Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” тозатарин китобест, ки Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нашриёти “ЭР-граф” бо сифати баланд рӯйи чоп овард. Ва чуноне аз номаш пайдост, дар он номгӯи осори бадеӣ ва публитсистии адибони тоҷик, афкору андешаи олимону рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон бахшида ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феҳристнигорӣ шудааст.
Дар ҳар давру замон дар осмони илму фарҳанги ҳар як халқу миллат симоҳои пурзиёву барҷастае зуҳур менамоянд, ки боиси тобдору пурҷило гаштани оинаи тамаддуни инсонӣ мегарданд.
Бешубҳа, агар мо бастакори машҳуру шинохта Талабхӯҷа Сатторовро яке аз ситораҳои намоёни олами мусиқию фарҳанги тоҷик шуморем, хато нахоҳем кард. Мавсуф солҳои зиёд барои ривоҷу равнақ ва бою рангин намудани олами зебою пурнафосати мусиқии касбии тоҷик талошу эҷодкориҳо дошт. Афсус, ки марги нобаҳангом айёми пурҷӯшу
Рубоби бадахшонӣ, сози мусиқии торӣ мизробиест, ки дар асрҳои 17-18 дар Бадахшон ба вуҷуд омада дар дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро хеле маъмул гардид.
Тахмин меравад, ки сози мазкур дар асоси уд ё тори қафқозӣ (аз ду косахона иборат аст) ба вуҷуд омадааст: аз рўи садо ва системаи пардивию торӣ ба барбат (уд) шабоҳат дорад.
Рубоби бадахшӣ дар гузашта чун сози якканавозӣ истифода мешуд ва дар ансамблҳои
Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимми ҷозибаноки осори Саъдӣ дар тарзу усули муоширати байни симоҳои офаридаи ўст. Шайх Саъдӣ ба ин аркони гуфтор санъату маҳорати баланди суханофаринишро ба харҷ додааст. Мусоҳибаи симоҳои ҳикояҳои Саъдӣ дар мавриду ҳолатҳои мухталифи равонӣ ба вуқуъ мепайвандад. Мутафаккир бештар усули муколамаро истифода бурда, дар аксар маврид худ ҳамчун (сомеъ) шунаванда, шоҳид ё мусоҳиб амал мекунад.
Ҳамчунин образҳои офаридаи мутафаккир ба ҷуз одамӣ, ҳайвоноту наботот низ ҳастанд
Ғижак, сози торӣ-камончадорӣ мусиқист, ки дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз маъмул аст. Ғижак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо унвонҳои гуногун маъмул буд. Онро тоҷикон ғижак, озариҳову арманиҳо кеманча, афғонҳо дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд. Муҳақиқон таърихи пайдоиши ғижакро ба асрҳои 9-10 нисбат медиҳанд. Ханўз дар асри 15 Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз садои дилнавозӣ ғижак ба ваҷҳ омада дар бораи садои ғижаку ғижакнавоз чунин гуфтааст:
Кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ва¬зорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ПИТФИ) дар соли 2015 пажўҳишҳои илмиро бо назардошти ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии соҳаи фарҳангу ҳунар, тибқи талаботи мавзўи илмии “Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангию иҷтимоӣ (солҳои 2011 – 2015)” № 01011 ТД 066 роҳандозӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои “Созмондиҳии бойго¬нии иттилоотӣ оид ба фарҳанг” (барои солҳои 2013-2015) ва «Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии захираҳои иттилоотии ҳуҷҷатишудаи халқи тоҷик»
Абўалӣ ибни Сино, ки дар Машриқзамин ҳамчун «Шайхурраис», дар мамолики Араб бо номи «Амирултабъ» ва дар кишварҳои Аврупо бо унвони «Авитсенна» низ ёд мешавад, аз зумраи дурахшонтарин ситораҳои фазои тамаддуни умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ў на фақат ба ҳайси маъруфтарин донишманд, файласуфи нозукбин ва мумтозтарин ҳакиму табиб, балки ҳамчун равоншинос, риёзидон, беҳтарин омўзгори мантиқ, ситорашинос ва ниҳоят шоир ва мусиқидон шинохта шуда аст.
Дар фолклори тоҷик нақлу ривоятҳои зиёде оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолият
«Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».
Эмомалӣ Раҳмон