ТАҲҚИҚИ ПУБЛИТСИСТИКАИ НАВИСАНДА
Чоп шуд: 07/12/2023Дар ҷаҳони муосир аҳамияти публитсистика барҷаста буда, нақши публитсистон дар бозтоби воқеияти замон бориз мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣбунёдкориҳои азим, аз қабили тармиму таҷдиди роҳҳо, кандани нақбҳо, бунёди неругоҳҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, тиббӣ, корхонаҳои азим ва амсоли инҳо анҷом пазируфта, дар зимн Тоҷикистон ба кишвари амнтарини сайёра табдил ёфт.
ПАРЧАМ – РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 24/11/2023Иштироки мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ дар Форуми Xl-уми фарҳангҳои муттаҳид
Чоп шуд: 22/11/2023РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ШИНОХТИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ
Чоп шуд: 16/11/2023Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда 16-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои фарҳангӣ” баргузор гардид.
ҶОЙГОҲИ ЧИЛУЧОРЧАШМА ДАР РИВОЯТҲОИ МАРДУМӢ
Чоп шуд: 08/11/2023Имрӯзҳо мушкилоти норасоии об ва тағйирёбии иқлим проблемаи глобалӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола инҷониб ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти ҳифзи об пешниҳод ва татбиқ карда истодааст, ки эътибору эътирофи давлати моро боз ҳам баландтар мебардорад.
ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Чоп шуд: 03/11/2023«Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».
КОНСТИТУТСИЯ – ҲАМЧУН САНАДИ МУҚАДДАС
Чоп шуд: 03/11/2023Рӯзи 03.11.2023 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавиро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва барои миллати тоҷик муҳим таҳният намуд.
ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ХУҶАНД ВА НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ (аз натиҷаи таҳқиқот)
Чоп шуд: 03/11/2023Тибқи нақшаи корӣ кормандони шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ дар доираи лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (солҳои 2021 – 2025) вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор доданд.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- 14
- 15
- 16
- 17
- …
- следующая ›
- последняя »