Фаротар аз қайди чор девор

Замоне вай аз як деҳаи дурдасти куҳистони ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба пойтахти кишвар  омад, то дар мавриди ҳунарҳои мардумӣ корҳои пажӯҳишӣ оғоз кунад. Аз суҳбаташ  дарёфтам, ки барои расидан ба ҳадаф аллакай як бахши азими қаламрави кишварро тай кардааст ва бардоштҳои ҷолибу омӯзандаву олимона дар бораи ҳунарҳои мардумӣ  дорад.
Ин бону Лайло Носирова аст, корманди Пажуҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

барчасп: 

«Рақс моро муттаҳид менамояд»: фестивали чоррӯзаи байналмилалӣ ба ифтихори 100-солагии Ғаффор Валаматзода

Аз 20 то 24 ноябри соли 2016 бо иштироки гуруҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» баргузор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин ин фестивал бар асоси  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 ба ифтихори 100–солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор

барчасп: 

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон

Бегоҳии 17-уми ноябри соли равон дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зери оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури густардаи аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони пойтахти кишвар баргузор шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханони муқаддамотии худ ҳозиринро бо ифтитоҳи

барчасп: 

Анонс: “Марвориди Шарқ” дар Осрхонаи миллӣ

9-уми ноябри соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии «Муассисаи давлатии коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов», бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Марвориди Шарқ» намоиши асарҳои рассом Наргис Ҳамидова баргузор мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон оғози намоиш

Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Т оҷикистон 16-уми ноябр оғоз мешавад

Аз 16 то 20-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар оғоз қарор аст дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Қирғизистон ва ба дунболи он нишасти матбуотӣ бо иштироки ҷониби Қирғизистон доир гардад.
Рӯзи 17 ноябр соати 14-00 дар Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони

барчасп: 

Рисолати фарзанди асили миллат

Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Махсусан нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабор аз таърихи халқҳову миллатҳо муассирвоқеъ мешавад. Масалан, дар набардҳои мусаллаҳона ҳамон  лашкаркаше метавонад лашкарашро ба пирӯзӣ расонад, ки шуҷоъ ва тавоно бошад ва тавонад вобаста ба вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг иқдоми низомии дуруст намояд ва стратегияи мукаммалро ба кор гирад.

барчасп: 

Фарҳанги касб, харҷ ва нигоҳдории мол дар осори Фахруддини Розӣ

Хидмати намояндагони илму адаб дар рушду нумў ва такомули фарҳанги
пурғановати халқи тоҷик ва мардуми ҷаҳон басо олию назаррас буда, ҳар нафаре кўшидааст то баҳри бою ғанӣ гаштани маънавиёт ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазои худро бигзорад, зеро тамаддуни башарӣ аз маҷмўи тамаддунҳои халқи ҷаҳон иборат аст. Аз ҷумлаи олимони мазкур донишманд ва мутафаккири машҳури асри XІІ Фахруддини Розӣ (1148-1209) мебошад, ки аз худ осори гаронбаҳою арзишмандеро ба мерос гузоштааст. Осори ӯ саросар илмию фарҳангӣ ва панду ахлоқӣ буда

Асрори азалро на ту дониву на ман….

Асрори олами сағиру кабир, сирри вақту фазо ва ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда — аз нумўи гул то чаҳ-чаҳи булбул, аз ҳаракати сайёра то таркиши ситора ба назари аввал чунин менамояд, ки ҳамаи ин чизҳо содаанд ва ҳоҷат ба фикркунӣ ҳам нест. Вале дар асл ин тавр нест. Агар амиқтар нигарем, саросар муаммост ва то ин вақт барои инсоният фисади каме аз ин муаммоҳо ҷавоби худро ёфтааст. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни идрок — фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар Коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро

барчасп: 

Страницы