Созу наво

Саидқул Билолов

Аз ҷумлаи сарояндагони навсаро ва соҳибмактаб аст. Ҳарчанд намояндаи мардум дар парламон буд ва сарварии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маълумот, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро ба ӯҳда дошт, аз курсии парламон боз ба ҳамон дастаи “Дарё” баргашт, вале рӯ ба сиёсат наовард. Ҳатто замоне ҳам, ки парламоннишин буд, ҳарфаш бӯи сиёсат надошт.
     Мавлудаш 5-уми декабри соли 1953 будааст ва макони таваллуди ӯ ноҳияи Данғара. Вале касе нашунидааст, ки аз данғарагӣ будан нозад. Худро шахсияти эътирофшуда

барчасп: 

Созҳои мусиқӣ: Барбат

БАРБАТ, сози қадимаи тории захмавии мусиқӣ аз ихтирооти мардуми эронинажод. Барбат аслан калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ду калима – «бар» (ба маънои сина, паҳлу) ва «бат» (мурғобӣ) таркиб ёфтааст. Косаи барбат бар тақлиди синаи мурғобӣ (дастааш кӯтоҳ) сохта шудааст. Аввал чунин навъи барбат маъмул буда, дар аҳди хилофати араб онро барбати шабутӣ (дастакӯтоҳ) меномиданд.
Барбат дар замони салтанати Сосониён дар байни арабҳо шӯҳрат ёфт. Аввалин арабе, ки ин сози мусиқиро ба кишвараш бурда, навохтани онро ба ҳамдиёронаш ёд дод,

барчасп: 

Страницы