ПАЖЎҲИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — ПИТФИ) зодаи даврони истиқлол буда, бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1997, таҳти рақами 2/22 дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ таъсис ёфтааст.

Баъд аз таъсисёбӣ, тибқи Оиннома, ба зиммаи ПИТФИ иҷрои чунин вазифаҳо вогузор карда шуд:

— таҳқиқи самтҳои муҳимтарини бунёдӣ дар соҳаи фарҳанг ва ба даст овардани натиҷаҳои илмие, ки барои рушди фарҳанг аҳамияти муҳим дошта, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа мусоидат менамоянд;

— таҳияи тавсияҳои илмӣ барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар ва иттилоот;

— омўзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот, мусоидат барои истифодаи мукаммали онҳо;

— таҳияи пешниҳодот, нақшаҳои дурнамо, консепсия, барнома ва лоиҳаҳои илмӣ оид ба рушди самтҳои мухталифи соҳаҳои фарҳанг ва иттилоот;

— тарбияи кадрҳои илмии дорои ихтисоси фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, сиркшиносӣ, китобшиносӣ, китобхона-шиносӣ, библиографияшиносӣ, осорхонашиносӣ бостоншиносӣ, бойгонишиносӣ, мардумшиносӣ, фароѓатшиносӣ ва барои дарёфти унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ;

— таълим ва тайёр намудани магистрантҳо, унвонҷўён, аспирантҳо, докторантҳои ватанию хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳангу ҳунар ва иттилоот;

— гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ.

ПИТФИ аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш, бо дарназардошти вазифаҳои оинномавиаш, дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гирифта, доир ба таҳқиқи масоили мубрами таъриху методология, назарияю амалияи илмҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, рақсшиносӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, иттилоотшиносӣ, осорхонашиносӣ ва омўзиши фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, мероси фарҳанги моддӣ ва ѓайримоддии халқи тоҷик корҳои илмӣ-тадқиқотиро роҳандозӣ кард. Ҳамзамон, чиҳати таъмини муассисаҳои таълимии соҳа бо барномаву дарсномаҳо ва маводи таълимиву услубӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар тарѓибу муаррифии намунаҳои арзишманди фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат намуд.