Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд, нақш ва фаъолияти он дар рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Чоп шуд: 23/12/2024Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои муҳими таълимии фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Бо таърихи таъсиси худ дар соли 1952, мактаб барои рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз ин мактаб на танҳо ҳамчун маркази таълими мусиқӣ, балки ҳамчун макони ҳифз ва рушди фарҳангӣ амал мекунад...
ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ҲУНАРИ КУЛОЛӢ ДАР МАКТАБҲОИ САНЪАТИИ БАЧАГОНА (Дар мисоли шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ)
Чоп шуд: 23/12/2024Кулолӣ яке аз касбҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Онро як навъ санъат номидан мумкин аст, ки ба воситаи пухтани лой ва маҳлулҳои дигари лозима ба даст оварда мешавад. Тибқи ривоятҳо хок ва сафол дар ҳаёт мавқеи махсус дорад ва аз нигоҳи таърихӣ гилро инсоният бештар истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, кулолӣ ҳамчун пешаи қадимтарин амал карда, то замони мо омада расидааст...
САҲМИ НАШРИЁТИ «ИРФОН» ДАР ЧОПИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ОН
Чоп шуд: 18/12/2024Як самти дигари басо муҳимми фаъолияти нашриёти «Ирфон» баъди солҳои 2000-ум чопи асарҳо дар бораи Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти гуногунҷанбаи он мебошад. Дар ин самт низ нашриёт як қатор асарҳои мондагор ба табъ расондааст. Аз ҷумла, дар ин самт соли 2000 нашриёт китоберо таҳти унвони «Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!» (Душанбе: Ирфон, 2000. – 160 с.) ...
НАҚШИ НАШРИЁТИ «ИРФОН» ДАР ЧОПИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Чоп шуд: 18/12/2024Умуман, баъди солҳои 2000-ум як самти муҳимми фаъолияти нашриёти «Ирфон» чопу дастраси умумӣ гардондани асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, соли 2001 аз тарафи муассиса китоби Сарвари давлат таҳти унвони «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (Душанбе: Ирфон, 2001. – Ҷ. 1. 512 с.; Ҷ. 2. – 512 с.; Ҷ. 3. – 702 с.) ...
Рушди санъати рассомӣ дар МД “ Мактаби саъати бачагонаи ба номи А. Назаров”-ӣ н. Шаҳринав ва МД “ Мактаби санъати бачагонаи ба номи С. Ҳамроев”-и ш. Ҳисор
Чоп шуд: 18/12/2024Бо мақсади омӯзиш ва баррасии вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор сафари хидмати анҷом додем. Сараввал аз вазъи таълим дар МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи А. Назаров” - ӣ ноҳияи Шаҳринав коррро оғоз намудем. Бо роҳбари муассиса Шарипов Қудратулло ҳамсуҳбат шуда оид ба вазъи муассиса суҳбат кардем. Бинои ин муассиса соли 1981 сохта шуда аз 7 (адад) синфхонаи иборат аст...
РУШДИ САНЪАТИ РАССОМӢ ДАР МД “МАКТАБИ КӮДАКОНАИ САНЪАТИ” ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Чоп шуд: 18/12/2024Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Қавм ё миллате нест, ки бидуни фарҳанг арзи ҳастӣ карда бошад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, натанҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар минтақаҳои дунё тавассути санъати волояш шинохта шудааст. Санъати рассомӣ низ яке аз шохаҳои фарҳанги миллӣ аст, ки дар он олами ҳастиро метавон дарҷ кард...
МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҲУНАРИ ЧАКАНДӮЗИИ МАРДУМИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН (дар мисоли чакандӯзи бомаҳорат Мирзоева Нигорбӣ)
Чоп шуд: 18/12/2024Ҳар як халқу миллат дорои тамаддун, урфу одат ва фарҳанги либоспушии хоси худ мебошад. Либосҳои миллии тоҷикон дар асл чакан, атлас, адрас, гулбаст, ҳали, карбос ва ғайраро дар бар мегиранд, ки муаррификунандаи фарҳанги миллии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз либосҳои қадимии тоҷикон чакан аст, ки имрӯз ҳамчун намунаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори дигар арзишҳои фарҳангӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гардидааст...
“НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ФАРҲАНГ”
Чоп шуд: 11/12/2024Таҳти ҳамин унвон санаи 11-уми декабри соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ходимони илмии ПИТФИ иштирок доштанд...
Страницы
- 1
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- …
- следующая ›
- последняя »