Муаррифии “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” дар як ҳамоиш

Дирӯз дар ҳамоиши “Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик”, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, китоби “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” низ муаррифӣ шуд.
Ҳамоиш бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишомӯзон баргузор шуд ва масоили зиде, ки ба мероси ғайримоддии миллат иртибот доштанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин Конфронс Шариф Комилзода-Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавзуъи “Омӯзиши мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар”, профессор Аслиддин Низомов дар мавзуъи “Шашмақом намунаи олии пайванди шеъру мусиқӣ”, номзади илми санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов роҷеъ ба масоили методологии пажуҳиши эҷодиёти эпикии халқи тоҷик, профессор Фароғат Азизӣ оид ба жанри фалак ва намудҳои он, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар мавзуъи “Таҷрибаҳои кормандони ПИТФИ дар таҳияи номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” суханронӣ карданд.
Баъди муаррифии “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” атрофи он табодули афкор сурат гирифт ва донишмандон андешаҳои худро барои боз ҳам комилтару пурратар шудани нашрҳои ояндаи китоб иброз доштанд.
Дар поён филме, ки роҷеъ ба фарҳанги ғайримоддӣ бардошта шудаву дар он дар бораи мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” “Нақш” ва ғайра ибрози назар карда мешавад, намоиш дода шуд.

барчасп: