддоште аз Сотим Улуғзода: Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ

Устод Айнӣ нияти сафари Бухороро дорад. Маро таклиф кард, ки дар ин сафар ба вай ҳамроҳӣ намоям.
- Икромӣ бо ман меравад, шумо ҳам равон шавед,-мегӯяд вай. Ман корҳои таъҷилӣ ба ӯҳда дорам, вақтам танг аст, аммо дилам ба сафар кашол! Охир дар Бухоро ва атрофи он ҷоҳои таърихӣ ва осори атиқа бисёранд, инчунин бештарини воқеаҳое, ки дар китобҳои Айнӣ тасвир ёфтаанд, дар он ҷоҳо мегузаранд, қаҳрамонони асарҳои вай ҳам дар ҳамон ҷоҳо амал мекунанд. Дерест ки орзуи саёҳати Бухороро дорам ва инак

барчасп: 

Соли наватон муборак!!!

Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот !
Лаҳзае чанд ин соли куҳан сипарӣ мешавад ва мову Шумо ба истиқболи Соли нав мешитобем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2017 муборакбод мекунем.
Бароятон хонаободӣ ва беҳтарину хуштарин хушиҳои дунёро таманно дорем.
Ин шеъри олими шинохта, шоири хубамон Нуралии Нурзод ва поёнсухан ба онро чун

барчасп: 

Шариф Комилзода: «Паёми имсола ҳуҷҷати муҳим ва фарогири дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад»

Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷамъомад доир гардид.
Дар суҳбат директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иброз дошт, ки Паёми имсола ҳуҷҷати муҳими стратегие мебошад, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ

«Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ»-ҳамоиш дар ПИТФИ

Пагоҳ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамоиш баргузор мегардад.
Дар суҳбат Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Бӯриев, директори Хонаи китоби Тоҷикистон ва Сироҷиддин Икромӣ,

Профессор Асозода: андешаву афкори маро аз китобҳоям ҷӯед

Субҳи рӯзи 24-уми декабри соли 2016 дар толори хониши ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони Донишгоҳ, адибони маъруф ва донишҷӯён маҳфили илмӣ-адабии “Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик” баргузор шуд. 

Маҳфил ба ифтихори 75-умин солгарди донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода бахшида шуда буд.  25-уми декабр агар ӯ дар ҳаёт мебуд, ҳафтодупанҷсола

барчасп: 

Даричаи ошноӣ бо Романс

Романс  (аз исп.romance-романӣ) асари  мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳо. Истилоҳи мазкур дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалан сурудҳои дунявӣ бо забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд). Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид.
Романс бо шеър нисбат ба суруд  робитаи зичтаре дошта, дар худ натанхо  хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки воситаҳои ифодаи алоҳида ва ҷузъҳои  оҳангию вазнии

барчасп: 

Страницы