Ҳунаркада

Аз ҳунарҳои мардумӣ: КОРДСОЗӢ

Раванди сохтани корд чунин аст: тахтапўлодро дар оташи кўра сурх карда, ба болға кўфта ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр  пўлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда бо болға кўфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пўлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мўйина) дошта тунуктару ҳамвор мекунанд.

барчасп: 

Аз ҳунарҳои мардумӣ: БЎРЁБОФӢ

Вобаста ба бўрё дар байни мардум маросиме бо номи «бўрёкўбон» роиҷ мебошад. Бўрёкўбон ҳангоми ба хонаи нав  кўчидани оила созмон дода мешавад. Дар гузашта ин маросим ба монанди ҳашар баргузор мегардид. Соҳибхона дўстон ва наздикони  худро ба хона даъват мекард. Онҳо ба фарши хона бўрё андохта, аз  болояш гилему палосро паҳн карда, бо пойҳояшон мекўфтанд, ки ҳамвор шавад. 

барчасп: 

«ХОВАР»: Дар шаҳристони Ҳулбук маҳаллаи ҳунармандӣ ёфт шуд

Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он бозёфт гардиданд. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ ХОҶАЕВ  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ дод.

Ба маълумоти ӯ, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук яке аз

барчасп: 

Тибби халқӣ дар Тоҷикистон

Тибби халқӣ яке аз унсурҳои васеи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошт. Донишу таҷриба ва усулҳои мухтадифи табобат аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон дар асоси кашфи ҳодисаҳои табиат ва анвои гулу гиёҳҳо навъу усулҳои нави муолиҷа ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, лойдармонӣ, дуохонӣ, рўҳфурорӣ, мумиёдармонӣ, шулукдармонӣ, дилбардорӣ ва амсоли инҳо. Табибони мардумӣ асоси ҳама гуна

барчасп: 

Тақлиди ошпазӣ дар рақс

Дар рақси яккаи занона, ки дар базму маъракаҳои занонаи водии Кўлобу Рашт баргузор мегардад, дар он тарзи таҳия ва пухтани оши бурида таҷассум меёбад. Иҷрокунанда ба арзи шартӣ ашёи ошбурӣ: тахтаву тираки ошбурӣ, суфра, элак ва дегро тасвир мекунад. Ў бо куртаи дароз, дар сараш рўймоли калон партофта, нисфи поёнии рухсораашро бо нўги рўймол пинҳон медорад. Раққоса қадамҳои хурд-хурд гузошта, пои росташро мувофиқи зарби доира ба замин оҳиста-оҳиста мезанад.

барчасп: 

Масхара дар рақс

Мазмуни ин рақс мазҳакомез буда, дар он вохӯрии аспсавор дар роҳ бо як зани ношинос нишон дода шудааст. Аспаксавор бо аспи чубин аз ин тараф аз он тарафи зани ношинос  рақскунон чарх мезанад, ва кушиш мекунад, ки  рўйи занро бинад. Марди дуюме, ки нақши занро иҷро менамояд бо тамоми маҳорат рўйи худро бо рўймоли калон пинҳон карда, ба аспсавор нозу карашма мекунад ва баътар бо ў ба рақс медарояд.

барчасп: 

Ҳафтод соли Асалбек Назриев

Асалбек Назриев яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар аст, ки аввали моҳи ҷорӣ ба синни мубораки 70 қадам ниҳод. Бинандагони оинаи нилгун бештар ӯро дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дидаанд, ҳарчанд дар офариниши нақшҳои ҷиддӣ маҳорати бештар дорад. Ва боре ба хабарнигори “Рӯзгор” гуфта буд, ки мехоҳад саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия кунад, вале ҳаҷвнавис надорем. Маълум мешавад, ки майлаш ба ҳаҷв бештар аст.
Асалбек Назриев 3 декабри соли 1948 дар деҳаи Бадрўшони ноҳияи Рўшон таваллуд

барчасп: 

Страницы