Ҳунаркада

Хушнависон ва хаттотони машҳури форс-тоҷик

АСАДУЛЛОҲИ ШЕРОЗӢ, соли таваллудаш номаълум, хаттот ва хушнависи эронӣ. Муҳаммадшоҳи Қочор ба ў лақаби «Котибуссултон» дода буд.
Асадуллоҳи Шерозӣ хатро бештар бо рангҳои гуногун навиштааст. Аз навиштаҳои ў намунаҳо боқӣ мондаанд, ки нусхаи «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Аттор (китобаташ 1938) аз ҷумлаи онҳост.
  Соли 1851 аз олам даргузаштааст.
***   ***   ***   ***

барчасп: 

Абармардони созу наво: БОРБАДИ МАРВАЗӢ

Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аст. Хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надошта. Ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард.
     Борбад (тақр. 585 – 89, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмўи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ аст. Вай бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.

барчасп: 

Гиреҳ, яъне чӣ?

     ГИРЕҲ - навъи нақш дар санъати меъморӣ ва ҳунармандӣ, ки мувофиқи нусхаи асл нақшҳо бо ҳам пайвасту такрор меоянд. Ҳунари гиреҳбандӣ дар асрҳои IX – XIX дар Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Тунис, Марокаш, Қафқоз маъмул буда, хусусан асрҳои XII – XYI дар Осиёи Миёна ривоҷ ёфтааст.
     Мақбараи Мирсаид Баҳром (Кармина), корвонсарои Работи Малик (Хева), Афросиёб (Самарқанд), манораҳои Вобканду Ҷарғон, Манораи Калон (Бухоро), мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ, Шердор, масҷиди Бибӣ Хонум, аксари биноҳои маҷмааи Шоҳи

барчасп: 

Страницы